Рӯзи Куруши Кабир. Фарзонафарзанди миллатро бояд шинохт. Бахши аввал

“Эй инсон, ҳар ҷо, ки бошӣ ва ҳар ҷо, ки биёӣ, зеро медонам хоҳӣ омад, ман Курушам, ки барои порсиҳо ин давлати бекаронро бунён ниҳодам, бад-ин мушти хок, ки маро пӯшондааст, рашк мабар!...”

Ва мегӯянд: Искандар вақте ин навиштаро барояш тарҷума карданд, сахт таҳти таъсир қарор гирифт. Зеро ба хотир овард, ки азамати инсон чӣ қадр машкук ва нопойдор аст. (“Эрони бостон”, нақл аз Плутарх, банди 90).

Ин чанд ҷумла аз сарсухани Бостонӣ Поризӣ, донишманди эронӣ ва мутарҷими  китоби Мавлно Абдулкаломи Озод “Куруши Кабир – Зулқарнайн” иқтибос шуд. Китоб соли 2019 дар нашриёти “Адиб” чоп шуд ва онро аз хати форсӣ ба крилӣ Раҳмоналӣ Мирализода баргардон кардааст.

Дар сарсухани китоб, ки ба қалами профессор Нуриддин Сайид навишта шудааст, мехонем: Таърихи  башариятро  бе  корномаи  шахсиятҳои  миллӣ,  сиёсӣ,  динию  фарҳангӣ   ва  кашфиёту  таълифоти  нобиғаҳои арсаҳои  мубориза  ва  илму  ҳунар  наметавон  тасаввур   кард.  Ҳар  гоҳ  ба саҳифаҳои  таърих ба дидаи   таҳқиқ  бингарем, ба  сароҳат  дармеёбем,  ки марҳилаҳои  рушд ё  инқирози  қавмияту  миллатҳои  ҷаҳон  ба зуҳур ва суқути шахсиятҳои алоҳида  робитаи  қавӣ  доранд. Ҳатто  гоҳо  чунин тасаввур   мешавад,  ки   ҳамин шахсиятҳо аз зумраи  паёмбарону подшоҳон ва қаҳрамононеанд, ки такондиҳандаю  таҳаққуқбахши ҳодисаҳою  воқеаҳо  дар  масири  таърих  мебошанд. Аз ин  дидгоҳ,  ҳар қавмею  миллате   дар  арсаи  ҷаҳон   бо  шахсиятҳои   миллӣ-таърихии  хеш   ифтихор менамояд   ва  осори  фарҳангию  таърихии   хешро   тавассути  ин  шахсиятҳо  ба  аҳли  олам  муаррифӣ  мекунад.  Бинобар ин, аз  ин нуқтаи  назар  таърих  на  танҳо  фанни  гузашташиносист,   балки илми ояндасозӣ  ва  мактаби ибрати  инсоният  низ ба ҳисоб меравад...”

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам фармудаи ибратбахше ба Куруши Кабир доранд, ки ин ҷо меорем:  «Куруши  Кабир  яке  аз  бузургтарин  шахсиятҳои  таърихи аҳди қадим ва бунёдгузори тамаддуни  давлатдории  комилан   нав  буда,  ҳазорсолаҳо  чун шоҳаншоҳи одил, сиёсатмадори  зираку  тезҳуш,  пуштибони  адолату  ростӣ,  кафили ҳуқуқу озодиҳо  ва  ҳомии  сокинони қаламраваш шуҳрат ёфтааст”.

 Китоби «Куруши Кабир - Зулқайрнайн»  нахустин асари тадқиқотӣ – тафсириест, ки бар асоси  иттилооти   Қуръонӣ,  таърихӣ- бостоншиносӣ  ва  манҳаҷи илмии мантиқу қиёс шахсияти таърихӣ ва сираи маънавии Зулқарнайни  мазкур дар Қуръони  Каримро  ҳамаҷониба  тафсир  ва  таҳлилу  баррасӣ  намуда,  бо далелу бурҳонҳои қотеъ Зулқайрнайни асилро ба хонанда муаррифӣ  менамояд. Китоб дар баргирандаи  пажўҳишҳои илмии мутарҷими он  Бостонии Поризӣ ва бахши тафсири сураи «Қаҳф» аз  тафсири Мавлоно  Абдулкамоли  Озод   бар  Қуръони  Маҷид  аст.

Бахшида ба Рӯзи Куруши Кабир охирсухани китоби «Куруши Кабир - Зулқайрнайн» -ро дар чанд бахш чоп мекунем ва бовар дорем ҳар касе онро мутолиа мекунад, барои худ чизи тоза меёбад. Аммо пешопеш мегӯем, ки мо танҳо охирсуханро ба хотири як пажӯҳиши том ва посух ба се суоли хеле муҳим мебошад, чоп мекунем. Ба шумо тавсия медиҳем, ки барои маълумоти комилтар ҳосил кардан дар бораи Куруши Кабир худи китобро мутолиа намоед.

АЗ ОХИРСУХАНИ КИТОБИ "КУРУШИ КАБИР - ЗУЛҚАРНАЙН"

...Ин китоб воқеан чароғест, ки роҳи моро дар шинохти як давраи хеле муҳиму ибратомӯзи таърихи қавмҳои ориёӣ – даврони салтанати шоҳони Ҳахоманишӣ, равшан мекунад ва ҳақиқатест, ки ба суолҳои зиёди мо дар мавриди шахсияти Зулқарнайни мазкур дар Қуръони карим ва мутобиқати аҳволи шоҳаншоҳи Эрони бостон Куруши Кабир бо зиндагии Зулқарнайн ва иллати иштибоҳан Зулқарнайн хонда шудани Искандари Мақдунӣ аз ҷониби як идда таърихнигорону аҳли адаби тоҷику форс посухҳои сареҳу қотеъ медиҳад. Ранҷҳои кашидаи Мавлоно Абулкаломи Озод дар таҳқиқ ва ташхиси шахсияти Зулқарнайн, ки пас аз гузашти беш аз ду ҳазору панҷсад сол ин ҳақиқатро дар партави раҳнамоии Қуръони карим ва сарчашмаои таърихиву осори бостонӣ кашф кард, воқеан як муъҷизаи илмӣ ва амале шоистаи таҳсин аст. Он чи ки Мавлоно Абулкаломи Озод дар мавриди шинохти Зулқарнайн дар ин рисола анҷом додааст, ҳеҷ касе аз муар-рихину муфассирини Қуръони карим бад-ин истидлолу бурҳонҳои қотеъ накардааст.

Пас аз мутолиаи ин асари пурарзиш дар зеҳни хонандаи тоҷик суолҳое матраҳ мешаванд: Иллат чи будааст, ки дар фарҳанги форсӣ–тоҷикӣ лашкаркаши румӣ Искандари Мақдунӣ шоҳаншоҳи Эрони бостон Куруши Кабирро иваз кардаву фазоили хосаи ӯро «аз они худ» кардааст ва бо кадом сабабҳо ин ҳақиқат аз диди муҳаққиқону таърихнигорон ва адибону муфассирон пинҳон мондааст ва чаро бузургони адабиёти мо ба ҷои «Курушнома»-ҳо «Искандарнома»-ҳо навиштаанд? Чаро баъзе таърихшиносони муосир Курушро на чун як шахсияти боризи озодибахши таърихи ҷаҳон, балки бештар ба ҳайси як лашкаркаши хунрезу ишғолгар тасвир кардаанд? Оё масагетҳо, ки тибқи баъзе ривоёт Куруши Кабир дар ҷанги онҳо кушта мешавад, гузаштагони тоҷикон будаанд ва ё қавме барои тоҷикон бегона?

Аз суоли охир шурӯъ кунем. Масагетҳо кистанд ва дар куҷо сукунат доштаанд? Падари таърих – Ҳеродот дар «Таърих»-и худ менависад: «…Қафқоз аз ҷониби ғарб бо баҳри Хазар ҳаммарз аст, аммо дар шарқ аз самти тулӯи хуршед саҳрои нопайдоканоре дар ҷавори он аст. Қисмати умдаи ин саҳрои бузургро масагетҳои мазкур ишғол мекунанд, ки Куруш тасмим гирифт бар онҳо ҳамла барад». Дар ин гуфтовард комилан мушаххас аст, ки макони сукунати масагетҳо на Осиёи Миёна – ватани таърихии тоҷикон, балки саҳроҳои васеъ дар миёни силсилакӯҳҳои Қафқоз ва баҳри Хазар аст, ки бо номи Каспий низ маъруф мебошад

Роҷеъ ба урфу одот, суннатҳо ва тарзи зисти масагетҳо Ҳеродот афзудааст: «Ҳар як нафари онҳо бо як зан издивоҷ мекунад, вале онҳо бо ин занон якҷоя зиндагӣ мекунанд… Ҳар гоҳ марди масагет ба зане таваҷҷуҳ намояд, хилъати худро бар сардари манзили ӯ меовезад ва сипас бо он зан аҳлона омезиш мекунад… Аммо агар касе аз онҳо ба синни амиқи пирӣ бирасад, ҳама хешовандон ҷамъ мешаванд, ӯро куштаву қурбонӣ мекунанд ва гӯшти ӯро бо гӯшти ҷонварони қурбонии дигар якҷо мепазанд ва мехӯранд. Чунин марг ба-рои онон шарафи бузург маҳсуб мешавад» .

Ҳеродот дар бораи касбу кори масагетҳо менависад: «Масагетҳо гандум кишт намекунанд, зиндагиашон ба туфайли чорводорию моҳидорист (дар рӯди Аракс моҳӣ фаровон аст), ҳамчунин шир мехӯранд. Ягона худое, ки онҳо мепарастанд, Хуршед аст» .

Тавсифоти Ҳеродот ба вузӯҳ ин маъниро мерасонад, ки масагетҳоро бо ниёкони тоҷикон ҳеҷ нисбат ва умумияте нест. Гузаштагони тоҷикон, тавре маълум аст, суғдиҳову бохтариҳо будаанд ва маҳалли сукунати эшон низ паҳнои сарзаминҳои Суғду Бохтар будааст, на саҳроҳои миёни риштакӯҳҳои Қафқозу баҳри Хазар (Қазоқистони кунунӣ) ва онҳое, ки рӯди Араксро рӯди Сир пиндоштаанд, хатои маҳз кардаанд, зеро аз Осиёи миёна то миёнҷои Қафқозу Хазар фосилаи андак нест. Зоҳиран, «интиқоли майдони ҷанги Куруши Кабир бо масагетҳо аз миёнҷои Қафқозу Хазар ба соҳили рӯди Сир дар Осиёи миёна» таҳрифи ҳадафмандонаи таърих аз ҷониби баъзе таърихшиносонест, ки мехостаанд бо аҳдофи геополитикӣ дар миёни қавмиятҳои Эрони таърихӣ навъе кинаву адовати таърихӣ бикоранд.

Тибқи иттилои сарчашмаҳои таърихӣ ниёгони тоҷикон мардумоне будаанд кишоварзу шаҳрнишин, ки дар саргаҳи ташаккули тамаддуни минтақа қарор доштаанд, на мардуме бадавию барбарӣ, ки дар «Таърих»-и Ҳеродот тарзи зисти масагетҳо зикр шудааст. Дар он замоне, ки акнун Зардушти паёмбар зуҳур кардаву дини яктопарастӣ аз Шарқ ба Ғарби Эрон нуфуз мекард, ниёгони тоҷикон дар Бохтару Суғд онҳое будаанд, ки ба ойнини Маздясно гаравидаанд ва Худоро ба ягонагӣ шинохтаанд ва тарғибгари пиндору кирдору гуфтори нек будаанд, на қавме фурӯмонда дар ботлоқи хурофоту фасоди ахлоқ.

Масъалаи дар ҷанги масагетҳо ҳалок гардидани Куруши Кабир низ иттилои чандон дақиқу қобили эътимоди таърихӣ нест. Зеро худи Ҳеродот ҳам бар ин амр эътироф кардаву дар китоби хеш гуфтааст: «Аз ҳикоёти зиёди оид ба марги Куруш ин қисса ба назари ман муътамадтар омад». Тавре меби-нем, ҳанӯз дар замони Ҳеродот, ки баробар бо салтанати сулолаи Ҳахоманишӣ аст, роҷеъ ба марги Куруши Кабир риво-ёт гуногуну зиёд будааст ва ин, ки баъзе таърихшиносони муосир тоҷиконро ворисони масагетҳо медонанд ва бо исти-нод аз ҳикояти Ҳеродот «сари Куруши ишғолгарро дар маш-ки хун тар мекунанд», бо воқеияти таърихӣ ҳамхонӣ надорад. Муаррихи дигари юнонӣ Ксенофонт марги Куруши Кабирро як марге табиӣ ба қалам додаву васиятномае ҳам аз ӯ таъриф кардааст, ки ба ҷои худ оварда хоҳад шуд.

Сарчашмаҳои таърихӣ доир ба ҷангҳо ва хунрезиҳои бераҳмонаи Куруши Кабир дар сарзаминҳои Суғду Бохтар иттилоъ надодаанд. Ин ҳам як далели дигарест бар он, ки Куруш ин манотиқро бидуни ҷангу хунрезӣ таҳти фармони худ даровардааст. Ҳатто метавон гуфт, ки суғдиёну бохтариҳо ва дар маҷмӯъ қавмиятҳои Эрони Шарқӣ бо порсиҳову модиҳои ҳамтабори хеш дар Эрони Ғарбӣ иттиҳоди ихтиёрӣ ва ҳадафмандонае кардаанд, то як шоҳаншоҳии фарогири Шарқу Ғарби Эрони таърихиро таъсис диҳанд. Чунин ишораро дар як гуфтугӯи миёни Куруш ва Гуштосп (Виштосб) аз нақли Ҳеродот метавон дарёфт. Ҳеродот мегӯяд: «Баъди убури рӯди Аракс дар сарзамини масагетҳо Куруш чунин хобе дид: Дар шонаҳои писари бузурги Гуштосп писари Аршом аз табори Ҳахоманиш – Дориюш, ки он замон ҷавони тақрибан бистсолае буд, ду бол рустааст, ки яке Осиё ва дигаре Аврупоро фаро мегирад. Куруш ҳангоми бедорӣ дар бораи маънии ин хоб андеша кард ва пайомади онро муҳим арзёбӣ намуд. Сипас Гуштоспро ба ҳузури хеш хонд ва гуфт: «Гуштосп! Писари ту дар ҳаққи ман ва мамлакати ман қасди бад дорад. Ин ба ман ошкоро маълум аст ва ман ба ту мегӯям аз куҷо». Ва Куруш хоби дидаи худро ба Гуштосп гуфт, аммо Гуштосп ба шоҳаншоҳ Куруш чунин посух дод: «Шоҳо! Нозода беҳ порсе, ки қасди ҷони ту кунад ва агар чунин касе ҳаст, марг бар ӯ бод! Зеро туӣ он наҷотбахше, ки порсҳоро аз вартаи бардагӣ бадар овардӣ ва фармонравои дигарон кардӣ» .

Ин ҷо як нуктаро тавзеҳ ва таъкид бояд кард, ки Гуштосп ҳамон подшоҳест аз силсилаи шоҳони каёнии Балх ва Дори-юши Бузург фарзанди Гуштосп аст, ки ҳашт сол пас аз марги Куруш ва вафоти писари ӯ Камбуҷия, инони қудратро дар императории Ҳахоманишӣ ба даст гирифт. Тавре аз ин гуфтугӯ бармеояд, Гуштосп бар қудрату мақоми Куруш ҳамчун шоҳаншоҳи Эрони бузург эътироф ва эҳтиром дорад ва сидқи муомилаи Гуштосп бо Куруш баёнгари он аст, ки раҳбарони Шарқу Ғарби Эрон дар ин иттиҳоди сиёсӣ ҳамфикриву якдилӣ зоҳир кардаанд. Чун ба назари таҳқиқ бингарем, силсилаи подшоҳони Ҳахоманишӣ ҳамоно идомаи салтанати подшоҳони Каёнист, ки аз Шарқ ба Ғарби Эрони бо-стон интиқол ёфтааст.

(Идома дорад)

Барчаспҳо: