Шараф бодо муаллим, арҷмандӣ…
Нашр шуд 2020-04-16 14:42
Хушбахтона, декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», номзади илмҳои педагогӣ, профессор Бозорбой Холов аз зумраи инсонҳои нексириштест, ки маҳз бо илму дониш, ҷаҳонбинии васеъ ва мутолиаи пайвастаи китоб на танҳо дар байни аҳли кормандони донишкада, балки мутахассисони соҳаи китобдории дохил ва хориҷи кишвар соҳиби ҳурмату эҳтиром ва обрӯи баланд гардидааст.
Воқеан, инсони покниҳод ва донишманд дар ҳама давру замон сазовори ҳурмату эҳтиром ва эътирофи атрофиён гардидаву тавассути пиндор, гуфтор ва рафтори некаш дар ошёни дили мардум ҷой мегирад. Камолиддин Биноӣ фармуда:
Ҳурмати илму устоду китоб,
Лозими ин роҳ аст аз ҳама боб.
Ҳар ки ӯ тарки се ҳурмат кард,
Азми идбору майли зиллат кард.
Пой аз ҳурмат он касе, ки кашид,
Андар ин роҳ ба ҳеч куҷо нарасид.
Ба ин маънӣ, дар «Насиҳатнома»-и Унсурмаолии Кайковус омадааст: «Хушбахт касест, ки дар зиндагиаш ба худ ҷои муносиб меёбаду дар раванди зиндагӣ ҳамкор ва ҳамфикрон пайдо мекунад. Чунки вай бе онҳо умр ба сар бурда наметавонад ва аз худ чизе ҳам мерос намегузорад». Бале, бузургон ҳамеша таъкид менамуданд, ки инсон бояд ҳар дам, ҳар лаҳза ва ҳар соати умрашро маҳз баҳри накукорию хайрандешӣ сарф намояд.
Устод Бозорбой Холовро аз соли 2010 мешиносам. Ҳамон вақт ӯ сарварии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии донишкадаро ба зимма дошту мо донишҷӯи кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ будам. Анъанаи неки муассисаҳои таҳсилоти олӣ он буд, ки устодон нисбат ба донишҷӯёни фаъол таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекарданд. Бозорбой Холов аз зумраи чунин устодони меҳрубон ва мушфиқу ғамхор буд. Ӯ ҳамеша шогирдонро ба донишандӯзӣ, ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ ҳидоят менамуд.
Тайи солҳои фаъолияти илмию омӯзгориаш садҳо шогирдонро тарбия намудааст, ки имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ ва берун аз он кору фаъолият намуда шарафи касби китобдориро баланд мебардоранд. Омӯзгорони ҷавон – Сайзароб Надиров, Нилуфар Равшанова, Ситора Абдумуминзода, Эраҷ Исмоилов ва муаллифи ин сатрҳо шогирдони устод буда, имрӯз дар донишкада дар паҳлуи ишон истода фаъолият доранд.
Устод дар раванди таълим пайваста таъкид мекунад, ки китоб хонем, илм омӯзем, то дар байни мардум маҳбубият пайдо намоем. Ӯ барои тақвияти фикраш мисраъҳои зери Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро қироат мекунад:
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,
Ҳар ҷо, ки равӣ азизу маҳрам бошӣ.
Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз,
То тоҷи наберагони одам бошӣ.
Мо - шогирдон аз он ифтихор дорем, ки Бозорбой Холов барин устоди арҷманд ва мушфиқу меҳрубон дорем. Ӯ падарвор моро ба роҳи рост ҳидоят мекунад, мушкиламонро осон ва рӯҳамонро болида мегардонад. Ба устоди гиромиқадр аз забони шоир мегӯем:
Шараф бодо муаллим, арҷмандӣ,
Сазовори ҳама номи баландӣ.
Зафари ШАРИФ,
мудири кафедраи китобхонашиносӣ
ва библиографишиносӣ