Ин миллат бо китоб зинда аст

Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҳар давру замон китобхонаҳо вуҷуд дошта, барои рушди зеҳнии башарият хидматҳои шоиста низ кардаанд. Маъхазҳои таърихӣ ва сарчашмаҳо мавҷудияти китобхонаҳоро дар асрҳои қадим ҳам тайид кардаанд.

Вале ба тарзи оммавӣ қарор гирифтани китобхонаҳо ба замони Сосониён ва Сомониён рабт дода мешавад, ки китобхонаҳои азими оммавӣ ва намунаҳои авали феҳристбандии маҳзанҳо ташкил шуда буд. Агар таърихи китобдории миллати тоҷикро ба давраҳои дур нисбат медиҳанд, ин воқеият дорад ва ҳамеша миллати тоҷик барои рушди зеҳнияти худ ба китоб рўй оварда, китобро ганҷи шойгон ва ҳамнафаси ҳамешагӣ медонисту медоанд.  Яке аз ин ганҷинаҳо Китобхонаи миллии Тоҷикистон аст, ки дорои миллионҳо адад китоб мебошад. Муҳаққиқи соҳаи китобдориву китобхонашиносӣ Шарифҷон Комилзода, Китобхонаи миллии Тоҷикистонро «Рукни беназири фарҳанги миллӣ» гуфта, нақши онро «дар ташаккули тамоми бахшҳои кишвари ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистони соҳибистиқлол» назаррас ва бузург маънидод кардааст.

Таърих гувоҳ аст, ки дар баробари набудани дастгоҳҳои чопӣ ва коғазу маводҳои лозима миллати тоҷик дар пӯсти ҳайвонот ва сангпораҳо андешаву афкори худро менавиш ва ба ояндагон мерос мегузошт. Махзанҳои пажўҳишӣ ва шахсиятҳои таърихӣ шаҳодат додаанд, ки баъд аз замони ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ ба Осиёи Миёна  ҳазорҳо сарчашмаҳо ва катибаҳо несту нобуд карда шуда, қисмати зиёди онҳо ба кишварҳои аврупоӣ интиқол дода шудаанд. Ин таҷрибаи талх дар замони ҳуҷуми арабҳо низ такрор шуда, китобҳои зиёди муҳаққиқон ва китобхонаҳои оммавӣ ҳамчун манбаи бидъат  сўзонда шудааст.

Таҳоҷуми Чингизу Темури ланг низ болои фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва махсусан болои китобу китобхонаҳо офати шадид овардааст. Сўзонда шудани ганҷинаи бебаҳои миллат ба монанди «Савонеҳ-ул-ҳикма» яке аз зарбаҳои шадиди фарҳангӣ аст. Дар баробари ин ҳама боз ин миллат аз китоб рўй нагардонида, ба китобу китобхонаҳо худро васл намуд.  

Вале миллат боз ҳам эҷод кард, китоб навишт, китобхона бунёд кард, ганҷи шойгонро дар он гирд овард. Ва мисоли рушани он дар даврони мо ҳамин Китобхонаи миллӣ аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфт.  Дар замоне, ки кишварҳои олам силоҳу танку туфанг месозанд, вале миллату давлати тоҷик китобхона бунёд намуд.  

Президенти кишвар аз нахустин рӯзҳо ба китобу китобхонӣ таваҷҷуҳи хоса доштанду дорпанд. Гувоҳи ин ду озмуни бузурги умумиҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” мебошад, ки соли гузашта бори аввал ва ҳоло бори дуюм доир мешавад.

Афзоиши омадурафти хонандагон ба толорҳои хониш ва афзуда шудани сафи аъзои китобхлона гувоҳи он аст, ки ин миллат то ҳаст бо китоб хоҳад буд. 

Зумратбӣ Имомова,       

Раиси Шўрои бонувони Китобхонаи миллӣ

Барчаспҳо: