“Дастнависҳо сарчашмаи таҳқиқоти таърихӣ ва фарҳангӣ”. Гулчине аз мақолоти ховаршиноси маъруфи Фаронса, узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон Франсис Ришар, ки ду сол пеш дар Душанбе чоп шудааст. Франсис Ришар 3 декабри соли 1948 дар шаҳри Порис дар хонаводаи таърихнигори маъруфи асри 20 Жан Ришар дида ба олам кушодааст. Аз ховаршиносони шинохтаест, ки таълифоти зиёде дар мавриди дастнависҳои форсӣ дар китобхонаҳои Фаронса дорад. Борҳо ба Тоҷикистон омадааст, дар чандин ҷаласоту нишастҳои байналмилалии ховаршиносӣ ва маросимҳои таҷлил аз шахсиятҳои бузург ширкат ва суханрониҳо доштааст. Аммо бори аввал аст, ки як китоби вай иборат аз чандин мақолоти хубу хондании пажӯҳишӣ интишор меёбад.
Алҳол аз ин китоб ман танҳо як мақола – “Чанд мулоҳиза роҷеъ ба Ҳаким Тирмизӣ ва оини буддоӣ” хондам. Дар бораи Тирмизӣ қаблан ҳам чанд матлабе мутолиа карда будам ва он ки Ришар менависад бароям на ҳама нав буданд. Вале нукоти тоза ҳам дорад, бахусус оини буддоӣ ва муносибати Тирмизӣ бо он.
Гумонам нукоти баҳсӣ ҳам дар мақола ҳаст, вале дар умум баъзе чизҳои наве барои пажӯҳишгарон медиҳад. Аммо ин ягона матлаби китоб нест. Хонанда метавонад аз ин маҷмуъа чанд мақолаи арзишмандеро дар бораи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҳисори шодамон дар аҳди Темуриён, Дастнависҳои форсии Китобхонаи миллии Фаронса, Ҷомӣ ва шуҳрати ҷаҳонии вай аз нигоҳи олим, як саҳифаи таърихе, ки ба сафари аввалиник католикҳо ба Самарқанд дар асри 17 иртибот дорад ва ғайра бихонанд.
Китоби мазкур дирӯз, 3-уми апрел дар мулоқоти Сафири Фавқулода ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар бо Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Ҷумахон Файзализода ба Китобхонаи миллӣ тақдим шуд. Сар аз аввали ҳафтаи оянда китоб ба кулли толорҳои хониши Китобхона тақсим ва ба хонандагон дастрас хоҳад шуд.
Б.Шафеъ