Шеъре аз Фурӯғи Фаррухзод ба ифтихори зодрӯзаш
Нашр шуд 2019-12-30 10:05
Ёди бигзашта ба дил монду дарег,
Нест ёре, ки маро ёд кунад.
Дидаам хира ба рах монду надод,
Номае то дили ман шод кунад.
Худ надонам чи хатое кардам,
Ки зи ман риштаи улфат бигусаст.
Дар дилаш чойе агар буд маро,
Пас чаро дида зи дидорам баст?
Ҳар кучо менигарам боз хам уст,
Ки ба чашмони тарам хира шуда.
Дарди ишк аст, ки бо хасрату суз,
Бар дили пуршарарам чира шуда.
Гуфтам аз дида чу дураш созам,
Бегумон зудтар аз дил биравад.
Марг бояд, ки маро дарёбад,
Вар-на дардест, ки мушкил биравад.
То лабе бар лаби ман мемонад,
Мекашам ох, ки кош ин у буд.
Кош ин лаб, ки маро мебусад,
Лаби сузандаи он бадху буд.
Мекашидам чу дар огуш ба мехр,
Пурсам аз худ, ки чи шуд огушаш?
Чи шуд он оташи сузанда, ки буд,
Шуълавар дар нафаси хомушаш.
Шеър гуфтам, ки зи дил бардорам,
Бори сангини гами ишкашро.
Шеър худ чилвае аз руяш шуд,
Ба ки гуям ситами ишкашро?
Модар, ин шона зи муям бардор,
Сурмаро пок кун аз чашмонам.
Бикан ин пираханамро аз тан,
Зиндаги нест ба чуз зиндонам.
То ду чашмаш ба рухам хайрон нест,
Ба чи кор оядам ин зебои.
Бишкан ин оинаро, эй модар,
Хосилам чист зи худорои?
Дар бубандеду бигуед, ки ман,
Чуз аз у аз хама кас бигсастам.
Кас агар гуфт: Чаро? Бокам нест,
Фош гуед, ки ошик хастам.
Косиде омад агар аз рахи дур,
Зуд бипурсед, ки пайгом аз кист.
Гар аз у нест, бигуед он зан,
Дергохест дар ин манзил нест.