Маҳфили Ҳамешабаҳор бо ширкати Ҷамолиддин Саидзода

Маҳфили навбатии “Ҳамешабаҳор” дар боги ба номи устод Рӯдакӣ, бо ширкати садҳо нафар ҳаводорони шеъру мусиқӣ ва савту калом доир гардид. “Ҳамешабаҳор” маҳфиле аз маҳфилҳои адабии Китобхонаи миллӣ аст, ки аз ҷониби шоири шинохта Хайрандеш барномарезӣ ва баргузор мешавад.

Ин бор донишманди маъруф Ҷамолиддин Сайидзода ва дастаи ҳунарии “Сипар” бо ҳузури худ базми шеъру таронаро нуронӣ карданд. 

Маҳфил чу ҳамеша аз ҳафт равза: Афрўза, (сабки хуросонӣ), Афроза (сабки ироқӣ), Афшина (сабки ҳиндӣ), Афшона (бозгашт), Андеша (шоҳбайтҳо дар сабки хуросонӣ), Ангеза (шоҳбайтҳо дар сабки ироқӣ), Ангора (шоҳбайтҳо дар сабки ҳиндӣ) иборат буд ва барои ғолибон тӯҳфаҳои зиёди хотиравӣ дошт.

Аз ҷумла, барои  ишғоли ҷойи якум соати дастии фирмавии гаронарзиш, барои ҷойи дуюм телевизори қиматбаҳо дар назар дошта шуда буд.

Ҷамолиддин Саидзода ғолиби ҷойи аввал эълон шуд ва ҷойи дуюм насиби  донишҷӯи соли 4 уми факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Толибҷон Саидҷалолов дар шоҳбайтхонӣ гардид. 

Ҳамчунин, ба 10 нафар иштирокчии фаъоли маҳфил бо маблағи пулӣ сарфароз гардиданд.

Фарзонаи МИРЗО