Меҳргон иди фаровонист

Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дўстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рўёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дўстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои қадимтарини мардумони форсу тоҷик мебошад, ки  ҳамчун  иди меҳру муҳҳабат, дўстию рафоқати  одамон ба якдигар, накукорӣ, тантанаи ранҷи кашидаи барзгарон аст, ки ниёкони мо баъди ҷамъоварии ҳосил таҷлил мекардаанд.  Ин ҷашн рўзи 16- и меҳр, ки онро рўзи Меҳр меноманд, баргузор мегардад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи Митракона  ё  Митра зикршуда аст ва таърихи чаҳор ҳазорсола дорад.

Ин ҷашн баробари инкишоф ёфтани корҳои деҳқонӣ ва ҷорӣ шудани тақвими деҳқонӣ пайдо шудааст. Меҳргон асосан иди ҳосилот аст ва дар саршавии фасли тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад, ки он бо ҳисоби  милодӣ аз 23 сентябр то 22 октябр  давом  меёбад. Деҳқонон дар ҳамин рўзҳо ба ҷамъоварии ғалла сар мекарданд. Мувофиқи достонҳои қадима гўё Фаридун дар ин рўз ба Заҳҳок ғолиб меояд ва ўро дар кўҳи Дамованд ҳабс мекунад. Дар ин рўз мардум ба якдигар номаҳо менавиштанд, табрик мекарданд, тўҳфаҳо тақдим менамуданд. Панҷ рўзи аввал ҷашни ҳамагон буда, онро Меҳргони  омма ё кўчак меномиданд, рўзи шашум ҷашни  расмӣ буда, онро шоҳ бо аҳли дарбор ҷашн мекарданд, ки Меҳргони  бузург   меномиданд.

Дар давраи Сосониён ҷашни Меҳргон бисёр бошукўҳ ва ботантана мегузашт. Ҷашнгирии Меҳргон ба иди Наврўз хеле монандӣ дорад. Мардум хонаю дарашонро тоза мекарданд, беҳтарин либосашонро мепўшиданд, худро зебо намуда, ба идгоҳҳо  мерафтанд. Умуман, дар ин рўз ҳама ба якдигар   меҳрубониҳои  зиёд мекарданд.

Баъди Инқилоби Октябр дар байни деҳқонони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, анъанаҳои  нав, ба мисли иди ҳосилот   пайдо шуда буданд. Ба ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид. Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 таҳти рақами 538, дар тамоми гўшаю канори кишварамон бошукўҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Ба истиқболи ин рўзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон  саҳми арзанда  мегузоранд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои сегонаи машҳуру маъруфи мардуми тоҷику форс мебошад ва пайдоишу такомул ва таҳаввули минбаъдааш асосан бо шуғли кишоварзӣ ва рўзгори аҳли фарҳангу гоҳ шуморӣ марбут аст, бо дастури Асосугзори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иди бостонӣ ҳар сол моҳи октябр чун иди миллии давлатӣ бошукўҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Меҳргон тибқи андеша  ва эътиқоди ниёгони мо дар рўзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст. Он дорои эътидоли  кайҳонӣ буда, дар ин  айём рўзу  шаб баробар мешавад ва  ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд. Мувофиқи ойини гузашта­гонамон, дар рўзҳои ҷашни Меҳргон маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд. Аз ин рў, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб будааст, Абуабдуллоҳи Рўдакӣ дар мавриди ҷашни Меҳргон гуфтааст:

Малико ҷашни Меҳргон  омад,

Ҷашни  шоҳону хусравон омад.

Манучеҳри Домғонӣ бошад, мефармояд:

Омад  хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон,

Пурфайз бод хони Шумо, аз нуру нору арғавон…

Меҳргон ҷашнест табиӣ. Айёмест, ки ба табиат, ба салтанат ва рўзгори мардум  иртибот дорад.

Валиев Ҷамил - корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Барчаспҳо: