Равшангари маърифати мардум. Аз Гунди Шопур то Китобхонаи миллӣ

Аниси кунчи танҳоӣ китоб аст, 

Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст.

Оре, китоб ёр, беҳтарин дўстдору ғамхор нишондиҳандаи ҳаёти осоиштаву мададгори инсон аст. Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Агар кас як умр ба мутолиаву омўзиши он машғул бошад, чизеро талаф намедиҳад. Китоб ба инсон беҳтарин розҳо, маълумотҳо ва маъхазҳои зарурию ҳаётофаринро ҳадя месозад. Китоб беҳтарин ёвар ва маслиҳатгари кас буда, ҳаёту зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба навро меомўзонад. Миллати сарбаланди тоҷик ба китобдорию китобхонӣ аз қади­мулайём арҷ мегузошт ва қаламу дафтару девонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт менамуд, барояш китоб бонги бедорию ҳушёрӣ буд. Тоҷи­кон онро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омўзгори беминнат мешуморанд, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурўғи субҳи доноӣ» медонистанд.

Аз фарҳангистони даврони Сосониён - «Гунди Шопур» ёд овардан кифоят аст, ки китобхонаи бузургаш аз 250 ҳуҷра ибрат буд, ҳазорҳо китоб ба паҳлавию юнонию санскрит ва ғайра он ҷо ҳифз мешуданд. Хоса замони Сомониёни волотабор аксари шаҳрҳои қаламравашон китобхонаҳо доштанд, дар Бухоро бузургтарин ва ғанитарин китоб­хонаи давр - «Сивон-ул-ҳикмат» («Савонулҳикма») бунёд ёфт, ки замина ба илми китобдорию китобшиносии миллиамон гузошт. Маҳз ҳамин аҳди дурахшони Сомониён буд, ки забони ноби тоҷикӣ – форсӣ шакл гирифт, чеҳраҳо ва ситораҳои дурахшони илму адаб қад баланд карданд, фарҳанги воло боиси ҳастӣ ва пойдории минбаъдаи миллат, таъриху забони он гардид.

Аммо таърих гувоҳ аст, ки китобу китобхонаҳо мушобеҳи қисмати миллати тоҷик борҳо дар шуълаи оташи аҷнабиёни яғмогар сўхтаю хокистар шудаанд. Зиёни маънавии аз тўфони кашмакашиҳои хунин давоми асрҳо ба миллатамон расидаро мушкил аст дар тарозуе барка­шиду аз рўи ягон меъёр арзёбӣ кард. Бовуҷуди ин тоҷики сарбаланд бо густурдагӣ ва нерўмандии тамом асло ба маҳтоб қаноат намекард ва ҳамеша аз тиразамон офтоб меҷуст, алорағми ҳама азобу азодориҳо наҳаросида ба ҷароҳатҳои маънавиаш менигарист, дилмурда, ғамгин, парешонҳолу афсурда намегашт, намегузошт, ки заминаи маънавии ҳам­бастагӣ ва ҳамназарии миллат суст гардад.

Намояндагони барҷастаи қавмамон аз шикастҳои таърихӣ пайваста меандешиданду бо нолиш дарди миллати уқёнусфарҳанги самандар­қисматро ифшо мекарданд. Ин аст, ки тоҷикон таги по нашуданд, дар ҳошияи таърих намонданд. Талошҳои аҷдоди боназокатамон дар офари­ниши китоб ва мероси хаттӣ самар оварданд. Китобу китобхона хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медоранд, роҳи инсонҳоро бо нури донишу маърифат равшан месозанд, ганҷинаҳои тамаддуни башариро ҳифз менамоянд. Дар ин  кор Китобхонаи миллии Тоҷикистон нақши бузург дорад. Тўли мавҷудияташ рисолати бузурги ҷамъиятӣ ва маъри­фатию иттилоотиро ба таври шоиста анҷом бахшид, ҳамчун маркази беназири илму фарҳанг мартаба ёфт. Ин қаср дар як ҷойи бисёр зебою барҳаво ва мусаффои шаҳр сохта шуда, ҳар касро тез ба сеҳру афсуни худ мекашад. Он дар маркази шаҳр, дар бари майдони Озодӣ, паҳлўи  муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Боғи устод Рўдакӣ, Хонаи  Радио, рў ба рўи Қасри Миллат ва муқаддасоти миллӣ, дар миёни бузургтарин муассисаҳои илмию фарҳангӣ, сиёсию  иҷтимоӣ, боғҳои фароғатӣ ва муассисаҳои таълимӣ ҳамчун коҳи бузурги ҳикмат, мўътабартарин қасри маърифат қомат афрўхтааст, ки як гўшаи хотири ҳамаамон ба он банд аст, онро  чун модар, падар, ҳамчун дилбар азизу гиромӣ медорем.

 Маҳз ҳамин Китобхонаи миллӣ ҳаст, ки дар дили мо муҳаббату садоқат афзуда, чароғи тафаккурамонро равшан гардонида, бароямон шоистатарин сифатҳо эҳдо менамояд, ки ба халқу миллати худ, ба ҳамаи мардуми дунё некхоҳу гиромиқадр бошем. Китобхонаи миллӣ ҷойи муқаддас аст, ҳар кӣ ба он ворид гардад, нури сафо мебинад, дурбину болидатабъ мешавад, донишманд, дар оянда ҳакиму мутафаккир берун меояд. Китобхонаи миллӣ, ҳамин хел, ба хонандагони худ беҳтарин, шоистатарин хислатҳо бахшида, ўро дар маънавият баркамол мегардонад, шояд дар дунё дигар ҳеҷ чиз ин дараҷа ба инсон меҳрубон набошад, чӣ хеле, ки китобхона садоқат  карда  метавонад. Вай хотираи халқ, абадияти маънавияти миллат ва  умуман нерўи заковати донишмандони сайёраи Замин мебошад. Имрўзҳо боиси хушҳоливу хушнудист, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  ҳар рўз бо теъдоди зиёди хонанда аз китобхона истифода мебаранд. Барои ҷалби тамоми гурўҳи хонандагон ҳамасола бо теъдоди зиёд чорабинӣ баргузор карда мешавад. Хусусан бахшида ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2019 ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оғоз гардид. Ҳайати кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон толори «Фурўғи субҳи донои китоб аст» созмон доданд, ки дар он ганҷинаи илму дониш ва  тамоми адабиётҳо: адабиёти классикӣ; адабиёти муосир; адабиёти бачагона; адабиёти ҷаҳон  ва ғайра гирд оварда шудааст, ки гурўҳи васеъи хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон баҳри баланд бардошати маърифати суханронӣ худ  аз он истифодабари намоянд

Ҳоло дар ҳаёти Тоҷикистони азиз нусрату дастбурду беҳбуду пирўзиҳоро дар ҳамаи ҷабҳаҳо метавон ҳама­рўза баршумурд ва ин ҳама дар диламон оҳанги ифтихору шукр мена­возанд, пас боястӣ роҳҳои тавҳиду ҳамгароӣ, ки оинаи тамомнамои азамату халлоқияту иззат ва имрўзфурўзу фардобари миллати моанд, бо ибтикороти савобу тозакориҳои азим, баҳри тақвияти озодию истиқлолу пешрафт бипазирем. Имрўз Китобхонаи миллии Тоҷикстон на танҳо рамзи ифтихор, балки санади рахшони такомули пояҳои маънавии истиқло­лияти миллии мо маҳсуб меёбад.

Валиев Ҷамил,

корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Барчаспҳо: