Парчам – баёнгари ормонҳои миллат

Яке аз рамзҳои давлатдории мустақил барои ҳар як миллат мавҷудияти  парчами давлатӣ ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихору сарбаландии мо аст, ки яке аз суннатҳои дерину бостонии давлатдории мо, нишони шукўҳу шаҳомат ва нангу номуси миллии аҷдодони сарбаланди мо дар даврони Каёниён ин дирафш ё ба ибораи дигар «Дирафши Ковиён» буд. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёти гуногун, ки то замони мо расидаанд, дурустии андешаи моро собит менамоянд.

То давраи суқути давлати Сосониён ба хотири ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, ободиву озодӣ зери «Дирафши Ковиён» ҳазорон нафар фарзандони бузурги миллати мо ҷонсупориҳо кардаанд. Сипас, дар аҳди Сосониён парчами ниёгони мо шаклан таѓийр ёфта, ба сифати бахти иқболи накў ва ояндаи дурахшон дар он симои мурѓи ҳумо ҷойгир дода карда шуд, ки он барои давраҳои баъдинаи таърихи давлатдории миллӣ ҳамчун ҳидоятгару раҳнамои аҷдодони мо хизмат кард.

Агар ба таърихи парчами миллии тоҷикон бо ҳусни андеша ва таври амиқ назар афканем, маълум мегардад, ки дар замонҳои қадим ҳатто ҳар як паҳлавони номвари миллати тоҷик дирафши хосси худро дошт ва тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намуданд, ин андеша дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ зикр гардидааст. Аз ин хулоса бармеояд, ки тоҷикон дорои таъриху ойину суннатҳои деринаи давлатдорӣ ва парчамдорӣ будаанд. Ҳамин боис гардидааст, ки дар тўли таърихи пурпечутоби миллат парчам ба сифати беҳтарин васила дар рўҳияи хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ нисбат ба арзишҳои волои таърихию фарҳангӣ хизмат кардааст.

Бо гузашти ҳазорҳо сол имрўз дар даврони таҳаввулоти азими ҷаҳони муосир парчам бо шарофати сиёсати хирадмандона ва амалҳои созандаву бунёдкоронаи фарзонафарзанди ватандўсту бонангу номуси миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар қалби ҳар фарди ҷомеа ба вожаи воқеан волову муқаддас табдил ёфтааст.

Дар ҷаҳони муосир, дар радифи дигар рамзу муқаддасот - Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ мавҷудияти  парчами миллӣ ин нишони ҳастиву соҳибдавлатӣ, истиқлолият, ваҳдату якдигарфаҳмӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки парчами давлатии Тоҷикистон ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои муҳимми фарҳангиву варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории миллати сарбаланду соҳибтамаддуни тоҷик барафрохта мешавад.

Аз ин рў, қобили таъкид аст, ки мо аҳли фарҳанг бо истифода аз тамоми имконияти мавҷуда бояд аз паси андешидани тадбирҳое бошем, ки ҳар як фарди  ҷомеа, махсусан ҷавонону наврасони имрўза, ки ҳанўз таҷрибаи кофии ҳаётӣ надоранд, нисбат ба ин сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ арҷ гузоранд, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар арсаи олам ба таври шоиста ба ҷо оранд ва талқин карда тавонанд. Дар росто муассисаҳои фарҳангии кишвар тамоми воситаву имконияҳоро доранд. Ташкили чорабиниҳои китобхонавию иттилоотӣ, аз қабили суҳбату вохўриҳо, намоиши китобҳо, шабнишиниҳои илмию адабӣ, конференсияҳо, муаррифии таърихи парчами миллӣ, маҳфилҳои илмию адабии «Дирафши Ковиён», «Парчамдорони Ватан», «Парчами мо – ифтихори мо», «Парчам – нишони ҳастии миллат» ва амсоли ин омили муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихорӣ ватандорӣ мегарданд.

Ба андешаи ин ҷониб, вақти он расидааст, ки ба хотири дарки ҳарчи бештари моҳияти парчам ва давлатдории миллӣ, тарбияи ҳисси муҳаббату ифтихор нисбат ба ин арзишҳои миллӣ дар муассисаҳои фарҳанги кишвар, аз ҷумла китобхонаҳои давлатии оммавӣ ҳамасолаи озмуни «Парчам-нишони ҳасти мо» баргузор гардад ва ба ѓолибони он дар қатори дигар туҳфаҳо ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба ин муқаддасот нишони сарисинагии парчами миллӣ  тақдим гардад.

Дар мавриди тарбияи ҳисси эҳтирому арҷгузорӣ ва муҳаббат нисбат ба парчами миллӣ Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки «ҳамчун нишони сарисинагӣ бо худ доштани парчам ё онро дар ҳаҷми воқеиаш дар гӯшаи хонаву корхона овезон намудан беҳтарин изҳори муҳаббат ба Ватан ва давлату миллат хоҳад буд. Ин аст, ки дар аксар мамлакатҳои пешрафтаи имрӯза ҳар як шаҳрванд кӯшиш менамояд, ки дар хонадонаш ҳаддиақал як парчами миллии худро дошта бошад.

Пас мо низ ҳамчун ворисони сазовори яке аз асосгузорони дирафшҳои бузурги шоҳиву давлатӣ дар ҷаҳон бояд аз чунин иқдомоти созанда, ки барҳақ дар роҳи худшиносиву ифтихори миллӣ ва таҳкими давлатдории навинамон саҳми бевосита гузошта метавонанд, васеъ истифода намоем»

Воқеан, пешниҳоди Пешвои миллат бисёр муҳим ва созандааст, зеро аз он рўзе, ки мо соҳиби парчам гардидем, дар ҳаёти ҷомеаи тозабунёди кишвар дигаргуниҳои азим ба вуқуъ пайваста, барои рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва фарҳанг шароитҳои мусоид фароҳам омаданд. Ҳамкориҳои гуногунҷанбаи иқтисодиву дипломатӣ, илмию фарҳанги Тоҷикистон бо аксарияти кишварҳои узви Созмони Миллали Муттаҳид ва ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ тавсеа ёфта, обрўю эътиборои кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ба маротиб боло рафт. Ин боис гардид, ки Парчами миллӣ мо дар радифи  парчами кишварҳои дигари олам мақоми шоистаи худро ба таври устувор устувор нигоҳ дорад, ки ин бешак мояи ифтихору сарбаландӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба миллати тоҷик мебошад ва мо бояд аз он шодкому рўҳбаланд бошем.

 Дар баробари ин, олимону муҳаққиқони тоҷикро зарур аст, ки саҳифаҳои номакшуфи давлатдорию парчамдории моро бо ҳусни зеҳн ва мушикофона мавриди тақиқ қарор диҳанд, сарнавишти «Дирафши Ковиён» ва кўшишу заҳматҳои Пешвои миллатро дар самти андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба қабули Парчам ва дигар муқаддасоти миллӣ бо далелҳои қотеона ба мардум нишон диҳанд.  Чунки муқаддасоти миллии мо, аз ҷумла Парчами миллӣ дар лаҳзаҳои ниҳоят ҳассоси таърихи миллати мо қабул карда шуданд, ки барои расидан ба ҳадаф дар он аём дар баробари нангу номус доштан, боз ҷасуриву далерӣ ва фидокориву қаҳрамонӣ лозим буд. Бинобар ин, мо бояд шукўҳу шаҳомати онҳоро барои хештаншиносӣ, истиқлолу сарҷамъӣ, ваҳдату ягонагӣ дар адабиёти бадеии ватанӣ ва хориҷӣ тараннум ва таҷассум намоем. Зеро ин қарзи виҷдониву шаҳрвандии адибону олимон ва ҳар як фарди ватандўсту худогоҳ мебошад. 

Дар охир орзумандам, ки Парчами миллӣ – рамзи соҳибдавлатии тоҷикон ва фидокориву қаҳрамониҳои мардуми мо барои истиқлолу ободӣ ва озодӣ, ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат ва баёнгари муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ба Ватани хеш то абад парафшон бошад ва меҳри Ватанро дар қалби мо афзунтар намояд.

Зафари ШАРИФ,

Декани факултаи

китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ.

Барчаспҳо: