70 соли китобшиноси маъруф
Нашр шуд 2020-12-07 10:47
Ҷўрабой Раҷабов 8 декабри соли 1950 дар деҳаи Оҳалики ноҳияи Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон таваллуд ёфтааст ва пас аз хатми мактаб-интернати №12-и ба номи Ю.А.Гагарин (ҳаштсола)-и ноҳияи Тайлоқи вилояти Самарқанд ба Душанбе меояду ба Омўзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоӣ (воқеъ дар ноҳияи Ленин, ҳоло Рўдакӣ) дохил мешавад. Тайи се соли таҳсил ў соҳиби маълумоти миёнаи макхсуси китобдорӣ мегардад ва бо роҳхати Вазорати маданияти ҷумҳурӣ ба Китобхонаи ҷумҳуриявии Тоҷикитстон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ фиристода мешавад. Ин аст, ки ў тайи 45 соли ҳаёти бобаракати хешро барҳри рушду нумўи Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ ва соҳаи китобдорӣ сарф намудааст. Ҷўрабой Раҷабов соли 1973 ба шўъбаи ғоибонаи факултаи китобдории Донишкадаи давлатии маданияти Маскав дохил мешавад. Таҳсил ва дарсҳои пурмўҳтавои олимони варзидаи риштаи китобдорӣ барои ташаккули чаҳонбинии илмию касбии Ҷўрабой Раҷабов шароит фароҳам оварданд.
Идомаи матлаб: Ошноӣ бо Ҷӯрабой Раҷабов