Ҳафтоду панҷ соли Майсара Дилдорова

   Майсара Дилдорова аввали ин моҳ ба синни мубораки 75 қадам гузошт. Аз ҷумла ҳунармандонест, ки миёни сокинон аз маҳбубияти хос бархӯрдор аст. Ҳам сароянда ва ҳам ҳунарм анди саҳнаи театр. Даҳҳо образҳои мондагори офаридаи вай ҳамомо миён и мардум қобили эҳтиром аст. Имрӯз ҳам дар саҳна аст ва ҳарчанд камтар кори эҷодӣ мекунад, вале машваратгари хубест барои ҷавонон.

   Дилдорова Майсара (тавалудаш 2.8.1944, ш. Хоруғ), ҳунарпеша ва сарояндаи тоҷик (сопранои лирикӣ). Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон (1985).

   Фаъолияти ҳунариашро дар дастаи ҳаваскорони санъати мактаби миёнаи шаҳри Хоруғ оғоз намудааст (1955). Аз соли 1960 сароянда ва ҳунарпешаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров буд.

   Аз услуби миллии мактаби сарояндагии Дилдорова, махсусан дар иҷрои сурудҳои лирикӣ бештар зоҳир гардидааст. Барномаҳои эҷодияш ғанӣ ва пурмазмун буда, сурудҳои мардумии халқҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шўравӣ (ўзбекӣ, қирғизӣ, қазоқӣ, озарӣ, русӣ) ва халқҳои Шарқ (арабӣ, афғонӣ, ҳиндӣ, эронӣ)-ро дар бар мегирад.

   Беҳтарин сурудҳои Дилдорова «Бахти ман дар Тоҷикистони ман аст» (оҳанги Қ. Яҳёев, шеъри М. Ҳайдаршо), «Милая мама» (суруди русӣ, оҳанги Ляшко), «Байрам галур» (суруди халқии озарӣ), «Ситораҳо», «Моҳи Шуғнон» (оҳанги Қ. Шоискандаров, шеъри М. Ҳайдаршо) мебошанд.

   Майсара Диловарова инчунин дар саҳнаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ як силсила нақшаҳои асосиро бозидааст. Нақшаҳои бозидаи Дилдорова бисёр ҳаётӣ, ҷолибу таъсирбахш буда, сифатҳои наҷиби қаҳрамони онро нишон медиҳанд. Гулқурбон («Тошбек ва Гулқурбон»-и Ғ. Абдулло), Гулбаҳор («Бой ва хизматгор»-и Ҳ. Ҳакимзода), Ситора («Бахти шумо бахти ман аст»-и М. Миршакар), Латофат («Тўй»-и С. Ғанӣ) ва ғайра.

    Соли 1986 дар фестивали «Роҳи абрешим» дар Ҷопон ширкат намудааст. Дар рўзҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар Дилдорова ба манзури пайванд намудани риштаҳои гусастаи дўстӣ бо аввалин корвони санъати Бадахшон дар саҳнаҳои Душанбе ва Хатлон ҳунарнамоӣ намудааст.

   Соли 1999 ба ИМА ва Канада сафари ҳунарӣ дошт. Дар тўли фаъолияти эҷодияш дар саҳна зиёда аз 30 нақш бозида, бештар аз 200 суруду оҳанг офаридааст.

   Ҳоло дар дастаи ҳунарии «Навои Бадахшон» ба ҳайси мушовир фаъолият мекунад. 

Бунафша Абдураҳимова,

мутахассиси шуъбаи адабиёт

доир ба фарҳанг ва ҳунар.