Пешвои миллат ва рушди китобу китобдорӣ
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари пешрафти дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа барои рушди китобу китобдории миллӣ шароити воқеан мусоид фароҳам овард. Дар як мудати кўтоҳи таърихӣ ин соҳаи ҳаётан муҳимми иҷтимоӣ-фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Қабули як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатии рушди соҳа, ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон, таъсиси мағозаҳои китобфурўшӣ дар тамоми манотиқи кишвар, баргузории якчанд намоишгоҳи байналмилалии китоб, озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ оид ба китобу китобхонаҳо, махсусан озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, нашри силсилаи осори адибони муосир ва классики тоҷику форс, назири “Китобхонаи мактаб” ва «Ахтарони адаб» (иборат аз 50 ҷилд), таҷлили Рўзи китоб, бунёди биноҳои нави китобхонаҳо ва таҷҳизонидани онҳо бо технологияҳои муосири иттилоотӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор мераванд.
Дар ин росто, ҳар як иқдом ё санае, ки дар заминаи олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Сарвари давлат арзи вуҷуд намуда, роҳандозӣ мешаванд, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус мактабиён, донишҷўён, наврасону ҷавонон ва умуман қишрҳои гуногуни ҷомеа мегарданд.
Тавре ки Пешвои миллат зимни гузоштани хишти аввали бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон зикр намуданд: “Мехоҳам бо камоли ифтихор зикр намоям, ки тоҷикон аз қадимулаём соҳиби фарҳанги баланди китобдориву китобхонӣ буда, ба килку қалам ва девону дафтар арҷ мегузоштанд ва онҳоро чун гавҳари пурқимат эҳтиёт макарданд. Зеро халқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омўзгори беминнат, ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурўғи субҳи доноӣ медонистанд”.
- Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар ҷодаи суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавии қишрҳои гуногуни ҷомеа бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амри Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли дуюм аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» доир гардида истодааст.
Имрўз вақти он расидааст, ки китобхона дар ҷомеаи муосир нақши тарбиявӣ, иттилоотӣ ва маърифатии хешро дар сатҳи баланд иҷро намояд. Вале барои дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани таъйиноти иҷтимоии китобхонаҳо, пеш аз ҳама, савияи донишҳои тахассусии кормандони онҳоро баланд бардоштан лозим аст. Аз ин рў, бо мақсади боло бурдани салоҳияти касбии китобдорон ҷиҳати сари вақт ва ба таври мукаммал қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти иттилоотии истифодабарандагони китобхонаҳо, мусоидат намудан ба раванди худшиносӣ, ватандўстӣ ва маърифатноксозии афроди ҷомеа, инчунин тарғиби ҳамаҷонибаи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа андешидани тадбирҳои зеринро ба мақсад мувофиқ медонем:
- ба роҳ мондани чопи васеи дастурҳои гуногуни илмӣ-методӣ ба ёрии тамоми кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ новобаста аз тобеияти идоравӣ;
- ба талаботи рӯз мувофиқ гардондани намуди берунӣ ва дохилии ҳамаи китобхонаҳои давлатию оммавӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои кору фаъолияти кормандон ва хониши истифодабарандагон;
- тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи бартарияти китоб дар баландбардории маънавиёти мардум, такмили донишу маҳорат, малакаҳо, тарбияи ҳисси хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ;
- бо мутахассисони баландихтисоси соҳавӣ таъмин намудани китобхонаҳо;
- ташкили овезаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар ҳар як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бавижа дар китобхонаи мактабӣ;
- барои ҷалби бештари хонандагон ба мутолиаи китоб дар китобхонаҳои давлатию оммавӣ ҳамасола ташкил намудани озмуни «Хонандаи сол»;
-роҳандозии сомонаи расмии Озмун;
-ташкили чорабиниҳои китобхонавию иттилоотӣ, аз қабили суҳбату вохўриҳо, намоиши китобҳо, шабнишиниҳои илмию адабӣ, конфронсҳо, муаррифии таърихи китобу китобдории тоҷик, баргузории маҳфилҳои илмию адабии «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ», «Нури маърифат», «Ваҳдат дар пироҳани ҷавонӣ» ва амсоли ин омили муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихорӣ ватандори мегарданд.
Ба андешаи мо, вақти он расидааст, ки ба хотири дарки ҳарчи бештари моҳияти давлатдории миллӣ, тарбияи ҳисси муҳаббату ифтихор нисбат ба ин Ватани биҳиштосо, ки дар ҷаҳон бе мислу монанд аст, дар муассисаҳои фарҳангӣ кишвар, аз ҷумла китобхонаҳои давлатию оммавӣ ҳамасолаи озмуни «Китоб хонӣ, ҷаҳон донӣ!» баргузор гардад ва ба ғолибони он дар қатори дигар туҳфаҳо ба хотири ҳарчи бештар огоҳӣ ёфтан аз таърихи пурифтихори миллати тоҷик ба хубӣ воқиф гардида, тақдим намудани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аз манфиат холӣ нест.
Хушбахтона, тайи чанд соли охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафтҳои чашмгири сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию илмӣ ноил мегардад. Ин ҳама, бешубҳа, ба пешрафти фаъолияти муассисаҳои маърифатии кишвар мусоидат мекунад. Ходимони китобхонаҳои давлатию оммавӣ бо дарназардошти талаботи замон усулҳои нав ба нави корро роҳандозӣ менамоянд, то теъдоди бештари хонандаро ба хониш ҷалб созанд.
Шариф НАБОТОВ,
муовини декани
факултаи китобдорӣ
ва иттилоотшиносӣ