Ҳар сол дар таърихи 27-уми июн мардуми баландиқболи саросари кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ҷашни ваҳдати миллиро бо хушнудӣ ва хушҳолии беандоза таҷлил мекунанд. Ин иде аст, ки садо аз хотимаи ҷанг ва башорат аз пирўзиҳои сулҳу субот медиҳад. Муқаддас, шарафмандидест, чаро ки он ҳосили ҷидду ҷаҳд ва кўшишҳои шабонарўзиҳо, натиҷаи ҷонбозиҳои самарабахши сулҳхоҳон аст, ки дар тўли ҳафт сол талошҳо доштанд, то мо ба ин рўзи пурфайзи оромию ободӣ расем. Ин рўзи таърихӣ воқеан ба марҳилаи нави такомули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшида, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устувору мусоидро фароҳам овард. Бинобар бахшида ба 22 –умин солгарди Ваҳдати миллӣ аз ҷониби корманди шуъбаи нигаҳдории китоби Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷамил Валиев дастури методӣ таҳти унвони «Сулҳу ваҳдат мароми мост» баҳри китобдорони ҷумҳурӣ оиди таҷлили ин ҷашни муборак ва дар самти баланд таҷлил намудани ин ҷашни муборак омода карда шудааст.