Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ …» бо эълони ғолибон ба поён расид
Нашр шуд 2019-12-16 12:01
14 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» аз рӯйи чор номинатсия ва рақобат барои Шоҳҷоиза ҷамъбаст гардид. Ғолиби Шоҳҷоиза бо гирифтани 225, 5 хол хонандаи муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Бунёд Раҳнамо дониста шуда, ба ӯ Шоҳзоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 50000 сомонӣ тақдим гардид. Дар чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода, аъзои ҳакамон, иштирокчиёни озмуни мазкур, волидайни иштирокдорон ва намояндогони васоити ахбори омма ширкат намуданд.
Раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар расми ифтитоҳи бахши хотим авии Озмун гуфт: «Ҳадафи асосии баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа буд. Имрӯз натиҷаи он исбот намуд, ки ҳақиқатан мардуми тоҷик мисли гузаштаи хеш китобдору китобхон мебошанд».
Академик Раҳмонзода таъкид кард, ки ин озмун бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Раиси комиссияи Озмун ғолибони чор номинатсия ба ин тартиб муаррифӣ кард:
Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик»:
Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Имрониддин Сарфарозиддин.
Ҷойи дуюм — 25000 сомонӣ ба Сафармоҳи Аҳмадбек.
Ҷойи сеюм — 20000 сомонӣ ба Шабеҳа Раҳнамо.
Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик»:
Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Шукрона Хоҷамқулова.
Ҷойи дуюм -20000 сомонӣ ба Рухшона Нурова.
Ҷойи сеюм -15000 Мосума Шоҳмуродзода .
Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик»:
Ҷойи якум -25000 сомонӣ ба Муҳаммад Раҳнамо.
Ҷойи дуюм — 17000 сомонӣ ба Зебонисои Азизиён.
Ҷойи сеюм — 13000 сомонӣ ба Бинямини Илҳом.
Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон»:
Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Шабнам Одинаева.
Ҷойи дуюм -20000 сомонӣ Насиба Ҳафизова.
Ҷойи сеюм — 15000 сомонӣ ба Шобегим Маликшоева.
Азизмоҳ Панҷшанбезода аз вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барои маҳорату дониши хуб доштан, аз ҷониби ҳакамон барои гирифтани 10 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати маориф пешниҳод гардид.
Ҳамчунин чанд нафар ятимони кул ва хурдсолоне (Озодаи Саид, Ҷуррахон Тошов, Лайло Рӯзибоева, Ҳумайни Кароматуллоҳ, Аҷикуллоҳ Ҳусейнов ва Сайрам Файзова), ки дар озмуни мазкур дониши баланд доштанд, аз ҷониби Вазорати маориф бо 3 ҳазор сомонӣ мукофот пулӣ пешниҳод гардиданд:
Маврид ба ёдоварист, ки охири моҳи декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барои ғолибон мукофотпулӣ тақдим мегардад.