Дар бораи шеъри фейсбукии як шоири фейсбукӣ

Шеъри дил ва шоири он

Ман бо Ибодуллоҳи Солеҳ ва шеъри ӯ дар фейсбук шинос шудам. Ба истилоҳи аҳли фейсбук мо дӯстони фейсбукӣ ҳастем. Онҳое, ки аз фейсбук хабар доранд ва аз он истифода мекунанд, шояд ба мушоҳида гирифтагистанд, ки дар ин солу замона фейсбук  ба майдони марказии ба намоиш гузоштани (past) навиштаҷоти фаровоне бо номи шеър бадал шудааст.

Онҳое, ки шеъру шеъргуна, ё чизҳои дар қолаби вазну қофия гуфтаашонро дар ин фарохмайдон кишт мекунанд, кистанд ва навиштаҷоти онҳо чистанд? Онҳо маъмулан касоне мебошанд, ки навиштаҳояшон дар воситаҳои чопии мавҷуда (рӯзнома, маҷалла ва ғ.) ё чоп нашудаанд ва намешаванд ва ё нашр гарданд ҳам,  каманд. Дар фейсбук гоҳ-гоҳе ном ва асрҳое низ ба назар мерасанд, ки онҳо муаллифоне мебошанд, ки навиштаҳояшон асосан дар рӯзномаву маҷалла ва китобу маҷмӯъаҳо ба табъ мерасанд.

Гумони яқин ин аст, ки ба фейсбук рӯй овардани шоирони “фейсбукӣ” ва “нофейсбукӣ” (агар чунин таъбир дар нисбати онҳо  раво бошад) сабабҳо зиёд дорад: 1. Имконоти фейсбук ва сомонаҳои интернетии дигар номаҳдуд аст нисбат ба воситаҳои чопии маъмулӣ. Ҳар чи дилатон хоҳад, ба ҳар андоза ва ба ҳар забону хате бошад, метавонед гузоред; 2. Дар як они воҳид, ба таври фаврӣ навиштаҷоти шумо барои ҳамаи алоқамандон дар тамоми гӯшаву канори дунё дастрас мегардад, аз он ҷумла барои хонандагони форсизабони Эрон, Афғонистон ва кишварҳои дигар.

Имконоти номаҳдуди фейсбук ва сомонаҳои интернетии дигар барои нашр ва тарғибу ташвиқи шеъру шоирӣ ҳамзамон бо хубиҳояш, мутаассифона, ҷанбаҳои манфӣ низ дорад. Дар он дар баробари намунаҳои шеъри нағзи шоирони воқеъӣ, монанди Абдуҷаббори Суруш, Исфандиёри Назар, Фирдавси Аъзам, Алимуҳаммади Муродӣ, Озар ва дигарон, навиштаҷоти хому норасо ва ғайриҳунарӣ низ зиёд ба назар мерасанд.

Дар миёни анбӯҳи зиёди номҳои нави шоирони фейсбукӣ ва шеърҳои фейсбукие, ки дар ин чанд соли охир аз Тоҷикистон кошта шуданд, намунаҳои нағзи навиштаҳои Ибодуллоҳи Солеҳ бо доштани маъниву мазмунҳои шоиронаи заминӣ,  бо содагӣ ва табии будани забону баён, эҳсосоти самимӣ фарқ мекунанд. Чунончи:

Пул ба дилҳо шуд Пули гирдоби ӯ,

Оби ҷӯяш дафзанон ояд ҳаме.

(“Бӯи ҷон ояд ҳаме”)

          ***

Кӯр гашта сатрҳо чун ҷӯяи нокиштаҳо,

Деҳқони табъи моро дафтару ашъор нест.

(“Андешаҳо дар танҳоӣ”)

           ***

Куҳнаколои ҳақиқатро дигар арзиш намонд,

Ҳам адолат, ҳам адоватро адӯ дуздиааст.

(“Дузди боинсоф”)

            ***

Тарки тарёки дилат кардам, хуморам мекушад,

То зи дай гардам ҷудо, ёди баҳорам мекушад.

(“Маро кушт”)

***

Китобе гар нашуд шеъри дили ман,

Катиба мешавад дар санги гӯрам.

(“Дили ман”)

***

Чун шаҳрванди фахрӣ бо авҷу сарбаландӣ

Дар сабзшаҳри қалбат то шаҳрёр бошам.

(“Шаҳрванди шаҳри ишқ”)

***

Арзи пул шуд дар самову қадри одам дар замин,

Ку тавоне қимати бозорро дигар кунем.

(“Дигар кунем”)

Ибодуллоҳи Солеҳ  агарчи дар қолабҳои шеърии гуногуни суннатӣ ва муосир, аз ҷумла ғазал, дубайтӣ, рубоӣ, арӯзи озод, чаҳорпора машқи шеър кардааст, дар сурудани ғазалу ғазалгуна ва хосса дубайтӣ барори бештаре дорад. Равшан аст, ки табъи шоирӣ ва андешаву эҳсосоти шоирии ӯ маҳз ба гуфтани ин навъҳои шеърӣ созгортар мебошанд. Чанд намуна аз дубайтиҳои ӯ:

Сабо ояд насими тозааш нест,

Ғами дилро ҳаду андозааш нест.

Дилам вайронашаҳру ишқ мамнӯъ,

Шиору парчаму овезааш нест.

***

Маро ҳар дам пушаймон мекунӣ, гул,

Маро аз худ гурезон мекунӣ, гул.

Ба дил корӣ гаҳе дарду гаҳе ғам,

Диламро киштгардон мекунӣ, гул.

***

Дилам сӯзад, ки дилсӯзе надорам,

Дигар ишқи дилафрӯзе надорам.

Бикуштам нафсро чун рӯзадоре,

Паи рӯзӣ вале рӯзе надорам.

***

Ғаму ваҳми аҷал дар сина дорам,

Аҷал аз ман, ман аз ӯ кина дорам.

Аҷал аз ман, ман аз ӯ мегурезам,

Ба ғайр аз зистан чора надорам.

***

Ту бо ман як нафас будиву рафтӣ,

Ҳавас будӣ, абас будиву рафтӣ.

Зи дунёи ҳавасҳои дили ман

Ту ҳам як булҳавас будиву рафтӣ.

***

Зи ёри худ гурезонӣ магар ту,

Шабеҳи боду боронӣ магар ту?

Гулафшон кардаву таркам намоӣ,

Баҳори Тоҷикистонӣ магар ту?

Дубайтиву ғазалу ғазалгунаҳои Ибодуллоҳи Солеҳ бештар  ба дубайтиву ғазалҳои шифоҳӣ (мардумӣ) монанд мебошанд, на ба дубайтиву ғазалҳои китобӣ. Дар онҳо таъбиру таркибҳо, лафзу маъниҳои мардумӣ кам нестанд. Чунончи:

Ҳоҷиё, поён надорад дарду ғамҳои ҷаҳон,

Як дами беғам биё, мо то дами мурдан занем.

(“Аз ғами ишқ”)  

***

Мурда-мурда зистам ман бар умеди рӯи ту,

То ғами ман мехурӣ ту, мехурад ғамҳо маро.

(“Ёри бепарвои ман”)

***

Тоҷикистон ватанам, ҷон ватанам, ҷон ватанам,

Намакат заҳр шавад бе ғами ту дар баданам.

(“Тоҷикистон ватанам”)

***

Ҳоҷиё, дар косаи заррин агар заҳрат диҳанд,

Мешавад позаҳр шеърат, гарчи дардат бедавост.

(“Қисмати мо”).

***

Замин сахту баланд ин осмон аст,

Миёни ҳарду ман истода ҳайрон.

(«Дубайтӣ»)

***

Сарам хоки раҳат бодо, маро дар нимараҳ мондӣ,

Худо пушту паноҳат бод, маро гар бепанаҳ мондӣ.

Нагаштам сер аз рӯят, вале гаштам зи ҷонам сер,

Туро ман тоҷи сар кардам, маро бар сар кулаҳ мондӣ.

(«Дилрезаҳо»)

Сарчашмаи адабиёти мардумӣ доштани навиштаҳои Ибодуллоҳи Солеҳ дар лутфҳои намакини онҳо низ падидор мебошад. Барои мисол:

Сад балову сад ҷафоро дида аз ҷаври фалак,

Ман чӣ созам, аз фалак ҳам ҷаври бадтар мекунӣ.

(«Шиква»)

***

Туро пайдо кунам авфат насозам,

Шавӣ ҳабси абад дар синаи ман.

(«Дили ман»)

***

Нашуд қонеъ дили сангат зи маргам,

Ки санге мениҳӣ рӯи мазорам.

(«Дубайтӣ»)

***

Ба ӯ дил додаму кардам фаромӯш

Даруни синаи ман ҳам диле буд.

(«Дубайтӣ»)

***

Ғами номеҳрубон хокистарам кард,

Магар хокистарам месӯзад аз нав?

(«Дубайтӣ»)

***

Ту ишқ анадар дили мо кушта рафтӣ,

Сари гӯраш биё, боре дуо кун.

(«Дубайтӣ»)

***

Ту ҷонам гӯиву озорӣ ҷонам,

Ба ҷони худ магар раҳме надорӣ?

(«Дубайтӣ»)

***

Дилам дар банди ишқи ту асир аст,

Дари бандат кушо, банди дилам сӯхт.

(«Дубайтӣ»)

***

Магар ишқат бувад оҳанрабое,

Ба ҳар сӯе равам, сӯи ту орад.

(«Дубайтӣ»)

***

Сияҳрӯе сияҳ кардаст номам,

Дар ин рӯи ҷаҳон рӯяш сияҳ бод.

(«Дубайтӣ»)

Маслаки асосии Ибодуллоҳи Солеҳ шоирӣ нест, муҳандиси ҳайвоншинос мебошад. Тавре ки аз суҳбати рӯбарӯе, ки дар ин охирҳо бо ҳам доштем, маълум гашт, аз даврони донишҷӯиҳояш дар солҳои 80-уми асри ХХ ба шеъру шоирӣ шавқ доштааст ва пайваста осори шоирони номдори гузашта ва муосирро мутолиа мекардааст. Ба ҳунари шоирӣ ва асрори шеъру шоирӣ аз ҳамин роҳ бохабар шудааст. Ӯ аз ҷилои сухани форсии тоҷикӣ, тобишҳои он, паҳлуҳои нозуки он, агар аз қавли Низомии Арӯзӣ бигӯем, аз  «даромаду беруншуди… дақоиқи сухан» хуб огоҳ аст. Шеърҳои зиёди вай аз ин шаҳодат медиҳанд. Чунончи:

Гар ту хонӣ хонаи дил Тоҷикистони маро,

Хонаи худ хон ҳамеша хонаву хони маро.

(«Тоҷикистони ман»)

***

Писанд аст шеваи мушкилписандаш,

Чу ӯ мушкилкушои мушкиле нест.

(«Ба Бедили Деҳлавӣ»)

***

Ҳар нафас дорам ҳавас, бошӣ ту бо ман ҳамнафас,

Дар нафасҳои пасинам чун ҳаво хоҳам туро.

(«Туро хоҳам»)

***

Шиква аз умрам надорам, шиква аз обу гилам,

Айб бошад, гар зи дуне шиква бар гардун кунам.

(«Ёди ту»)

***

Аз китоби умри ман байте намехонад касе,

Як-ду байте чун катиба дар мазорам мондааст.

(«Ишқи захмин»)

***

Паймонаи дилҳо шикаст аз дасти ҳар паймоншикан,

Бо ин дили бишкастамон мо дилнавозӣ мекунем.

(«Рози ҷаҳон»)

***

Қиссаи ҳоли ту гӯяд кисаи холии ту,

Манманиро фақри мо аз мову ту дуздидааст.

(«Дузди боинсоф»)

***

Аз канори дарду ғамҳои ҷаҳони беканор

Дар канори ту даме худро канор овардаам.

(«Шиори ишқ»)

***

Хайрхоҳи ман будӣ, хайре накардӣ баҳри ман,

Хайрбоде дар нафасҳои пасини ман бигӯ.

(«Нӯшбод»)

***

Чи суд аз хубии он рӯи хубат,

Дилам хун мекунӣ, хӯ мекунам ман.

(«Дубайтӣ»)

***

Чи суд аз шодии дунёи равшан,

Агар равшан набошад дидаи ман.

(«Дубайтӣ»)

***

Тавони додани товон надорам,

Мадорам ку, мудоро мекунӣ ишқ.

(«Дубайтӣ»)

***

Сарамро бар сари дорат биовез,

Ки бодо бигзарам аз дори дунё.

(«Дубайтӣ»)

***

Ҳақамро мехурӣ гарчи, ғамат нест,

Ғаме ки мехурам, ҳаргиз ҳақам нест.

(«Дубайтӣ»)

Бо ин ҳама Ибодуллоҳи Солеҳ дар шоирӣ дар оғози шоҳроҳи шеъри форсии тоҷикӣ буда, ҳанӯз зарурат ба такмили саводи шоирӣ ва ҳунари адабӣ дорад. Аз он ки зиндагиашро бе гуфтани шеър тасаввур намекнад, умед мекунем, ки мутолиаи осори гузаштагон ва муосиронро идома хоҳад дод. Ҳанӯз дар навиштаҳои фесбукиаш харобии вазн, ноҷӯрии таносуби сухан, душворӣ дар забону баён ба назар мерасанд. Боиси хурсандист, ки ин камбудиҳо дар шеъри ӯ бо гузашти вақт камтар ба назар мерасанд.

 Абдунабӣ Сатторзода, профессор

Асли мақола ин ҷост: ЁДДОШТҲО ВА БАРДОШТҲО

 

 

 

      

Барчаспҳо: