Тарҷумаи нави боз як ҳикояи Антон ЧЕХОВ ГУРЕЗА
(Ҳикоя)
Ин як ташрифоти тулонӣ буд. Ибтидо Пашка бо модараш дар зери борон мерафт, гоҳе аз киштзорҳои даравшуда, гоҳ ҳам аз пайраҳаҳои беша гузар намуда, ки баргҳои зард ба мӯзаҳояш мечаспид, то он дам ки субҳ дамид. Сипас ӯ ҳудудан ду соъат дар даҳлези торик мунтазир истод, ки билохира, дарро боз кунанд. Даҳлез гармтару хушктар аз берун буд, вале чун шамол меомад, қатраҳои борон ба ин ҷо низ мепарид. Даҳлез, ки кам-кам пур аз мардум шуд, онгоҳ Пашкаи батангомада рӯяшро ба пӯстини кадом як кас, ки аз он бӯйи тези моҳии шӯр меомад, часпониду ғанаб рафт. Инак ғалақа садо доду дар боз шуд ва Пашкаю модар вориди қабулгоҳ шуданд. Ин ҷо ҳам интизорӣ тул кашид. Беморон рӯйи курсиҳо менишастанд, ҳама сокит, касе ҳам намеҷунбид.
Пашка ба онҳо менигарист; ӯ ҳам хомуш буд, гарчи басо чизҳои ғароибу музҳике мушоҳада кард. Танҳо як бор, вақте ба қабулгоҳ марде бо як по ҷаҳида, ворид шуд, Пашка низ ҳаваси рӯйи як по паридан кард; ӯ бо оринҷ модарро такон доду зери остинаш ҳир-ҳир хандида, гуфт:
– Модар, нигоҳ кун: гунҷишк!
– Ором шин, бачча, хомуш! – гуфт модар.
Аз пушти тирезаи кучак чеҳраи хоболӯди пизишкёре пайдо шуд.
– Биёед ба номнависӣ! – фарёди ғурру ғавсе кард ӯ.
Ҳама, аз ҷумла он маризи хандавораи якпоямеҷаҳида, пеши дарича саф оростанд. Пизишкёр аз ҳар кадом ному насб, синн, ҷойи зист ва муддати касалию дигар чизҳое мепурсид. Пашка аз посухҳои модар дарёфт, ки номаш на Пашка, балки Павел Галактионуф буда, ҳафтсола, бесавод ва аз иди писҳо то ҳол мариз аст.
Баъди номнависӣ, боз каме рост истодан лозим меомад: бо пешдомане сафеду дастпоккуни зери камар доктор аз қабулгоҳ гузашт. Ба ҷавоне, ки рӯйи як по меҷаҳид, наздик шуда, китф дарҳам кашид ва бо овози сурудмонанд гуфт:
– О, аҳмақе! Ё аҳмақ нестӣ? Нагуфтамат, душанбе о, аммо ту рӯзи ҷумъа меойӣ. Баройи ман аслан наё, аммо, ай коно, поятро аз даст медиҳӣ!
Чеҳраи ҷавон чунон раҳмовар гашт, ки гӯиё гадоӣ мекарда бошад; чашм ба ҳам заду гуфт:
– Ба ман марҳамате кунед, Иван Миколаич!
– Ин фоида надорад – Иван Миколаич! – ӯро тақлид кард доктор. – Гуфтанд, ки душанбе, бояд гӯш кунӣ. Аҳмақ ҳастӣ, вассалом.
Муояна шуруъ шуд. Доктор дар ҳуҷраякаш нишаста, бо навбат беморонро садо мекард. Аз ҳуҷра гоҳе нолаҳои гӯшхарошу гиряи кӯдак ва ё нидоҳои ошуфтаи доктор шунида мешуд:
– Э-э, чӣ фарёд мекашӣ? Намекушамат, ки? Ором бинишин!
Навбати Пашка расид.
– Павел Галактионуф! – садо кард доктор.
Модар аввал гаранг шуд, мисле ин даъватро интизор надошт, сипас дасти Пашкаро гирифту ворид шуд.
Доктор пушти миз менишаст ва худ ба худ бо як чакушак ба рӯйи китоби захиме мезад.
– Чӣ шуда? – мепурсад ӯ, бе ин ки ба ин навворидшудаҳо нигоҳе кунад.
– Ин ҷавонак оринҷаш ҷароҳат карда, олиҷаноб, – посух дод модар, ки чеҳрааш чунон тира шуд, ки гӯиё вай воқеъан то мағзи ҷон барои ҷароҳати Пашка маҳзун аст.
– Каш либосҳоша!
Пашка уф-уф карду шоли гарданашро боз намуд, баъд бо остин бинӣ пок карду оромона пӯстинашро кашидан гирифт.
– Э занак, ба меҳмонӣ, ки наомадаӣ! – қаҳромез гуфт доктор. – Чӣ кор мекунӣ? Ин ҷо ки фақат ту нестӣ.
Пашка осема пӯстин ба замин андохт ва бо кумаки модар пироҳан бурун овард. Доктор коҳилона ӯро нигаристу ба шиками бараҳнааш тап-тап зад.
– Муҳим ки, бародар, Пашка, шикам мондаӣ, – гуфт ӯ ва нафаси амиқ кашид. – Хуб, ҳоло оринҷатро бинамой.
Пашка нимнигоҳе ба табақи оби хунолуд андохт, ба пешдомани доктор нигаристу гирист.
– Ҳӣ-ӣ-ӣ! – шӯрид доктор. – Баччаи шӯх, зангир шудаасту доду фарёдаша бин! Беҳаё.
Пашка саъй кард, ки нагиряд, ба модар нигарист; дар лавҳи нигоҳаш илтиҷое рақам зада буд: «Боз дар хона нагӯйӣ, ки назди пизишк гиря кардам!»
Доктор оринҷи Пашкаро боздиду фишор дод, оҳе кашиду лаб фишурд ва баъд боз ламс кард.
– Хонум, сазои ту куттак аст, ки касе нест, бизанад, – гуфт ӯ. – Чиро баччаро пештар наёвардӣ? Дасташ, ки барбод шудааст! Нигаҳ кун, беақл, иллат дар ин мафсал аст!
– Шумо беҳтар медонед, бузургвор... – оҳ кашид модар.
– Бузургвор! Дасти ҷавонро фосид кардию ҳоло бузургвор! Бе даст чӣ гуна коргарӣ мекунад? Акнун як умр парастораш мешавӣ. Дар нӯги бинияш агар донаяке ҷӯш занад, фаврӣ ба беморситон медавӣ, вале шаш моҳ ин ҷониб бозуи бачча фасод кардааст. Ҳаматун ранги якдигаред.
Доктор сигор равшан кард. Вақте сигор дуд мекард, вай занро сарзаниш мекарду сарашро бо ҳавои суруде такон медод, ки дар хаёлаш мехонд ва ҳамчунон аз чӣ чизе меандешид. Пашкаи бараҳна пеши ӯ меистод, гӯш мекарду ба дуди сигор менигарист. Чун сигор тамом шуд, доктор руҳ гирифту бо садои нарм ба гуфтор омад:
– Ҳоло, гӯш кун, хонум. Малҳаму қатраи даво илоҷ намешавад. Баччаро бояд дар бемористон гузорӣ.
– Зарур бошад, раво бошад, доктор; чиро нагузорем?
– Ӯро мо ҷарроҳӣ мекунем. Ту Пашка, бимон ин ҷо, – гуфт пизишк, дасти навозиш ба китфи ӯ гузошта.
– Бигзор модар равад, вале мову ту, бародарам, ин ҷо мемонем. Ин ҷо назди ман хуб аст, бародар, нуран ъало нур! Ҳамин ки беҳтар шудӣ, ҳардуямон меравему саъва мегирем, туро рӯбоҳе нишон медиҳам! Ҳамроҳ меҳмунӣ мерем! Ҳо? Мехоҳӣ? Модарат ҳам пагоҳ пешат мебиёд! Ҳо?
Пашка суоломез модарро нигарист.
– Бимон, баччам! – гуфт ӯ.
– Мемунад, албатта мемунад! – нидои хушрӯ кард доктор. – Ҷои чунучиро нест! Ман ба ӯ рӯбоҳи зиндаро нишон медиҳам! Бо ҳам бозор мерем обинаботхарӣ! Мария Денисовна, эшунро бибаред ба боло!
Доктор, зоҳиран, марде буд зиндадил ва як андоза хушрафтору хушгуфтор, Пашка аз мулоқоташ шод буд; мехост ки ба ӯ арзи сипос кунад, хусусан ки дар умраш бозорро надида буд ва ҳам хеле мехост, ки рӯбоҳи зиндаро низ бибинад. Аммо модар – бидуни модар чӣ кунад? Каме андешиду тасмим гирифт, ки аз пизишк хоҳиш кунад, то модараш ҳам дар бемористон бимонад, вале то лаб во кард, ки хонуми пизишкёр ӯро аз пиллаҳо боло бурд. Мерафту бо даҳони воз атрофро менигарист. Пиллаҳо, фаршҳои чӯбӣ ва паҳлӯдариҳо – ҳама бошукуҳ, фароху равшан – бо ранги зарди зебое ранг шуда буданд ва аз онҳо бӯйи гуворои равғани рустанӣ меомад. Дар ҳама ҷо чароғ овехтаву фарш густарда буданд, лӯлаҳои мисии об дар деворҳо насб буд. Аммо аз ҳаме беш ба Пашка рахти хобаш, ки кампали дурушти хокистарӣ дошт, писанд омад. Вай болишту лиҳофҳоро даст расонд, ба ҳуҷра назар андохт ва натиҷа гирифт, ки доктор зиндагии хубе дорад.
Ҳуҷра бузург набуд, се рахти хоб дошт. Як рахт холӣ буд, дигаре ҳам аз они Пашка, дар сеюмӣ як пирамард бо чашмҳои хаста менишаст, ки ҳар замон месулфиду дар истаконе туф мекард. Аз рахти Пашка дари бози ҳуҷраи дигару бистар менамуд: рӯйи яке аз ин тахтҳо марди рангпаридаю наҳиф бар сар халтачаи каучукии пур аз ях дароз кашида буд; дар дуюмӣ як рустоӣ бо дастони бозу сари докапеч, ки шабеҳи пиразанон ҳам буд, мехобид. Пизишкёр Пашкаро шинонда, берун рафту пас аз фурсате дар бағал як даста либос баргашт.
– Ин ҳам баройи ту, – гуфт ӯ. – Каш пӯшокатро.
Пашка пӯшокашро барандохту шодона либосҳои нав ба бар андохт. Пас аз пӯшидани пираҳану шалвору хилъати хокистарӣ, ӯ худписандона хештанро нигаристу фикр кард, ки чӣ хуб буд агар бо ин сарутан дар кӯчаҳои деҳа қадам мезад. Тасаввур кард, ки ӯро модараш чӣ гуна ба боғи канори дарё мефиристад, то ба хӯкбарра барги карам бичинад; ӯ омадан дорад ва писарону духтарони деҳ иҳотааш кардаанду бо ҳавас хилъаташро тамошо мекунанд.
Ба ҳуҷра парастор ворид шуд – дар даст ду косаи сафолӣ, низ ду қошуқу ду пора нон. Як косаро назди пирмард ва дуюмиро пеши Пашка ниҳод.
– Бихур! – гуфт ӯ.
Пашка ба коса нигарист; дид, ки карамшурбои серравған, як тикка гӯшт ҳам дошт. Боз ба фикраш омад, ки доктор зиндагии хеле хубу мураффаҳ дорад ва вай на он гуна аз бадқаҳрҳоест, ки дар аввал ба назараш менамуд. Шурборо дурудароз хӯрд, ҳар бор ки нӯш мекард, қошуқро мелесид, он гоҳ дар коса ҷуз гӯшт чизе намонд, ба гӯшаи чашм пирамардро нигарист ва ҳирс хӯрд, ки вай ҳанӯз хӯрдан дорад. Оҳе кашиду гӯштро ҳам бардошт ва саъй кард ки ҳар чӣ бештар нигаҳаш дорад, аммо саъяш ҳосил надод: гӯшт низ ба зудӣ тамом шуд. Танҳо пораи нон монд. Нони хушк хӯрдан лаззат надошт, амммо чорае нест, фикр кард Пашка ва нонро ҳам хӯрд. Ҳамоно парастор даромад дар даст ду косаи дигар. Ин бор дар косаҳо гӯштбирён буд бо картошка.
– Ку, нонат? – пурсид парастор. Пашка ба ҷойи посух рухсора дам карду баъд пуф кард.
– Охир чиро хӯрдӣ? – маломат кард парастор. – Гӯштбирёнро бо чӣ мехурӣ?
Ӯ рафту боз нон овард. Пашка дар умраш гӯштбирён нахӯрда буд ва ҳоло аз он он майл карда, дарёфт, ки хеле бомазза аст. Он ҳам ба зудӣ нӯш шуд ва нон боқӣ монд, порае бузургтар пас аз тановули шӯрбо. Пирамард, ки ғизояшро хӯрда буд, нони мобоқияшро дар каши мизаш гузошт; Пашка ҳам хост чунин кунад, аммо аз раъяш гашту онро хӯрд.
Баъди хӯрок вай гаштзанӣ баромад. Дар ҳуҷраи муҷовир, ҷуз он ду нафаре ки аз бари дари худ дида буд, боз чаҳор нафари дигар низ буданд. Аз инҳо танҳо як тан назарашро ҷалб кард. Вай як марди деҳотие буд баландқомат, хеле лоғару чеҳрааш тираи пурпашм; болои рахти хоб нишаста, мудом мисли лангари соъат сар меҷунбонду дасти росташро метаконд. Пашка чанд муддат аз ӯ чашм наканд. Аввал лангарисоъатвор сарҷунбониву мавзун дасттаконии ин марди деҳотӣ барояш хандаовар намуд, ки гӯиё аз хушдилӣ иҷро мекард, аммо чун ба чеҳраи вай нигарист, ба ваҳшат уфтод; дарк кард, ки ин мард мубтало ба дарди тоқатфарсоест. Чун ба ҳуҷраи сеюм гузашт, ду мардро дид рӯйҳояшон тираи сурх, гӯиё хоки сурхашон андуда буданд. Онҳо бо ин чеҳраи ғароиб дар бистарҳояшон беҳаракат менишастанд, ки душвор буд аз ҳам фарқашон кунӣ, шабеҳи худои бутпарастон буданд.
– Хола, инҳо чиро инхелиянд? – пурсид Пашка аз парастор.
– Инҳо, касали нағзак, писарҷон.
Пашка, ки ба ҳуҷрааш баргашту рӯи бистар нишаст, докторро интизор шуд, то бо ҳам бираванду саъва бигиранд ё ки бозор оянд. Аммо доктор наёмад. Назди дари ҳуҷраҳои ҳамсоя пизишкёр каме сиёҳӣ кард. Вай пеши беморе, ки дар сар халтаи ях дошт, хам шуду дод зад:
– Михайло!
Михайлои хуфта ҷунбид. Пизишкёр даст афшонду рафт. Пашка дар интизори доктор ба пирамарди ҳамсояаш нигарист. Мард беист месулфиду ба истакон туф мекард; сулфааш тулонӣ буд ва ҳам садои чиғ-чиғ дошт. Пашкаро як вижагии пирмард хуш омад: вақте ӯ месулфиду нафас мекашид, он гоҳ чи чизе дар синааш вушт мекашиду бо садоҳои гуногун танин меандохт.
– Бобо, ин чӣ аст ки дар синаат ҳуштак мекашад? – пурсид Пашка.
Пирмард ҳич посух надод. Пашка бо каме сабр боз пурсид:
– Бобо, рӯбоҳ куҷост?
– Кудум рӯбоҳ?
– Рӯбоҳи зинда.
– Куҷо хаҳад буд? Дар ҷангал!
Замони зиёде гузашт, аммо доктор ҳамоно нопайдо буд. Парастор чой овард ва Пашкаро маломат кард, ки нон намондааст баройи чой; пизишкёр боз баргашту саъй кард ки Михаилро бедор кунад; пушти тирезаҳо торикӣ меомад, дар ҳуҷраҳо чароғ равшан карданд, аммо доктор нанамуд. Акнун ба бозор рафтану саъва гирифтан дер шуда буд; Пашка рӯйи ҷогаҳ ёзиду ба фикр фурӯ рафт. Обинаботро ба ёд овард, ки доктор ваъдааш дода буд ва ҳам симову садои модарро, торикии кулбаи чӯбини деҳқонияшон, бухорӣ, пиразани шаттоҳи Егоровнаро ёд кард; ин дам ногаҳон дилгиру маҳзун шуд. Ба хотираш расид, ки пагоҳ модар пешаш меояд, лабханде заду чашмонашро пӯшид.
Аз садои хиш-хиш бедор шуд. Дар ҳуҷраи муҷовир касе қадам мезаду пасту пич-пич гап мезад. Дар партави хираи шабчароғ, назди рахти Михаил се нафар мегаштанд.
– Ӯро бо рахташ бибарем ё ҳамин тавр? – мепурсид яке аз онҳо.
– Ҳамин тавр худашро. Рахташ намегунҷад.
– Ҳай дареғ, бемаҳал мурд, Худованд раҳматаш кунад!
Яке аз шонаҳои Михаил гирифту дигаре аз пойҳояш бардошт: дастону домани ҷомаи Михаил дар ҳаво оҳиста муаллақ мезад. Сеюмӣ – ин марди занмонанд, салиб кашид; ҳар се беназокатона, бо поҳошон садо дардода ва ҳар гоҳе домани хилъати Михаилро зер карда, аз ҳуҷра рафтанд.
Аз синаи пирмарди хобида вушти оҳангҳои гуногун меомад. Пашка гӯш кард, ба тирезаи торик нигарист ва ҳаросон аз рахти хоб барҷаҳид.
– Мо-да-ар! – фарёди баланд кашид. Ва интизори посухе нашуда, ба ҳуҷраи муҷовир парид.
Шабчароғ он ҷо базӯр зулмотро соф мекард; беморон аз марги Михаил парешон, нишаста рӯйи ҷогаҳҳошон; ҷуссаҳошон ба торикӣ омехта, бо мӯйҳои жулида ҳаҷимтару баландболотар менамуданд ва бузургтару бузургтар мешуданд; дар бистари охири гӯша, ки ториктар буд, марди деҳотӣ нишаста буду дасту сар меҷунбонд.
Пашка сарфаҳми дарҳо нарафта, худро ба ҳуҷраи беморони нағзак партофт, аз он ҷо ба роҳрав, аз роҳрав ба ҳуҷраи бузурге парид, ки он ҷо аҷубаҳое бо мӯйҳои дарозу чеҳраҳои ҳавлнок бар бистарҳо нишаста ё хобида буданд. Аз бахши занона давида, дубора ба роҳрав баромада, панҷараи пиллаи ошноро дид, ки субҳ аз он боло меомад ва пойин давид. Қабулгоҳро ин дам шинохт, ки саҳар нишаста буд ва дари хуруҷиро ҷуст. Ғалақа садо доду боди сарде ба машом расид ва Пашка дакка хӯрду ба саҳни ҳавлӣ давид. Фақат як андеша дошт – фирор кардану фирор кардан! Роҳро намедонист, аммо бовар дошт, ки агар гурезад, ҳатман ба хона, назди модараш мерасад. Шаби абрие буд, вале аз байни абрҳо моҳ медурахшид. Пашка аз пешайвон мустақим ба пеш давид, аз анбор гузашту бар буттазори анбуҳ бархурд; каме таваққуф ва андеша кард, давон дубора ба сӯи бемористон баргашт, онро давр заду ҳамоно дудила монд: дар гӯшаи бемористон салибҳои гӯристон сафедӣ мекарданд.
– Мо-дар-ҷоон! – фарёд зад ӯ ба ақиб баргашта.
Аз пушти иморатҳои тираву ҳавлнок гузашта, ӯ як тирезаро равшан дид. Ин лаккаи сурхи дурахшон дар торикӣ ҳавлнок намуд; Пашка, ки аз тарс девона шуда буду намедонист куҷо гурезад, ба он рӯ овард. Канори он тиреза пешайвоне буд пилладор, болои дари вурудияш таблояки хурди сафед; Пашка ба пиллаҳо давид, аз тиреза нигарист ва хушнудии шадиду ҷозибе дар вуҷудаш дамид. Дар тиреза доктори вақтчоқу хушкаломро дид, ки пушти миз нишаста, китоб мехонд. Аз чунин иқболи хуш хандида, Пашка ҷониби чеҳраи ошно даст дароз кард, хост, фарёд занад, аммо нерӯи ноаёне нафасашро фишурд, ба пояш зарба зад, вай бехуд калавиду рӯйи пиллаҳо уфтид. Чун ба худ омад, ҳама ҷо равшан шуда буд, ин садои барояш хеле ошно, ки дина ваъда ба сайри бозору шикори саъваю рӯбоҳаш дода буд, дар гӯшаш мехонд:
– Басо аҳмақӣ, Пашка! Ё не? Сазои ту куттак аст, ки касе нест бизанадат.
(1887)
Баргардони О. ШАКУРЗОДА;
31. 8. 2019, ш. Душанбе.