ИМРӮЗ БАҲОР ИНТИЗОРИ МАНУ ТУСТ... Шоири маъруфи тоҷик Салимшо Ҳалимшо 85-сола шуд
Нашр шуд 2021-02-16 16:40
Имрӯз шоири маъруфти тоҷик Салимшо Ҳалимшо ба синни 85-солагӣ расид. Дар муаррифии ӯ сомонаи расмии Иттифоқи нависандагон менависад: САЛИМШО ҲАЛИМШО 16 феврали соли 1936 дар деҳаи Риваки ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба ҷаҳон омада, маълумоти миёнаи ҳамагониро дар шаҳри Хоруғ фаро гирифтааст. Соли 1960 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ба ҳайси ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1960-1981), мудири шуъбаи назм ва муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (1982-1989), муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайванд» (1989-1991) ва мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.
Аз нимаи дувуми солҳои 60-уми асри мозӣ вориди майдони адабиёт гардида, бо нахустин маҷмӯаҳои ашъораш «Роҳи қуллаҳо» (1965) ва «Киштии Инқилоб» (1960) сазовори истиқболи гарми хонандагон шудааст.
Ашъори дар маҷмӯаҳои «Имзои Ленин» (1975), «Оинаи виҷдон» (1983), «Бурҷи Инсон» (1986), «Ҳафт хони Бадахшон» (1989), «Хонаи Офтоб» (2003), «Оби шаҳд» (2003), «Зодагони ҳафт тӯфон» (2006) интишорёфта, драмаи «Кабутарони сафед» ва ғайраи шоир лавҳаю лаҳзаҳои рангину пурифтихореро аз озодманишиву некандешӣ, меҳанпарастию башардӯстӣ, давлатсолорию ватандорӣ, покизарӯзгорию ҷавонмардии ниёконамон ҷилвагар месозанд ва хонандаро аз ҳиммати баланду таҷрибаи рӯзгори шарафманди эшон бархурдору баҳрабардор менамояд.
Намунаҳое аз ашъораш ба забонҳои украинӣ, русӣ, литвонӣ, озарӣ, чехӣ ва ғайра тарҷума ва чоп шуда, худаш намунаҳоеро аз осори адибони ҷаҳон ба тоҷикӣ гардондааст.
Хидматҳояш бо Ифтихорномаи Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон, унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1998) ва ордени «Дӯстӣ» (1997) қадршиносӣ ёфтаанд.
Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Чанд рубоӣ аз эҷодиёти устод Салимшо, ки шоири шинохта Ато Мирхоҷа субҳи имрӯз дар саҳифаи худ дар Фейсбук кошта буд:
Имрӯз баҳор интизори ману туст,
Садсола чинор интизори ману туст.
Хуршед, ки чашми пур зи меҳри фалак аст,
Бо дидаи меҳр интизори ману туст.
Бе чашмаву ганҷ кӯҳсоре набувад,
Бе савти ҳазор навбаҳоре набувад.
Он сон ки тамоми хонадони Рӯшон
Бе чангу дафу рубобу торе набувад.
Бигзор, ки Офтоб тобон бошад,
Бигзор, ки Моҳ партавафшон бошад.
Бигзор, ки ҳар рӯзи ҳаёти одам
Пурхандатар аз ғунчаи хандон бошад.
Сад муъҷиза дар баҳори пуросор аст,
Сад сози тараб ба шохи пур аз бор аст.
Бо ин ҳама муъҷизот дар рӯи замин
Шодии бузурги одамӣ аз кор аст.
Дар чорчаман гули суман мерӯяд,
Аз оташи сина ёсуман мерӯяд.
Бо меҳр агар назар бар оташ бикунӣ,
Дар шуълаи он гули Ватан мерӯяд!
Умри устоди шеър дароз бод!