«Камол дар оинаи тазкираҳо”. Аввалин китоб аз силсилаи камолшиносӣ чоп шуд

Аввалин китоб аз силсилаи камолшиносӣ бо номи «Камол дар оинаи тазкираҳо” дар шаҳри Хуҷанд чоп шуд. Бино навиштаи шоир Исмоил Зарифӣ       китоби мазкур аз 300 саҳифа иборат буда, дар асоси 77 сарчашма таҳия ва нашр гардидааст. Худи ҳамин 77 сарчашмаро дарёфтан ва варақгардон намудану ба хонанда пешниҳод намудани маводи лозимаи он заҳмати сангинест.

Дар арафаи 700-солагии шоир ва файласуфи бузург, ифтихори мо тоҷикистониён Шайх Камоли Хуҷандӣ МД «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» бо роҳбарии шоир ва олими ҷавон Баҳроми Раҳматзод  чопи силсилаи китобҳои камолшиносиро ба роҳ мондаанд ва ин китобҳо бо дастгирии   Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пайваста рӯи чоп меоянд.

Дар чопи китобҳои ин силсила ба ҳайати мушовара олимону донишмандони бузург Носирҷон Салимӣ, Фарзона, Аҳмадҷони Раҳматзод, Бадриддин Мақсудов, Фахриддин Насриддинов, Матлуба Хоҷаева, Умеда ва Замира Ғаффороваҳо, Абдуҷамол Ҳасанов, Нуруллохон Ғиёсов, Нуралӣ Нурзод, Тоҷибой Султонӣ ва Баҳром Мирсаидов пазируфта шудаанд.

 Китоби аввали ин силсила «Камол дар оинаи тазкираҳо” ном дорад, ки онро олимони ҷавон Иззатбек Шехимов ва Зоҳирҷон Юсупов ба чоп ҳозир намудаанд.

Китоби мазкур аз 300 саҳифа иборат буда, дар асоси 77 сарчашма таҳия ва нашр гардидааст. Худи ҳамин 77 сарчашмаро дарёфтан ва варақгардон намудану ба хонанда пешниҳод намудани маводи лозимаи он заҳмати сангинест.

Ин китоб туҳфаи хубест ба ҳаводорони ҳаёт ва эҷодиёти пурсамартарин эҷодкори бузург Камоли Хуҷандӣ дар арафаи ҷашни 700—солагии ӯ.

Исмоил Зарифӣ

Барчаспҳо: