Хусрав Нозирӣ.Деваштич, Баҳроми Гӯр ва Амир Ҳасанак ба ҳам чи муносибате доранд?

Ҳамаи мо бо Баҳроми Гӯр, Деваштич ва Амир Ҳасанак, ки дар таърихи халқи тоҷик ҷойгоҳи вежа доранд, камобеш ошноӣ дорем. Ин се шахсияти номдор дар давраҳои гуногуни таърихӣ (байни ҳар яке аз онҳо ба тартиб тақрибан 300 сол фосилаи замонӣ вуҷуд дорад) ва маконҳои мухталифи ҷуғрофӣ (Эрони Ғарбӣ, Фарорӯд ва Хуросон) зистаанд ва муҳити забониашон (порсии миёна, суғдӣ ва форсӣ) низ бо ҳам фарқ мекард. Вале бо вуҷуди ин ҳама тафовутҳои замониву макониву луғавӣ, ангор риштае ҳаст, ки он се танро ба ҳам мепайвандад. Он ришта ҳамоно шаҷараи муштараки онҳост. Манбаъҳои таърихӣ ҳикоят аз он мекунанд, ки насаби вазири дарбори Ғазнавиён Амир Ҳасанак ба шоҳаншоҳи Эрону Анерон Баҳроми V (Гӯр) расида, ҳалқаи васл байни он ду номвар ихшиди Суғд Деваштич аст.

Сурати комили ин шаҷара, бино ба манбаъҳо, ба тартиби зер аст: Баҳроми Гӯр  Яздигирд (Базаҳкор)  Фирӯз  Сур  Сур  Сур  Деваштич  Бакр  Қосим  Ҷабраил  Абдулвоҳид  Микол  Муҳаммад  Абдуллоҳ  Абулаббоси Исмоил  Аббос  Муҳаммад  Амир Ҳасанак. Ба ин муносибат, дар зер мухтасаре аз корномаи он се тан ҷиҳати ёдоварӣ бозгӯ мешавад.

Баҳроми V понздаҳумин шоҳаншоҳи дудмони Сосониён буда, дар солҳои 421-438 мелодӣ подшоҳӣ кардааст. Шоёни зикр аст, ки ҳеч як аз шоҳаншоҳони Сосонӣ, ба истиснои Ардашери Бобакон ва Хусрави Анӯшервон, монанди Баҳроми Гӯр маҳбуби ом набудааст. Дар чобукии ӯ дар ҷанг ва ишқбозиҳою шикорҳои вай достонҳои бисёр нақл кардаанд. Баҳроми Гӯр дар дарбори Мунзир, ки аз амирони араби Ҳира буд, тарбият шуд ва бино ба ривоятҳо тоҷи подшоҳиро аз миёни ду шер рабуд. Ӯ Арманистонро ба Эрон дубора зам кард ва дар кишварҳои тобеъ озодии дин дод. Баъзе манбаъҳо мегӯянд, ки модари Баҳроми Гӯр зане яҳудӣ буд, ки Шушондухт ном дошт. Агар гуфтаи тазкиранависонро бипазирем, нахустин шеъри порсиро ҳамин Баҳроми Гӯр гуфтааст (Манам он шери гала, манам он пили яла / Номи ман Баҳроми Гӯр, кунятам Буҷабала).

Аммо Деваштич охирин шоҳи Суғд буд, ки дар баробари арабҳо истодагӣ кард. Дастхатҳои суғдӣ ва арабие, ки дар кӯҳи Муғи Зарафшони Тоҷикистон соли 1932 ёфт шуданд, дар бораи вазъи иқтисодию сиёсӣ ва муносибатҳои дипломатии суғдиён маълумоти ҷолиб медиҳанд. Деваштич фарзанди Ёдхсетак аз хонадони деҳқонони Самарқанд буд, ки насабашон, бино ба ривоятҳо, ба Баҳроми Гӯри Сосонӣ мерасид. Хонадони Ёдхсетак, ки лақаби Сур дошт, дар садаи VI мелодӣ дар бахшҳое аз Суғд ҳокимият ёфт. Деваштич охирин узви ин хонадон буд, ки мулаққаб ба Сур буд. Ӯ дар ҳудуди соли 706 мелодӣ ба унвони подшоҳи Панҷ (Панҷекат) баргузида шуда, ҷои шоҳзодаи турк Чукин Чур Билгаро дар ин мақом гирифт. Деваштич ҳарчанд танҳо бар Панҷекат фармон меронд, аммо лақаби шоҳи Суғд ва фармонравои Самарқандро низ барои худ ба кор мебурд. Ӯ дар солҳои 720-721 мелодӣ пас аз ақибнишинӣ дар баробари арабҳо ба дежи кӯҳи Муғ паноҳанда ва саранҷом пас аз асорат дар соли 722 кушта шуд. Бар рӯи бархе аз сиккаҳои Деваштич номи Нана дида мешавад, ки ё ба номи эзадбону Нана (Аноҳито) ишора дорад ва ё номи духтари Чукин Чур Белга аст, ки ба эҳтимоли зиёд ба ҳамсарии Деваштич даромада буд. Яке аз писарони Деваштич Турхун ном дошт. Зоҳиран ҳамин фард буд, ки пас аз марги падар ва гаравидан ба ислом номи Бакрро барои хеш баргузид. Шояд ҳам Бакр номи бародараш буд. Писари вай Ҷабрил ё Хуррамак ном дошт ва фарзандони ӯ ба дарбори Умавиён ва сипас Аббосиён рафтанд, то ин ки навбат ба писарони Микол - Муҳаммад ва Шоҳ расид.

Амир Ҳасанак, ки вазири тавонои Маҳмуди Ғазнавӣ ва раиси Нишопур буд, ба ҳамин Оли Микол тааллуқ дошт. Муҳимтарин манбаъ, ки дар бораи ӯ ва Миколиён маълумоти арзишманд медиҳад, “Таърихи Байҳақӣ” аст. “Зикри бар дор кардани Амир Ҳасанаки вазир” ҷонгудозтарин ҳикояи “Таърихи Байҳақӣ”-ст, ки хондани он бидуни рехтани ашк душвор аст. Падари вай - Муҳаммад замоне, ки Маҳмуди Ғазнавӣ сипаҳсолори Сомониён ва сокини Нишопур буд (солҳои 995-997 мелодӣ), ба ӯ пайваст ва аз муоширону надимонаш шуд. Аммо дар синни нисбатан ҷавонӣ даргузашт. Дар натиҷа сарпарастии писараш - Ҳасанро заиму адиби машҳур ва раиси вақти Нишопур, ки писарамӯи Муҳаммад буд, ба номи Абу Наср Аҳмади Миколӣ бар уҳда гирифт ва ба тарбияти ӯ пардохт. Абу Наср ду писари тақрибан ҳамзоди Ҳасан дошт, ки дар “Таърихи Байҳақӣ” аз онҳо бо номҳои Булфазл ва Буиброҳим ёд шудааст. Ин ду писар аз адибон ва шоирони номии рӯзгор шуданд, хусусан Булфазл шоире дузабона ва бисёр тавоно ва машҳур гардид. Ҳамин гуна Ҳасан дар хонаводае адиб ва фозил парвариш ёфт, то ин ки шуҳрати зарофат ва лаёқати ӯ ба Султон Маҳмуд дар Ғазна расид ва вайро ба маҷлиси худ фарохонд ва зоҳиран аз он замон ба Ҳасанак шуҳрат ёфт.

Бино ба таълиқоти устодон Муҳаммад Ҷаъфари Ёҳаққӣ ва Маҳдӣ Сайидӣ ба китоби “Таърихи Байҳақӣ”, баҳсангезтарин воқеа дар зиндагии Амир Ҳасанак дар соли 1023 мелодӣ рух дод. Ӯ ба сифати сарпарасти ҳоҷиёни Хуросон равонаи ҳаҷ шуд ва дар сафар аз халифаи Фотимӣ хилъат пазируфт. Ҳамин амр сабаби иттиҳоми қарматигарӣ ба Ҳасанак ва бақияи моҷароҳо шуд. Халифаи Бағдод дар номаи худ ба Султон Масъуд фармуд, ки “Ҳасанаки қарматиро бар дор бояд кард ва ба санг бибояд кушт, то бори дигар бар рағми хулафо ҳеч кас хилъати мисрӣ напӯшад ва ҳоҷиёнро дар он диёр набарад”. Дар натиҷа дар соли 1031 мелодӣ Ҳасанак ба дархости халифаи Бағдод ва бо пофишории вазири Ғазнавиён Бусаҳли Зӯзанӣ бар дор овехта шуд. Ба шаҳодати Абулфазли Байҳақӣ, ҳангоме ки модари Ҳасанак ин хабари шумро шунид, мисли занон фиғон накард, “балки бигрист ба дард чунон ки ҳозирон аз дарди ӯ хун гиристанд. Пас гуфт: “Бузурго мардо, ки ин писарам буд, ки подшоҳе чун Маҳмуд ин ҷаҳон бад-ӯ дод ва подшоҳе чун Масъуд он ҷаҳон».

Бино ба манбаъҳои таърихӣ, Миколиён дар арсаҳои гуногун ба мартабаҳои баланд расида, ба олимӣ, шоирӣ ва ҳунарпарварӣ низ шуҳрат доштанд. Миколиён ҳеч гоҳ ҳоким набуданд, балки ҳамеша моил ба хидмат дар сатҳҳои болои идорӣ буданд. Аъзои ин хонадон дар дарборҳои Саффориён, Тоҳириён, Сомониён, Ғазнавиён ва Салҷуқиён мансабҳои муҳимро ишғол мекарданд. Тавоноии Оли Микол дар хидмат ба фармонравоёну сулолаҳои гуногун, бешак, гувоҳ бар истеъдоди истисноӣ ва нухба будани онҳост. Аз ин рӯ, Миколиёнро метавон намоде аз тадовуми ҷойгоҳи ашрофии тоҷикон дар қарнҳои IX-XI донист. Мутаассифона, пас аз садаи XI мелодӣ номи ин хонадони номдор, ки насабаш, бино ба манбаъҳо, ба Деваштич ва Баҳроми Гӯр мерасид, аз сафҳаҳои таърих нопадид мешавад

Барчаспҳо: