Нақши китоб ва китобхонаҳо дар ташаккули тафаккури миллии насли наврас
Истиқлолият Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонд. Сиёсати «дарҳои кушода» ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд обрӯ ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд. Истиқлолияти давлатӣ дар як муддати кӯтоҳ тавонист дар афкору андешаи ҷомеа тағйироти куллӣ ворид намояд. Аз ҷумла, самтҳои гуногуни фарҳанг, махсусан фарҳанги китобу китобдорӣ дар даҳсолаи охир хеле рушду равнақ ёфт.
Таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон ба китобу китобдорӣ дар даврони истиқлолият тадриҷан омили устувори рушди бемайлони ин соҳаи барои ҷомеа ҳаётан муҳим гардид.
Агар аз як тараф барои заминаи моддиву иқтисодӣ ва ҳуқуқии рушди соҳаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконоти васеъ фароҳам оварда бошад, аз ҷониби дигар дар таҳкими пояҳои назариявӣ, илмӣ-методӣ ва амалии он муҳаққиқону мутахассисони соҳа саҳми назаррас гузоштанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маросими гузоштани хишти аввали бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон санаи 4 сентябри соли 2007 иброз доштанд, ки: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти китобдорӣ дар мамлакат минбаъд низ тадбирҳои судманд меандешад» [5, с. 3]. Ҳамчунин, Сарвари давлат дар ҳамин маросим эълон намуда буданд, ки минбаъд ҳар сол 4 сентябр ҳамчун «Рӯзи китоб» таҷлил карда шавад. Инак, соли 12 - ум аст, ки Рӯзи китоб дар кишвари мо таҷлил мегардад ва дар доираи ин ҷашнвора Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе низ доир мешавад.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2019) ба масъалаи китобу китобдорӣ, мутолиаи китоб, бавижа китобҳои бадеӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид карданд, ки «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад» [3]. Дар ин маврид нақши тарбиявии китобу китобхона дар ҷомеа ба таври возеҳ таъкид гардидааст.
«Воқеан, дар ин ҷаҳони пур аз афкору андеша ва таълимоту ғояҳои пуртаззод баҳри тарбия ва такомули инсони комил муҳимтар аз китоб воситаеро дарёфтан душвор аст». [4, с. 15].
Бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон «асоси методологии тарбияро дар кишвари мо тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангӣ ташкил медиҳад, ки моҳияти он таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ мебошад» [2].
Дар навбати худ яке аз воситаҳои муассири ташаккули тафаккури нав, ки дар адабиёти илмӣ бештар ба унвони «тафаккури миллӣ» маъмул аст ин тарбияи миллӣ мебошад. Дар «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 94 аз 3.03.2006 тасдиқ гардидааст, тарбияи миллӣ чунин арзёбӣ гардидааст: «тарбияи миллӣ ташаккули тафаккури миллии шаҳрвандро дар назар дорад. Он ифтихор аз миллати хеш, эхтиром ва гиромӣ доштани таърих ва мероси фарҳанги ниёгон, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, пайвастани таърихи гузашта ба воқеияти имрӯзаи миллат, аз нав эҳё намудани урфу одат ва анъаноти арзишманди миллӣ, дар заминаи хусусиятҳои миллӣ ривоҷ додани забон, илм ва фарҳанги миллӣ ва эҳтироми миллатҳои дигарро фаро мегирад» [2].
Пешвои миллат дар Паёми хеш ба мақоми олии қонунбарори мамлакат иброз намуданд, ки бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад. Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги хештаншиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан тарғиб ва ташвиқ намоем.
Дар идомаи ироаи Паём Пешвои муаззами миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд. Сарвари давлат вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи илмҳоро вазифадор намуданд, ки китоби мазкурро ба забонҳои байналмилалӣ тарҷума ва чоп карда, нусхаи электронии онро тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн созанд.
Ин иқдоми Пешвои муаззами миллат имкон медиҳад, ки ҳар як сокини кишвар аз таърихи пурифтихори миллати тоҷик ба хубӣ воқиф гардида, дар рушду пешрафти кишвар саҳми фаъол гузоранд. Дар Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки: «Бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров марҳила ба марҳила нашр гардида, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як оила туҳфа карда шавад»[3].
Дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси худшиносӣ, ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Зеро тамоми дастовардҳои инсон маҳз аз худшиносӣ маншаъ мегиранд. Тавре, ки Муҳаммад Ғаззолӣ барҳақ қайд намудааст «касе, ки худро нашинохта бошад ва даъвии шинохти чизи дигаре кунад, ҳамчун муфлисе бошад, ки худро таом бинатавонад додан ва даъвии он кунад, ки дарвешони шаҳр, ҳамаро таом диҳад ва ҳама нони вай хӯранд. Ва ин ҳам зишт буваду ҳам муҳол» [1, с. 127].
Имрӯз муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа соҳиби дониш ва иттилооти фаровон будан аст. Иттилооту дониш бошад асосан бо роҳи мутолиаи китоб ва дигар воситаи илмию адабӣ ба даст меояд. Аз ин рӯ, дар партави дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд.
Ҳамзамон, Пешвои миллат ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот дастур доданд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Президенти мамлакат аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар солҳои 2014-2019 аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм қариб 6 миллион нусха ва аз ҳисоби Вазорати фарҳанг беш аз 2 миллион нусха китобҳои бадеӣ ба нашр расида бошанд ҳам, вале як қисми онҳо ба гардиш ворид нагардида, то ҳол дар анборҳо нигоҳдорӣ мешаванд.
Шоистаи зикр аст, ки ҳар як иқдом ё санаде, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус насли ҷавони имрӯза ва умуман қишрҳои мухталифи ҷомеа мегардад. Дар татбиқи афкору андешаҳои пурарзиши Пешвои муаззами миллат, ки дар онҳо китобу китобхона ҷойгоҳи хоса доранд, китобдорони кишвар нақши муҳим мебозанд.
«Анъана гардидани мулоқот бо аҳли зиё, ки китобдорону мутахассисони соҳаи китобдорӣ ҳамеша иштирокчиёни фаъоли онҳо мебошанд, худ баёнгари таваҷҷӯҳи пайвастаи роҳбарияти давлат ба китобу китобдорӣ, таваҷҷӯҳ ба онҳоест, ки бо талошу заҳмат туфайли афкору андешаҳои арзишманд махзани китобхонаҳои кишварро ҷолибу ғанӣ мегардонанд» [4, с. 15].
Бо ибтикори Сарвари давлат минбаъд ҳар сол дар мамлакат озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» ва «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» миёни таълимгирандагони муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои ибтидоӣ ва миёна, муассисаҳои олӣ доир гардида, ба ин восита афроди ҷомеа ба китобу китобхонӣ ҷалб карда мешавад. Дар баробари ин Роҳбари давлат масъулонро муваззаф сохтанд, ки минбаъд фаъолияти хуби китобхонаҳоро дар мақомот, ташкилотҳо, муассисаю корхонаҳо ва ҷамоатҳои деҳот таҳти назорат гирифта, китобхонаҳо созанд ва онҳоро бо китобҳои бадеӣ ва тарҷумашудаи осори адибони ватанию ҷаҳонӣ таъмин намоянд.
Ба андешаи мо, барои хуб ба роҳ мондани фарҳанги китобу китобхонӣ, ду корро бояд анҷом дод: нахуст, таҳқиқоти ҷомеу амиқи илмӣ роҷеъ ба вазъияти китобхонӣ дар Тоҷикистон сурат бигирад, то омилҳои паст шудани сатҳи китобхонию китобдӯстӣ муайян шаванд; дувум, баъд аз анҷоми таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин масъала бо ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ барномаи вежаи ташаккули фарҳанги китобхониро дар ҷомеа бояд таҳия ва барои иҷрои он шароити мусоид фароҳам овард. Вазорату идораҳои дахлдор бояд барои тарғибу ташвиқи китобу китобхонӣ корҳои амалию таъсирбахшро анҷом диҳанд. Оид ба ин масъала дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд ҳафтае як соат барои мутолиаи китоб ҷудо карда шавад, то наврасону ҷавонон бо фарҳанги китобхонӣ ошно шаванд.
Тавре аз мушоҳида ва суҳбату вохӯриҳо бо устодону донишҷӯён бармеояд, ин иқдоми Пешвои миллат ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад. Зеро китоб яке аз беҳтарин офаридаҳои инсон буда, тавассути он насли имрӯза аз таҷрибаи гузаштагон баҳраманд гардида, афкору андешаи худро барои ояндагон ба мерос мегузорад. Зиёда аз ин, тавассути китоб - сарчашмаи муҳимтарини хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ муҳаббату садоқати афроди ҷомеа аз хурд то бузург нисбат ба Ватани аҷдодӣ афзун мегардад.
Дар робита ба татбиқи самарабахши дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат китобдорони мамлакат бояд дар самти тарғибу ташвиқи китоб, ҷалби хонандагони нав ба китобхона ва ташаккули фарҳанги мутолиаи китоб аз роҳу воситаҳои замонавии фаъолияти китобдорӣ истифода баранд, ҳамкориро бо тамоми ниҳодҳои масъули таълиму тарбия мустаҳкам намоянд.
Хулоса, китобдори имрӯза бояд фаъолияти хешро тавре роҳандозӣ намояд, ки бо шарофати он хонандае, ки аввалин маротиба ба китобхона ташриф овардааст, дар ниҳоди хеш майли пайваста ба ин даргоҳ омаданро пайдо карда тавонад.
Барои он ки хизматрасонии китобхонавӣ-библиографӣ ба категорияҳои гуногуни аҳолӣ дар сатҳи барои ҷомеа матлуб роҳандозӣ гардад, анҷом додани тадбирҳои зерин мувофиқи матлаб аст:
— ба талаботи рӯз мувофиқ гардондани намуди берунӣ ва дохилии ҳамаи китобхонаҳои давлатию оммавӣ;
— дар роҳравҳо ва пештоқи китобхонаҳо насб намудани овезаҳо ва шиорҳо дар васфи китобу китобдорӣ;
— бо мутахассисони баландихтисоси соҳа таъмин намудани китобхонаҳо;
— дар китобхонаҳои марказии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил намудани гӯшаҳо бахшида ба адабиёти нодир;
— ташкили гӯшаи махсус барои тарғиби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар ҳар як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бавижа дар китобхонаи мактабӣ;
— барои ҷалби бештари хонандагон ба мутолиаи китоб ҳамасола дар китобхонаҳои давлатию оммавӣ ташкил намудани озмуни «Хонандаи беҳтарин»;
— таъмини пурраи китобхонаҳои давлатию оммавӣ бо технологияи муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ ва пайваст намудани онҳо бо шабакаи интернет;
— барои хонандагони осебпазир (маъюбону нафақахӯрон, оилаҳои серфарзанд) ташкил намудани китобхонаи сайёр ва нуқтаҳои муваққатии китобдиҳӣ;
— ғанӣ гардондани фонди китобхонаҳои давлатию оммавӣ бо адабиёти тозанашр;
- бо муаррифии шахсиятҳои барӯманди миллати тоҷик, ки мавқеи китобу дониш дар зиндагии онҳо хеле барозанда аст, мавчудияти китобхонаи шахсӣ ҳамчун яке аз нишонаҳои мусбати хонаводаҳо аз ҷониби расонаҳо, бавижа телевизионҳои давлатӣ таблиғ карда шавад.
Адабиёт:
- Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ. Кимиёи саодат [Матн] / Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ. Ҷилди I. – Душанбе: Эр-граф, 2008.- 669 с.
- Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: [Маводи электронӣ]: Реҷаи дастёбӣ // http://maorif.tj/.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 декабри соли 2019 // Ҷумҳурият.-2019.- 26 декабр.
- Шосаидов С. (Шосаидзода С.) Сиёсати китобдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон// Китобдор: Маҷаллаи фарҳангӣ-маърифатӣ Душанбе, 2013.- № 1-3 (10) С. 14-17.
- Эмомалӣ Раҳмон. Китоб рукни муҳими тамаддуни башарӣ. Суханронӣ дар маросими гузоштани хишти аввали бинои нави Китобхонаи миллӣ, ш. Душанбе, 4 сентябри соли 2007 [Матн] // Китобдор.- 2008.-№1(3). С. 2-4.
Сафар Шосаидзода
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент,
Зафари ШАРИФ,
мудири кафедраи китобхонашиносӣ
ва библиографишиносии
ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода