Дар ҳамоиши Бишкек аз хизматҳои Китобхонаи миллӣ ёд шуд

 Ширкаткунандагони ин ӽамоиш ёдбуд бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти Тайторо Ботирқулов – адиб, рӯзноманигор, тарҷумон ва табиатшиноси маъруф аз роӽбарияти Қирғизистон хостанд, ки барои таҷлил аз 100-солагии адиб дар сатӽи ҷумӽурӣ ва минтақа иқдом намоянд ва барои ба тартиб овардан ва нашри осораш мусоидат кунад.

 Дар Донишгоӽи давлатии омӯзгории Қирғизистон ба номи Ишенали  Араббоев як нишасти илмӣ- амалӣ ба хотири бузургдошти зиндаёд  Тайторо Ботирқулов-журналист,нависанда ва кишваршиноси машӽур доир гардид.

 Ин ӽамоиш имрӯз - 1 ноябри соли 2019 бо ибтикор ва пуштибонии роӽбарияти Донишгоӽи омӯзгорӣ, Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон, Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Абуабдулло Рӯдакӣ роӽандозӣ шуда ва намояндагони соӽаӽои илм, журналистика, дӯстону алоқамандони Тойторо Ботирқуловро даври ӽам овард.

 Туғанбой Конурбаев- муовини якуми  ректори донишгоӽи ба номи Ишенали  Араббоев ин конфоронсро ифтитоӽ намуда, қайд кард,ки Тойторо Ботирқулов  роӽи бузурги инсонпарвариро тай намуд ва дар хотираи мардумони қирғизу тоҷик чун як  чеӽраи эҷодкори зебоиӽо ва васофи дӯстиву якдигарфӽмӣ боқӣ мемонад.Вай дар зимн аз ӽамкориӽои масъулони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки ҷиӽати таӽияи маводи ин ӽамоиш мусоидатӽои ӽамаҷонибаро дареғ надоштанд, изӽори сипос намуд.

 Суӽроб Олимзода- Сафири Ҷумӽурии Тоҷикистон дар Қирғизистон дар баромади худ таъкид намуданд,ки Тойторо Ботирқулов охири солӽои панҷоӽуми асри гузашта бо амри дил аз Қирғизистон ба Тоҷикистон омада ва ин сарзамин ва мардумонашро  то поёни умри хеш дӯст дошт ва васф намуд.

 Тавре дипломатии тоҷик хабар дод, мақолаву сафарномаӽои ин шахси наҷиб дар рӯзномаву маҷаллаӽои Тоҷикистон мунтазам нашр мешуданд.Инчунин маҷаллаи машӽури Иттифоқи Совети «Вокруг света» ( Даври олам) силсилаи мақолаӽои ӯ роҷеъ ба олами набототу ӽайвонот ва минтақаӽои дилпазири Тоҷикистонро  мунташир намудааст. Ба иттилои  Суӽроб Олимзода ахиран дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҷамъоварии осори чопшудаи Тойторо Ботирқулов икдом намудаанд ва шакли библиографии мақолаӽояш тартиб дода мешавад.

 Қодиршои Мурувват- муовини раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон,сармуӽаррири нашрияи тоҷикии «Паёми Ала-Тоо»  дар ин ҷамъ сухан гуфта, изӽор дошт, ки зиндагӣ ва рӯзгори ин марди шариф барои фаъолони созмон намунаи ибрат ва пайрави мебошад.Зеро Тайторо Ботирқулов ӽанӯз 60 сол қабл барои таӽкими дӯстии ду халқи асрӽо ӽамсоя икдом кардааст ва акси садои он дар айёми мо низ ба гӯш мерасад. Вай гуфт, ки баргузории ин ӽамоиш нақши мусбатро дорад ва барои насли ҷавони Қирғизистон ва Тоҷикистон дарси хештандорӣ ва эӽтироми мутақобилро талқин мекунад.

 Дар ин ҷамъомад инчунин Музаффар Абдуллоев - раиси Созмони ҷамъиятии қирғизтаборон, Ҷолдошбек Турдубаев - журналисти собиқадори Қиргизистон, ришсафедони обрӯманди ноӽияи Ҷиргатол  суханронӣ намуда, дар мавриди паӽлӯӽои  рӯзгори гуногунсоӽаи ин марди наҷиб ибрози ақида намуданд.

 Қобили зикр аст,ки Тойторо Ботирқулов соли 1922 дар диёри зебоманзари Талос, дар шимоли Қирғизистон таваллуд шудааст. Ӯ иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда.чандин сол дар мактабӽо ба шогирдон дарс додааст. Охири солӽои панҷоӽуми асри гузашта бо ихтиёри хеш ба Тоҷикистон меравад. Дар водии зебоманзари Қаротегин (Рашт) ба омӯзгорӣ пардохта ва дар зимн ба навиштани мақолаӽо машғул мегардад.

 Бойторо Ботирқулов барои хизматӽои арзанда дар таӽкими дӯстии миёни ду халқ аз тарафи пешвои миллат Эмомали Раӽмон бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардонида  шудааст.

 Ин марди наҷиб соли 2012 дар Душанбе аз олам чашм мепӯшанд ва оромгоӽаш низ дар Тоҷикистон қарор дорад.

 Ширкаткунандагони ӽамоиши Бишкек таъкид намуданд, ки омӯзиш ва таблиғи осор ва рӯзгори Тойторо Ботирқулов ҷавобгӯи муносибатӽои дӯстона ва бародаронаи роӽбарияти олии кишварӽои Қирғизистон ва Тоҷикистон, халқӽои қирғизу тоҷик  мебошад.

 Дар чаӽорчӯби ин ӽамоиш намоиши китобӽои нашри Тоҷикистон баргузор гардид, ки аз дирӯз ва имрӯзи сарзамини тоҷикон ӽикоят мекунанд.

 Ширкаткунандагони ин ӽамоиш - ёдбуд, зимни қабули Муроҷиатнома аз роӽбарияти Қирғизистон хостанд, ки барои таҷлил аз 100-солагии Тойторо Ботирқулов дар сатӽи ҷумӽурӣ ва минтақа иқдом намоянд ва барои ба тартиб овардан ва нашри осораш мусоидат кунад.

Дар бораи Тайторо Ботирқулов аз ин матлаб маълумоти бештар метавонед пайдо кунед:

Тойтура Ботирқуловро мешиносед?

Барчаспҳо: