Зи ту, устод, моро сарбаландист
Ҷойи зикр аст, ки саҳми устод бар таҳияи як қатор барномаҳои соҳаи китобдорӣ ва лоиҳаҳои соҳавӣ бениҳоят назаррас мебошад. Ў муаллифи беш сад китобу мақолаҳои илмӣ перомуни масоили китобдориву китобхонашиносӣ ва библиографияшиносӣ мебошад. Дар давоми фаъолияти худ оид ба пуррагардонӣ ва тарғиби фонди нигоҳдории китобхонаи мазкур, ҷалби хонандагон, ҳамкорӣ бо китобхонаҳои ҷумҳурӣ, ташкил намудани курсҳои такмили ихтисос барои кормандони китобхонаҳо диққати махсус додааст.
Шукўҳи рўзгоронӣ, устод,
Сафои илму ирфонӣ, устод.
Ту инсонро ба мақсад мерасонӣ,
Аҷаб хуршеди тобонӣ, устод.
Агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад, пас барои сабз гаштани таманнои инсон устод рамзи баҳор аст. Оре, бе устод кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу одамро дарк намояд. Дар ин маврид шоир чӣ хуб фармуда:
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Аз қадим бузургони илму адаб ба устод эҳтироми хоса дошта, дар мавриди зарурат ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд. Онҳо дар симои устод шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд. Устоди аввалин шахсест, ки ба инсон хату савод омўхта, дари бахту саодатро боз мекунад. Барҳақ, гузаштагони фозили мо ҳаққи устодро аз падар бештар донистаанд. Омўзгор шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикрии моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро кашф менамояд. Зиндагӣ бори дигар собит сохт, ки давлати муаллим тарбияи шогирдон аст. Ў аз пешрафт ва комёбии эшон ифтихор мекунад. Хушбахтона, дар мушкилтарин даврони рўзгори мо омўзгорон ҳамеша дар хидмати халқу Ватан қарор доштанд. Ҳарчанд ба шароити гарони зиндагӣ рӯ ба рӯ омадаанд, аммо ҷасурона дар бунёди манораи ақлҳо саҳми шоиста гузоштанд. Яке аз ҳамин гуна шахсиятҳо Аълочии фарҳанг, Аълочии матбуотӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи чандин ифтихорномаҳо, омўзгор, китобдор ва библиографшинос Маҳмудов Гадобек Буриевич мебошад.
Устод воқеан аз зумраи олимонест, ки қисми бештари умри хешро дар самти омўзишу таҳқиқ ва баррасии масъалаҳои илмӣ ва мушкилоти рўзмарраи соҳаи китобдорӣ сарф намудааст. Ў омўзгори асил, инсони поктинат, фурўтан, ҷиддию серталаб ва ҳалиму меҳрубон мебошад. Вай ҳамеша барои омўзонидани толибилмон мекушад, то ки онҳо босавод гарданд.
Ҷойи зикр аст, ки саҳми устод бар таҳияи як қатор барномаҳои соҳаи китобдорӣ ва лоиҳаҳои соҳавӣ бениҳоят назаррас мебошад. Ў муаллифи беш сад китобу мақолаҳои илмӣ перомуни масоили китобдориву китобхонашиносӣ ва библиографияшиносӣ мебошад. Дар давоми фаъолияти худ оид ба пуррагардонӣ ва тарғиби фонди нигоҳдории китобхонаи мазкур, ҷалби хонандагон, ҳамкорӣ бо китобхонаҳои ҷумҳурӣ, ташкил намудани курсҳои такмили ихтисос барои кормандони китобхонаҳо диққати махсус додааст.
Бо ташаббуси ў, барои кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ, ҳамоишҳои илмӣ-методӣ, роҷеъ ба ҳифзу истифодаи захираи китоб, созмон дода шуд, роҷеъ ба ин масъала вай дар семинарҳои ҷумҳуриявӣ гузоришҳо омода кард. Номбурда барои омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳа пайваста кўшиш менамояд. Ҳамзамон, дар рушду нумўи соҳаи китобдорӣ, бо маҳорату кордонии худ, саҳми арзанда мегузорад. Бо ташаббуси вай барномаи курсҳои такмили ихтисоси кўтоҳмуддати сайёр, барои китобдорони китобхонаҳои давлатӣ-оммавии ҷумҳурӣ, ташкил карда шуд.
Қобили зикр аст, ки Маҳмудов Г.Б. дар тамоми корҳои ташкилӣ- ҷамъиятии китобхона фаъолона ширкат меварзад. Ў барои баланд бардоштани фаъолияти китобдорӣ, савияи дониши кормандони китобхона, ширкати онҳо дар семинару конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии соҳаи китобдорӣ, саҳми бевосита дорад. Маҳз бо ибтикори ў, бахшида ба 85-солагии таъсиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон, конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, таҳти унвони «Роҳҳои тадбиқи инноватсия дар фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурии Тоҷикистон», ташкил карда шуд, ҳамзамон, дар чандин семинар ва конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, оид ба мавзўъҳои муҳимми соҳаи китобдорӣ, бо маърўзаҳо иштирок намуд.
Дар давоми фаъолияти корӣ Маҳмудов Г.Б. худро ҳамчун роҳбари кордон, соҳибтаҷрибаю баландихтисос нишон дод, ҳамеша ба тарбияи мутахассисони ҷавон эътибори ҷиддӣ медиҳад. Ў ба ҳамкорон, дар иҷрои вазифаи хизматӣ, кўмак намуда, ҳамчунин, нисбат ба иҷрои уҳдадориашон серталаб ва дар натиҷагирии супоришҳо масъулиятшинос мебошад. Иҷрои нақшаи кории шуъбаю бахшҳои китобхонаро таҳти назорати доимӣ қарор дода, аз ҳар як корманд иҷрои пурраи вазифаи хизматиро талаб менамояд. Дар баррасии масъалаҳо ва ҷамъбасти супоришҳо бевосита иштирок карда, хулосаҳои аниқу дақиқ пешниҳод менамояд.
Маҳмудов Г.Б. ҳамчун мутахассиси эҷодкор ва навовари соҳаи китобдорӣ, дар ташаккул ва рушди фарҳанги Тоҷикистон ҳиссагузор, ба ҳамкорон ва хонандагон хушмуомила мебошад.
Мавсуф, баробари фаъолият дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ҳамчунин, ба ҳайси дотсенти кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии ДДФСТ ба номи М.Турсунзода аз фанни «Библиографишиносӣ» ба донишҷўёну магистрон дарс медиҳад.
Шахсияти ин марди хоксору хирадманд, одилу инсонпарвар ва асилу сарбаланд басо ибратомўз аст. Ҳар гоҳе, ки бо устод ҳамсуҳбат мешавам, панд мегирам, чунки устод бисёр хотираҳои нек ва омўзанда доранд. Инчунин, қайд карданд, ки мо, омўзгорон, ҳамон вақт хушҳол ва хушбахтем, ки самараи корамонро дар шогирдонамон мебинем, ки барои Ватану миллати хеш хизмат менамоянд ва ҳамеша барои ободии Тоҷикистон саъю кўшиш мекунанд. Барои ҷуброни меҳнати пурмашаққату дили саршори меҳру муҳаббати бузурги муаллим аз осмон ситора овардан, аз қаъри замин ганҷ бурун овардан, куҳҳоро паст сохтан, замину замонро гулзор кардан кам аст кам...
Валиев Ҷамил – Корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Дар бораи Гадобек Маҳмудов боз метавовнед ин матолибро ҳам дар сомонаи Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед
Омўзгор ва муҳаққиқи библиографияшиносӣ
Гадобек Маҳмудов: Пастии сатҳи дониши аксари кормандони китобхонаҳои музофотӣ нигаронкунанда аст