Баргузории маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ дар Кохи миллат

 

    29 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

   Бино ба гузориши дафтари матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, изҳор доштанд, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаи фарзандони бонангу номуси миллат ҳамеша қадрдонӣ гардида, заҳмати созандаву бунёдкоронае, ки ба нафъи ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон равона шудааст, аз ҷониби давлат қадрдонӣ карда мешавад.

   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бистуҳаштсолагии истиқлолияти давлатӣ бо дастоварду рӯйдодҳои муҳимми таърихӣ хотирмон хоҳад буд, зеро ба истиқболи ин рӯйдоди фараҳбахш дар саросари мамлакат корҳои ободкориву созандагӣ вусъат ёфта, аз пойтахти мамлакат то дуртарин гӯшаву канори он боз ҳам ороставу зебо гардида истодааст.

   Соли 2019 барои Тоҷикистони азизамон соли пешравӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла иқтисодиёт, иҷтимоиёт, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, рушди маҳал ва ҷалби сайёҳони хориҷиву дохилӣ ба шумор меравад. Ҳоло дар саросари кишварамон корҳои ободкориву созандагӣ босуръат идома доранд.

    Хусусан дигаргуниҳои куллие, ки дар пойтахти кишвари азизамон - шаҳри Душанбе ва дар тамоми гӯшаву канори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадаанд, натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми ватандӯстамон мебошад.

   Сафарҳои кории Президенти мамлакат ба минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла маҳалҳои дурдаст нишон доданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо дастгирии соҳибкорони бонангу номус ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аллакай, хеле корҳои назаррасро анҷом додаанд.

    Ифтитоҳи иншооти гуногуне, ки дар шаҳри Душанбе ва дигар гӯшаву канори кишвар идома дорад, гувоҳи равшани ҳиммати созандаву бунёдкоронаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо, соҳибкорон ва мардони бонангу номус барои фардои ободу осуда ва дастовези ҷашнии онҳо мебошад. Ҳамаи ин корҳои ободониву созандагӣ самараи сулҳу ваҳдат, ватандӯстиву худогоҳии халқамон ва заҳмати шабонарӯзии пешсафони арсаи меҳнат, хизматчиёни содиқи Ватан ва сарбозону низомиёни фидокор мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имрӯзаи супоридани мукофотҳои давлатиро имконияти муносиби муаррифии дастовардҳои ҳар як мукофотгиранда ба тамоми сокинони мамлакат маънидод намуда, изҳори хушҳолии худро аз дидору суҳбат бо мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла омӯзгорон, табибон, коргарону сохтмончиён ва соҳибкорон дар байни сарфарозшудагон таъкид доштанд.

   Ҳамин тавр барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва рушди илму фарҳанги мамлакат, саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ 160 нафар корманди соҳаи илму фарҳанг, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I, ордени “Шараф” дараҷаи II, медали “Ҷасорат”, медали “Хизмати шоиста”, медали “Шафқат”, медали “Марзбони шуҷои Тоҷикистон”, унвони фахрии “Шоири халқии Тоҷикистон”, унвони фахрии “Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон”, унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рутбаҳои навбатӣ ва Ҷоизаи “Исмоили Сомонӣ” қадрдонӣ шуданд. Дар миёни сарфарозшудагон бо мукофотҳои давлатӣ мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла омӯзгорон, адибон, табибон, аҳли фарҳангу санъат, коргарону сохтмончиён, соҳибкорон, роҳсозон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ буданд.

     Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ 1 нафар бо ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I, 6 нафар бо ордени “Шараф” дараҷаи II, 11 нафар бо медали “Ҷасорат”, 78 нафар бо медали “Хизмати шоиста”, 2 нафар бо медали “Шафқат”, 3 нафар бо медали “Марзбони Тоҷикистон”, 1 нафар бо унвони фахрии “Шоири халқии Тоҷикистон”, 1 нафар бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, 20 нафар бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, 5 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 19 нафар бо рутбаҳои навбатӣ ва 11 нафар бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардиданд.

   Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I қадрдонӣ карда шуд.

Барчаспҳо: