Доктор Шамсулҳаққи Ориёнфар дар бораи намоиши Нуриддини Ҷаронӣ “Ҳидоят”. Оғози наве дар театри Тоҷикистон

Театр дар Тоҷикистон аз мақом ва тавоноии баланде бар­хурдор аст. Тамоми лаҳзоти як намоиши театрӣ дар Тоҷикистон аз таҳарук ва пўёӣ аст, ба гунае, ки бинанда ҳаргиз наметавонад диққату таваҷҷўҳро баргирад ва ҳат­то дар бисёре аз намоишҳо бинанда то поёни намоиш худ­ро фаромўш мекунад. Дар канори ин театри Тоҷикистон аз он низ ҳувайдо мегардад, ки гоҳ-гоҳ намоишҳои майдониву бузургро, ки рўзгор ва ҳаёти як қаҳрамонро бо гунаи зинда тамсил ме­намояд, ба намоиш мегузорад, ба гунаи намоиши "Спита­мон" ва ғайра. Ҳамин моя ва пояи баланд аст, ки ҳамеша шоҳиди пешрафти ҳунари театр дар Тоҷикистон ҳастем. Дар ҳамин раванд аст, ки дар ин авохир боз ҳам таҳаввули бузургеро дар театри Тоҷикстон мебинем ва он ироаи гунаи нав ва бошукўҳи намоишҳои ирфонӣ аст.

Намуди комил ва мактаби навини намоиши ирфониро мо дар намоиши "Ҳидоят" аз Театр-студияи "Тавҳид" шо­ҳид ҳастем. Намоишномаи "Ҳидоят" асарест манзум, та­вас­сути коргардон ва шоири тоҷик Нуриддин Ҷаронӣ таълиф шуда, ба саҳна омадааст. Дар ин намоишнома Ҷаронӣ дидору мулоқоти ҳазрати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Шамсиддин Муҳаммади Табрезиро ба намоиш кашидааст. Дар ҳамин ҷо бояд ёдовар шавем, ки таваҷҷўҳ ба ирфону маънавият, ки мавриди пазириши ҷомеъаи Тоҷикистон мебошад, қабл аз театри “Тавҳид” оғоз гар­дидааст. Мо шоҳиди ба рўи саҳна омадани намоиш­нома­ҳои “Шайх Санъон”, “Даҷҷол”, “Юсуфи гумгашта” буда­ем, ки тавассути ҳунармандони театри “Аҳорун” ба шеваи бисёр хубе ироа гардидааст. Бинобар ин чаро намоиш­номаи "Ҳидоят"-ро оғози нав дар театри тоҷик мехонем?

Дар табйин ва бозшиносии ин вижагӣ ба гунаи тамҳид бояд ёдовар шавем, ки Нуриддин Ҷаронӣ дар таълифи ин асар дар драматургӣ ва муҳтавою моябандии намоиш роҳи нарафтаро хостааст биравад ва аз дунболи корҳои мукаррар ҳаракат накардааст.

Аз ин коргардон то ба ҳол дар ҳудуди дувоздаҳ асар шояд ба саҳна омада бошад, ки аз он шумор аст намоиш­номаҳои: "Мазори ошиқон", "Ҳикмати себ", "Боз як дос­тон", "Найеро к-аз ҷудоӣ шикоят дошт...", ва намоиш­но­маи "Ҳидоят". Хусусияти кори Ҷаронӣ ва театри ир­фонии ўро ба истиноди намоиши "Ҳидоят" мавриди та­ваҷ­­ҷуҳ қа­рор медиҳем ва тафовути онро бо дигар намоиш­номаҳои ирфонӣ бармешуморем:

1."Ҳидоят"–намоишномаи манзум аст ва таълифи як шоиру нависандаи муосири тоҷик, дар ҳоле ки дигар намоишҳои ирфонӣ бештар аз матни классикӣ истифода намудааст, ки бо як навъ маҳдудият рў ба рў будаанд.

2. Забони шоир бисёр пероста ва дур аз ҳар навъ хашу завоид (чизҳои зиёдатӣ) ва дар ниҳояти оростагии шаклу муҳтавост. Гузашта аз он, мояҳо ва ҷавҳари шоирона, ки як назмро ба шеър табдил мекунад, дар ин асар хеле қа­вист, то ҷое, ки мешавад ин асарро лиҳози шеърӣ мавриди арзёбӣ қарор дод. Шояд ин асар марҳалаи навине бошад дар шеъри тоҷик, ба гунаи ин абёт:

Зи ҳайрат фитна шуд бедор бин, эй нури чашмонам,

Чӣ ҷойи таъна шўришҳост дар даври дилу ҷонам.

Ба ранги нолаи тасбеҳ шаръам шеър мезояд,

Ҳама шеърам, ҳама шеърам, ҳама шеърам, кунун ҷонам.

Ё ин шеър, ки ҳолати шўри Мавлоноро мунъакис месозад:

Эй ишқи шириново,

Эй ошиқи ҷонафзо.

Чӣ ранги наво ин ҷо,

По сар шудаву сар по.

Дилро ба шакар шўстӣ,

Бўе расад аз ҳалво.

Занбўри наво моро,

З-ин рў бибарад боло.

Аз давлати бедорӣ,

Огаҳ шудаам, оваҳ,

Ин турфа, ки мебинӣ,

Машғул ба сад ғавғо.

3. Илқоҳи маънавӣ. "Ҳидоят" маънавияти азимеро ин­ти­қол медиҳад ва ироъа мекунад, бе он ки онро нақл ку­над. Нуриддин Ҷаронӣ дар ин асар як бори дигар бар­хўрди Мавлоно ва Шамсро таҷриба мекунад. Умқи эҳсос ва танаввуъи ҳолоти отифӣ ва баёни гудозноку шўрангези офаринишгар нишон медиҳад, ки ирфонро дар хеш ҳазм намуда ва чашидааст. Дар ғайри он абёт аз чунин танину на­вою шўр бархўрдор намегардид ва маънавияти Мавло­но бо ин зебоӣ ироа намешуд:

Эй табиби ошиқон, хуш омадӣ, хуш омадӣ,

Эй давои дарду ҷон, хуш омадӣ, хуш омадӣ.

Гашта охир қомати сарвам камон вақти қиём,

Ҷониби қоматнавон, хуш омадӣ, хуш омадӣ.

Рафтиву ман мурда гаштам ҳамраҳи ин мурдагон,

Сўйи ман, эй зиндаҷон, хуш омадӣ, хуш омадӣ.

4. Пурмоягӣ. Намоиши "Ҳидоят" ва рамзҳои зарифи орифонаро бо тавоноӣ баён мекунад ва ин нишон меди­ҳад, ки муаллиф бо мутолиаи зиёди осори ирфонӣ ва дар­ку фаҳми амиқи осори Мавлоно ба ин поя расидааст.

5. Танзим ва ироаи ором ва ғайри маъмул. Пайванди шакл ва муҳтаво дар ин асар бисёр жарф ва органик аст. Ҳаракати персонажҳо мутобиқ ба муҳтавои асар созгории зебое дорад.

6. Нигоҳи имрўз ва ҳадафмандӣ. Ҷаронӣ дар офари­ниши бархўрди Шамс ва Мавлоно намехоҳад барои би­нан­даи имрўз саргармӣ эҷод кунад ва ўро ба тамошои як рўйдоди интизоъӣ ва муҷаррад дар ҳафсад сол пеш биба­рад. Ў ҳадаф дорад, мехоҳад огаҳӣ ва бедориро илқо ку­над. Асле, ки барои Инсон рисолат ва масъулият меофари­над. Илм бидуни огаҳӣ дар мавориде метавонад ғуруро­фарин ва гумроҳкунанда бошад, ҳамчуноне ки Мавлоно бо ҳама дониш худро дар залолат медонист ва дониш­манди имрўз низ дар набуди огаҳӣ метавонад дар хидмати ғайр бошаду мусамири самаре нагардад. Ҷаронӣ дар ин асар мехоҳад нишон диҳад, ки роҳи наҷоти имрўзиён низ дар огаҳӣ аст, ки бояд бо он ороста гарданд, ҳамчуноне ки Мавлоно аз Шамс ба он огаҳӣ расид.

7. Масъулиятпазирӣ ва кашидани бори мардум. Муал­­лиф чунин амал мекунад, ки як лаҳза эҳсоси масъули­­­ят дар баробари мардумро фаромўш намекунад. Аз ин ҷост, ки Мавлоноро интихоб мекунад ва бо ин сужа ба ҳамагон фарёд мезанад: "К-эй бехабарон роҳ на ин аст, на ин аст!" ва менамояд, ки роҳ кадом аст. Роҳе, ки Мав­лоноро ба давлати ишқ мерасонад:

Мурда будам,зинда шудам, гиря будам, ханда шудам.

Давлати ишқ омаду ман давлати поянда шудам.

Партави ҷон ёфт дилам, вошуду бишкофт дилам,

Атласи нав ёфт дилам, душмани ин жанда шудам.

8. Гиреҳкушоӣ. Поёнаи намоиш низ гиреҳкушойи омўзанда ва гиройӣ дорад. Агар фарҷом рўшаниёбии Мав­­­лоно ҳаяҷонангез ва истисноӣ аст, Нуриддин Ҷаронӣ бо сароиши абёти зебо, ки он дигаргуниро ба хубӣ мера­сонад ва саҳнаороӣ ҳисоб шуда, кулбаи муҳаққари зо­ҳидо­­наи Мавлоноро ба киштии тўфанда табдил ме­кунад, ки бо амвоҷи дарёи ҳақиқат ба сўйи нокуҷоҳо шиновар аст ва қат­ра­ро ба дарё табдил мекунад. Мавлонои безор аз деву дад билохира Инсони комилро дармеёбад ва Ну­рид­дин Ҷаро­нӣ он паёмро дар фарҷоми сухан хуб овар­дааст, ки солик аз ғаму гумроҳӣ наҷот меёбад ва Инсони комил мегардад:

Шодӣ, ки дида ин сон, к-омад ба асл инсон,

Аз деву дад чӣ монда, ғайри яке фасона?

Одам ба боғи олам чун гул шукуфт, эй ғам,

Мардум туро надорад дигар дар ин миёна.

9. Кори ошиқона. Намоиш нишон медиҳад, ки Нурид­­­дин Ҷаронӣ ошиқи кор ва офаридаи худ аст. Ў чунон самимона дар он фурў рафтааст, ки гоҳ-гоҳ худро фаромўш мекунад ва аз забони Мавлоно сухан мегўяд, гўё худ Мавлоно шудааст. Чунин ишқе дар кор ва дар офари­ниш асарро то авҷҳо боло мебарад. Фикр мекунам, агар ҳунари Тоҷикистон ин ҳунармандро боло бардорад, саҳи­фаи навинеро дар театри Тоҷикистон эҷод ва дастгирӣ хоҳад кард.

Шамсулҳаққи Ориёнфар,

донишманди Афғонистон,

доктори улуми филологӣ

Барчаспҳо: