Дар нуҳ моҳи соли равон ба узвияти Китобхона 14805 нафар пазируфта шуда, шумори хонандагони он дар умум ба 207186 нафар расидааст. Дар ин бора имрӯз дар ҷаласаи ҳисоботи нуҳмоҳаи фаъолияти Китобхонаи миллӣ директори Китобхона профессор Файзализода Ҷумахон Хол иброз дошт. Вай аз ҷумла гуфт, ки таҳлил нишон дод, ки аксари нав ба узвияти китобхона пазируфташудагон донишҷӯёни макотиби олӣ ва хонандагони мактабҳои миёна мебошанд.
Бино ба гуфтаи Ҷумахон Файзализода дар ин нуҳ моҳ бештар аз ҳама аз донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (978) нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд. Аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – 840, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур – 630, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино – 530, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон – 490, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон – 350, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон – 250, Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон – 205, Филиали Донишгоҳи Москва дар шаҳри Душанбе – 55, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон – 460, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон – 440, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода – 380, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода – 170, Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон – 120, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа – 60, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов – 60 ва ғайра.
Хонандагони коллеҷҳо – 1090, муассисаҳои таълимии умумӣ – 2400, литсей ва гимназияҳо – 960 ва муқаррарӣ – 900 нафар ба узвият қабул шудаанд.
Дар ин нуҳ моҳ 40 шаҳрванди хориҷӣ низ узви Китобхонаи миллӣ шуда, 70 шахси маъюб низ соҳиби корт шудаанд.