МАЗҲАБШОИ МУҲАББАТШО: Лоиқ - минбари виҷдони халқ
Бисёр иттифоқ афтодааст, ки ҳамроҳи Лоиқ пойи пиёда кӯчаҳои шаҳри Душанберо паймудаам. Бештари он роҳпаймоиҳо ба авввали солҳои шастум (давраи донишҷӯиву солҳои нахустини корамон дар матбуот) ва охири солҳои навадум рост меояд, ки дар Душанбе нақлиёт аз фаъолият бозмонда , аз чаҳор сӯ тирпарониҳо пайваста ба гӯш мерасид.
Дар фосилаи ин солҳо ҳама ҳамсолон ба хубӣ мушоҳида мекардем, ки Лоиқшоҳ (шоир дар назди ҳамсолон ҳамин тавр хитоб мешуданд, ки қиссаи алоҳида аст) на танҳо худаш аз як шеър то шеъри дигар зинаҳои болотари эҷодро мепаймуд, балки ҳамзамононашро ҳам қадам ба қадам ба сатҳи болотари худшиносии миллӣ мекашонид.
Ҳарчӣ месуруд дар кӯтоҳтарин фурсат вирди забони мардум мешуд. Вожаи нав, таъбири нав, андешаи нави ӯро аҳли қалам ва хусусан мардумони матбуотӣ он қадар ба такрор истифода мебурданд, ки баъзан худи Лоиқ қайсариро дида мегуфт, волло, аз сурудаи худ қимоб шудам.
Аммо Лоиқ дар муқоиса бо дигар ҳамасронаш шоире буд, ки ҳаргиз аз шеъри худаш ба ваҷд намеомад. Ман боре ҳам нашунидаам, ки ӯ гуфта бошад: бубин, чӣ маънои олиро ифода кардам? Вале дар ҳар вохӯрӣ, дар ҳар нишасти адабӣ, ҳатто дар ҳар маҷлиси расмӣ Лоиқ бо худаш ҳатман ягон кашфиёти тозаро аз осори классикҳо меовард.
Ӯ китобҳои луғатро мисли беҳтарин ва нозанинтарин асари бадеӣ гаштаву баргашта мехонд, зеро эҳсос мекард, ки ҳар вожа, ҳар тобиши нави маъноии ин ё он калима ҳадисест, ки моро ба сарнавишти гузаштагон мепайвандад ва эҳсосоти навро эҷод мекунад. Ба Бунёди забон омаданаш ҳам барои он буд, ки мехост сатҳи забондонии ҳамватанонро, ки хеле паст фуромада буд, болотар барад.
Лоиқ дар муошират бо дӯстон ва ҳамсолон мисли устодонаш Турсунзодаву Миршакару Деҳотию Улуғзодаву Ниёзӣ ва Ҷалол Икромӣ «ту - ту» гуфта муроҷиат мекард. Ва аз онҳо низ ҳаминро тақозо менамуд.
Боре ба дафтари кораш дар идораи «Садои Шарқ» даромада, шоирро дар ҳалқаи дуди сигор дида ва гуфтам: ту дар ин кӯрдуд, боз дастхат ҳам мехонӣ?
Лоиқ сар бардошта, айнакашро аз чашм гирифту гуфт: ту калимаи «кӯрдуд» - ро аз куҷо ёфтӣ?
Гуфтам аз хонаҳои дудхӯрдаи Ишкошим дар айёми кӯдакиам.
Гуфт дар Зарафшон ҳам кӯрдуд мегӯянд, вале афсӯс нависандаҳои мо ҳамин хел вожаҳои ноби тоҷикро истифода намебаранд.
Лоиқ шоире буд, ки щеъри худаш ва дар таъсири он шеъри ҳамзамононро аз шиору даъватҳову музаҳрафоти дигар, ки насли шоирони комсомол аз тарси ҷон ва ба қавли устод Миршакар, аз надоштани мутоилаи кофӣ ба адабиёт оварда буданд, пок сохт. Ба таври дигар гӯем, ӯ шеърро аз Бинои Ҳукумат берун кашонда, дар Кохи маърифат ҷо дод.
Албатта Лоиқ ҳамчун фарзанди замон ва асосан бо талаби боисрори устодон шеърҳои замонӣ ҳам навишта буд. Вале ҳатто дар ҳамин шеърҳои замонӣ ё сиёсиаш вай ҳаргиз аз андоза берун по наниҳодааст, ба ҳар ҳол ба тамаллуқ роҳ надодааст.
Гуфтам, ки гоҳ - гоҳе хусусан айёми ҷавонӣ ва ҳам даҳ соли охир иттифоқ меафтод, ки мо пойи пиёда кӯчаҳои Душанберо мепаймудем. Як сӯҳбатамон дар роҳпаймоӣ аз назди Филармонияи ҳозира то ҳайкали Рӯдакӣ ва аз он ҷо пас гашта то хамгашти Фурӯдгоҳи Душанбе, ки он замон хонаи Лоиқ дар он ҷо буд, тӯл кашид. Баъд Лоиқ маро ба хонам назди Автовокзал гусел кард ва ман дубора ӯро боз ба манзили худаш гусел намудам.
Чанд сол пас яке аз шеърҳои замонавӣ ё ба қавли дигар сиёсии Лоиқро, ки «Фардои Душанбе» ном дошт ва дар зери он «хӯрдаҳои нимшӯхиву нимҷиддӣ» ҳам навишта буд, дар кадом рӯзномае хондам ва сӯҳбатҳои вақти роҳпаймоиамон ба ёдам омада, хуб хандидам, ки Лоиқ барномаи сиёсиашро амалӣ карда истодааст.
Дар он шеър гуфта мешд, ки Душанбе шаҳри хуб аст, агар «Набошад дуди ин симонзаводаш». Баъд зимомдорон ба такмили симонзавод сар карданд. Гуфта мешуд, ки Душанберо дарвозаи Шарқ мегӯянд, аммо худаш дарвоза надорад. Хушбахтона, имрӯз шаҳрамон чаҳор дарвоза дорад. Гуфта мешуд, ки дар шаҳри ҳумоюнии мо ҷойи катакҳои бетонӣ бояд қасрҳои шарқӣ созанд. Сохтмони катакҳои бетонӣ (модели аввалан) қатъ гардид. Гуфта мешуд, ки дар ин мамлакати сангистон ягон қасри сангин нест, баъд ними қаҳвахонаҳо ва гирду атрофии онҳо сангчинӣ шуд. Гуфта мешуд, ки дар Душанбе «Набинам бурҷи соатхонаашро». Дер ҳам бошад, ба болои бинои осорхонаи Беҳзод соатхона қад афрохт. Аз гӯристонҳои хароб шикоят карда буд, ки баъд маъракаи чандинсолаи гӯрободкунӣ Тоҷикистон оғоз гардид.
Ҳамин тавр як шеъри соф замонавӣ ё сиёсӣ дар ақлу шуури мардум ва зимомдорон аз як Барномаи муфассали ободонӣ кора кард, зеро Лоиқ ба қавли худаш минбари виҷдони халқ буд.
Дар бораи Лоиқ мақолаҳои зиёд чоп шудаанд. Ҳар кас кӯшиш кард, ки пайванди худро бо ин нобиғаи аср рӯйи коғаз биоварад. Албатта ба ёд овардани дидорҳо, нишасту бархостҳо, қадаҳбардориҳо, шӯхиҳо бо ин марди бузург бисёр дилангез аст, махсусан барои муаллифонаш. Вале дар бораи Лоиқ падидаи камназире, ки суханвар ва сухангустар буд, ҳанӯз тақрибан чизе навишта нашудааст ва ин шояд баройи он бошад, ки ҳамзамонони мо мақоми суханварии устод Лоиқро ҳанӯз ба пуррагӣ дарк накардаанд. Лоиқ давомдиҳандаи мактаби волои Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Носири Бухороӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саййидои Насафӣ буда, созандаро дар асри худаш ба сатҳи он арше, ки он бузургон бунёд ниҳодаанд, расонда тавонист.
Дар шароити режими суханкуш, ки ҳамасрон булбули сурху кампиракҳои беожанги кишварамонро ситойиш карда, ба мартабаҳои баланди сиёсӣ мерасиданд, Лоиқ аз паси лаззати шӯҳрат нашуда, пурсаброна кореро дар сатҳи олӣ анҷом дод, ки сабру тоқат, дурандешӣ ва мардонагиро тақозо мекард. Аммо ин албатта маънои онро надошт, ки вай худро аз корҳои ҷомеа дар канор мегирифт. Даҳ соли ҳамкории ҳамешагии мо дар Бунёди забон ва бархӯрди оқилонаи Лоиқ ба масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодии густариши забонамон худ баёнгари он аст, ки Лоиқ тавсияи забони модариро дар ҳамбастагӣ бо мактабу маориф, кадррасонӣ, дарёфти маблағ ва боз бисёр масъалаҳои соф иқтисодӣ ҳал мекард.
Ёдам ҳаст, пас аз ҷорӣ шудани қуюди шабгардӣ дар Душанбе, ки бар асари воқеаҳои баҳманмоҳи соли 1990 рух дода буд ва хуни чанд ҷавон ҳам рехт, пиёда аз назди ҳайкали Бӯалӣ Сино ба маркази шаҳр меомадем, ки Лоиқ гуфт: «Медонӣ, хун ки рехт, ин хун боз хун металабад». Ҳақиқатан ҳам хунрезии девонавори мо ошкору пинҳон қариб ҳафт сол давом кард.
Пас аз нобасомониҳои солҳои охири рӯзгори мамалакат хеле мушавваш буд, вале ҳаргиз дилхунук нашудааст, зеро ҳамчун фарзанди Ватан медонист, ки гӯштро аз нохун ҷудо кардан муҳол аст. Вай вазифаи худро назди миллату Миҳан иҷро карда рафт. Ӯ суханашро возеҳу равшан баён карда рафт.
Лоиқ дар шеъри «Мадҳияи аҷал» мефармояд:
Меситоям маргро
Баҳри он ки гар Дақиқиро намекушт,
Номе аз Фирдавсии тӯсӣ набуд!
Мурдани мо ҳам ба сони зодани мо
Зиндагиро нав кунад.
...Мешунавед, дасти росташро пешу пас карда бо аҷала Лоиқ меояд, бо сари хам, андар фикр ва сарашро бардошта бо табассум мегӯяд: «Сағираҳо, чӣ тавр, зиқ нашудед? Хайр, ҳеҷ гап не».
Ман боз ба роҳ мебароям имрӯз,
Дарвозаи субҳ мекушоям имрӯз.
Аз баҳри ҳазор сол баъди сари худ,
Қутби раҳи умр менамоям имрӯз.
(Майи соли 2001 - ум)
(Бо сипос аз киё: Муҳаммади Султон)
Бознашр аз Саҳифаи Лоиқ Шералӣ дар Фейсбук.