«Терроризму экстремизм – ҷаҳолату гумроҳӣ
Дар шароити ҷаҳонишавии фарҳанг, вусъат гирифтани фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва гурӯҳҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи осудагӣ ва сулҳу суббот дар кишвар ба яке аз вазифаҳои муҳим мубаддал гаштааст. Азбаски имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун «вабои аср» ба амнияти ҷаҳони муосир шинохта шудааст ва он на танҳо ба марзу бум, балки ба ҳастии миллату ҳастии инсоният таҳдид месозад, муқовимат бар зидди он кори ҷонии ҳар як фарди ҷомеаи соҳибфарҳанг ва бонангу номус аст.
Дар ин равобит омӯзгор, муҳаққиқ ва нависандаи маъруф Садриддин Ҳасанзода китоби худро зери унвони «Терроризму экстремизм – ҷаҳолату гумроҳӣ» манзури хонандагон гардонида, дар саҳифаҳои он аз оқибатҳои фоҷиабори ҳаракатҳои террористӣ ва ифротӣ ҳушдор медиҳад. Яъне асар ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз ва ҳалталаби замони муосир бахшида шуда, он бо забони содаву оммафаҳм иншо гардида, дар 18 мақола аз ҳаёти имрӯза, афкору андешаи муҳаққиқро дар худ фаро гирифтааст. Муаллиф кӯшиш ба харҷ додааст, ки таъсири манфии ҳаракатҳои тундгароию ифротгароии ҳизбу равияҳои гуногуни зиддиинсонии муосирро мавриди баҳс қарор дода, ҷанбаъҳои гуногуни манфии онро барои инсоният баён намояд. Мақсади асосии нависанда пеш аз ҳама тарбияи ҳисси ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ, таъсир ба ҷаҳонбинӣ ва такмили мафкураи ҷавонону шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муқовимат ба тарғибгарони ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротӣ ва шомилшавӣ ба онҳо мебошад. Муҳтавои китоб пеш аз ҳама ба талаботи моддаи 8-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ), ки бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-уми декабри соли 2003, № 69 қабул шудааст, пурра мувофиқат менамояд. Дар он аз ҷумла омадааст, ки: «Бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятӣ давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар доираи ваколатҳояшон бо тартиби афзалиятнок чораҳои пешгирӣ, аз ҷумла тарбиявӣ, тарғибии ба пешгирии фаъолияти экстремистӣ равонашударо мегузаронанд». Дар ин равобит, китоби «Терроризму экстремизм – ҷаҳолату гумроҳӣ», агарчанде аз ҳаёти нависанда ва андешаву ақидаҳои ӯ таҳия гардида бошад ҳам, метавон онро ҳамчун сарчашмаи корбарӣ дар баргузории чорабиниҳо бо наврасону ҷавонон ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар масоҷиду макотиб, корхонаву идора ва ташкилотҳои ватаниву хориҷӣ дар баландбардории дониши шунавандагон нисбат ба зарари ифротгароию терроризм васеъ истифода намуд.
Муҳаққиқ ва нависандаи мушикоф бо мисолҳои гуногун пайдоиши хурофот, ифротгароӣ ва терроризмро дар равобит бо ҳаёти ҷомеа ва беэътиноии бошандагони он мавриди назар қарор дода, зарарҳои хурофоту ифротгароиро ба насли нави ҷомеа, ки аз нодонию камхонӣ ба доми он меафтанд ба тарзи фоҷиабор нишон додааст.
Қайд кардан лозим аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид медоранд, ки: «Терроризм дин, миллат ва ватан надорад». Дар ҳақиқат бисёре аз террористону экстремистонро мебинем, ки ба дигар дину оин ҳамбастагӣ доранд ва дар ҷангҳои Шом (Сурия) аз тамоми қитъаҳои дунё, аз ҷумла ҳамватанони гумроҳи моро низ бо ваъдаҳои бардурӯғ ҷалб намудаанд. Аксари онҳоро ҷавонони аз нигоҳи сиёсӣ хом, аз хониши китоб дур ва аз вазъи ҷаҳони муосир бехабар ташкил менамоянд.
Бо дарки амиқи масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ишора намудаанд, ки ба тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ аз ҷониби аҳли ҷомеа зоҳир карда шавад. Бори дигар Сарвари муаззами мо дар Паёми худ таъкид намуданд, ки: «ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҳар як шаҳрванди кишварамон ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».
Бинобар ин, китоби Садриддин Ҳасанзода «Терроризму экстремизм – ҷаҳолату гумроҳӣ» дар тарбияи ҷаҳонбинии наврасон ва ҷавонони тоҷик дар дарки ватандориву ҳувияти миллӣ ниҳоят зарур арзёбӣ мегардад ва хуб мешуд, ки онро бо теъдоди бештар чоп карда, ба тамоми китобхонаҳо, макотиби миёнаву олӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва идораву ташкилотҳои ватаниву хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда тариқи ройгон тақсим кунанд.
Китоб ба аксари дастандаркорони кор бо ҷавонон, ҳокимиятҳои маҳаллӣ, макотибу масоҷид, ташкилоту идораҳои ватаниву хориҷӣ дар кори тарғиботию ташвиқотӣ ёрии беғаразонаи худро хоҳад расонид.
Қурбоналӣ БУРИЗОДА,
номзади илмҳои таърих
Директори «Хонаи китоби Тоҷикистон»