Дипломи озмуни «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол» ба корманди Китобхонаи миллӣ

Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»- Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба «Рўзи китоб« -  4 сентябр аз санаи 25 июн то 20 августи соли 2020 Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор,  китобхона ва китобхонаи шахсии сол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020-ро баргузор намуд. То  20 августи соли 2020 ба унвони Кумитаи тадорукоти Озмун 44 ариза аз рўи номинатсияи «Китобдори сол», 35 ариза аз рўи номитатсияи «Китобхонаи сол» ва 32 ариза аз рўи номинатсияи «Китобхонаи шахсии сол» бақайд гирифта шуд.

Аз ҷониби Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон сармутахассиси шуъбаи нигаҳдории китоб Ҷамил Валиев дар ин озмун ширкат варзида ба диплом мушарраф шуд.

Валиев Ҷамил Аминович дастпарвари Донишкадаи давлатии  санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад. Ӯ чандин солҳои ҳаёти бобаракати хешро баҳри рушду нумўи соҳаи китобдории мамлакат сарф намуда, аз соли 1999 фаъолияти кории худро дар Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ аз методисти дараҷаи аввал оғоз карда, то ба ҳайси сардори шўъбаи илмӣ-таҳқиқоти, маълумотдиҳии библиографӣ, мушовири директори  ин даргоҳ расидааст.

Вай ҳамчун мутахассиси соҳа ба омўзиши таҷрибаи пешқадами китобдорони китобхонаҳои давлатҳои ИДМ пардохта, онро дар китобхонаҳои Тоҷикистон ҷорӣ намуд ва дар рушду нумўи соҳаи китобдории кишвар саҳми муносиб гузошт. Маҳз бо кўшиши ў ҷо-баҷокунии нуқтаҳои китобхонаҳо дар маҳалҳо ва мутамарказонидани маҷмўи китобхонаҳои мамлакат ба сомон расонида шуд, ки дар натиҷа фароҳамоварии махзани китобхонаҳо, ташаккули дастгоҳи маълумотдиҳию библиографӣ, ҷалби хонандагон ба китобхонаҳо ва роҳбарии корҳои методӣ равнақ дода шуд.

Бо саъю кўшиши ў як қатор дастуруламалҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва тавсияномаҳои соҳаи китобдорӣ ба тавсиб расиданд, ки имрўз ба онҳо китобдорон такя ва кор мебаранд. Ў силсилаи дастурҳои гуногуни методию библиографӣ бахшида ба шоиру нависандагон, ҷашнвораҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ, Китобхонаи электронӣ, Истифодаи навгониҳои соҳаи китобдорӣ тавассути технологияи иттилоотии муосир, китобномаҳои шарҳиҳолии Назаров Талбак Назарович, Нурҷонов Низом Нурҷонович ва ғайра таҳия намудааст, ки онҳо дар тарбияи худшиносию худогоҳи ва ваҳдати миллӣ ҳамчун сарчашма ба хонандагон мусоидат менамоянд.

Дар муддати фаъолияти  кори хеш ў 120 асарҳои илмӣ, илмию методӣ ва библиографӣ таҳия намдуа, зиёда аз 200 мақолаҳо оид ба таҷрибаи кори китобдорону китобхонаҳоро ва мавзўъҳои гуногуни мубрами рўз дар матбуоти ҷумҳурӣ ва кишварҳои ИДМ чоп намуда аст.

Ў «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон», дорандаи унвони «Китобдори соли 2015», «Китобдори беҳтарини Китобхонаи миллии Тоҷикистон 2018» ва ғайра мебошад. Имрўзҳо бо дастгири Раёсати Китобхонаи миллии Тоҷикистон баҳри пешрафти фаъолияти кори китобхонаҳо ва омода намудани мутахассисони пуртаҷриба дар  Муассисаи давлатии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва  санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳамчун омўзгор мутахассисони соҳибтаҷрибаро тарбия менамояд.

Номбурда дар чанди семинар, конфронсҳои байналмилалӣ кишварҳои ИДМ дар соҳаи китобдорӣ фаъолона ширкат варзидааст. Шогирдони ў дар зинаҳои роҳбарикунандаи соҳаи фарҳанг ва китобдорӣ кору фаъолият менамоянд.

Ҷамил Валиев иброз намуд, ки ин Диплом дастоварди тамоми аҳли кормандони Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад. Маҳз бо шарофати устодони пуртаҷрибаи соҳа Шариф Комилзода, Сайидалӣ Муҳиддинов, Бозорбой Холов, Ғуломзода Қурбон, Гадобек Маҳмудов, Ҷўрабой Раҷабов  ва дигарон ман нозукиҳои соҳаи китобдориро аз худ намудам. Имрўз  ман  сари таъзим  менамоям ба  собиқадорони   Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва устодони бузурги соҳа А.Раҳимов, Р.Шарофзода, Ҷ. Шерматов.,  А.Юнусов, С. Ғойбназаров., Х. Зиёёв, С.Одинаев  ва чанде дигароне, ки  бо мо нестанд”,- гуфт ӯ.

Барчаспҳо: