Бонувону модаронамон босавод бошанд
Ҳазрати Расули акрам фармудаанд, ки баъд аз имон бузургтарин дороии мард дар зиндагӣ зани донишманду шоиста аст. Ҳамзамон дар ин маврид адиб ва мутафаккири рус В. Г Билинский хеле хуб гуфтааст: «Зан маҳбубаи шаҳвар не, балке рафиқу аниси ҳаётии мост ва мо бояд ӯро ҳурмату эҳтиром кунем». И.Кант мегуяд; «Зане, ки ғайр аз рўз кур кардан кору бори дигар надорад, дере нагузашта аз худаш безор мешавад».
Зан сарчашмаи ҳаёт, ҷароғи рўзгор ва оинаи зиндагист. Дар тӯли таърих ҳамеша занон дар набардҳои зиндагӣ бо мардони дар хатти мусовӣ буда, барои ободу зебо намудани ин зарзамин аҷдодиамон талош ва мубориза бурдаанд.
Хушбахтона, дар замони истиқлол ба зан модар арҷи беназир гузошта шуд. Бори аввал 3-декабри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеъа» ба интишор расид.
Банда сарчашмаҳои арҷ гузоштан ба зан модарро аз назари тахрих ҷустуҷў намуда, назири арҷ гузоштан ба зан-модарро ба мисли Пешвои муаззами миллатамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тули таърих дар наёфтам.
Зеро ҳар сол бо ташаббуси Президенти Кишвар 1000 нафар духтарони деҳотӣ аз қаламрави ҷумҳурӣ тариқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таълимӣ шомил мешаванд.
Банда аз ин иқдом ифтихор намуда, барои ин эътибори беназир, ки таърих назирашро надидааст ба Пешвои муаззами милат, Эмомалӣ Раҳмон арзи минатдорӣ менамоям. Ва чанд андешаҳоямро барои ҷалби ҷавондухтарон бо таҳсил байён месозам.
Падарон ва бародарони гиромӣ Шумо барои хондани духтаронатон ҳеҷ гоҳ монеъа эҷод накунед. Баракс барои онҳо ба муассисаҳои таълими роҳ ёфтанашон кумаку ҳидоят кунед.
Зеро духтарони Шумо дар оянда зан - модар шуда, насли ояндаи башариятро тавлид месозанд. Онҳо ҳамеша Шумо падарон ва бародарони азизу гиромиро дўст медоранд, ва дар рўзи дастовардҳои Шумо ашки шодӣ ва дар рўзи ғаму андўҳи Шумо ашки ғам мерезанд. Ин дилсўзии онҳоро шоири ширинкаломи мо Бозор Собир хуб тасвир намудааст.
Дар ҳар хона як занак даркор аст.
Яъне, ки фариштаю малак даркор аст.
Дар рўзи ғаму шодии мо ҳам ёрон,
Як хоҳараки гирякунак даркор аст.
Пас барои комёб шудани онҳо дар зиндагӣ ёвару ёрирасон бошед.
Бо адешаи олимон ва коршиносон дар айёми хурдӣ бо онҳо ҳамчун духтар ё хоҳар ва дар даврони баъдӣ ҳамчун ҳамсар ва дар айёми миёнасолӣ ва пирӣ ҳамчун модар муомилаи нарму инсониро роҳандозӣ намоед.
Имрўз мутаасифона аз ҷониби иддае аз падару модарон ва бародарони гиромиашон барои таҳсили духтарон монеъа эҷод мешавад.
Ман як нафар ба ҳайси корманди масъули Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба Шумо тавсия медиҳам, ки барои босаводу донишманд намудани зан модар аз ҳама имкониятҳои дар даст доштаатон истифода баред.
Акнун ба таҳсили илму дониш фаро гирифтани духтарон андешаронӣ намуда, фазилати илму донишро дар ранго-ранг сохтани ҳаёти онҳо матраҳ месозем.
Яке аз муҳимтарин коре, ки занон анҷом медиҳанд, яъне таваллуд ва тарбияи фарзанд мебошад. Тарбияи дурусти фарзанд яке аз вазифаҳои муқаддаси модар аст. Фарзанд аз батни модар бисёр хислатҳои маънавиро ба худ гирифта, тарбияи аввалинро аз рўзгори модар мегирад.
Бузерге таъкид доштааст,
Дар мактаб муаллиму омўзгор нест.
Он тарбият, ки зодаи домони модар аст.
Духтаони аврупоӣ анъана гузоштаанд, ки мардони зеборо ҳамсар гирифта, фарзандони зебо тавлид созанд. Олимон ин ақидаи онҳоро дар донишгоҳи Сан эндрўи Шотландия мавриди омўзиш қарор дода, мутаваҷҷеҳ мешаванд, ки чӣ нақши модар ба фарзанд мегузарад.
Дар ҳақиқат зебогии падар ба фарзанд мегузаштааст, аммо мебинанд, ки 99% маърифату дониш ва рафтору кирдори модар ба фарзанд мегузарад.
Агар модар донишманду бомаърифат бошад албата, фарзанди донишманду олим ба дунё меорад. Вагарна баракс.
Зеро бузургони мо модарро мисли замин тасвир намуда, гулу райҳон ва хору хасро ҳосилу самараи он медонанд.
Махсусан ин ақидаро Шайх Садии Шерозӣ дар ду мисра олимона тасвир намуда мегўяд.
Борон, ки дар латофати таъбаш хилоф нест.
Дар боғ гул бирўяду дар шуразор хас.
Ў замири модари донишмаду орифаро мисли замини боғ, ки дар он ҷо гулу райҳон мерўяд ва замири модари бесаводро мисли замин шӯра, ки дар он ғайр аз хори мағелон ва хас дигар чизе намерўяд, ба қалам додааст. Воқеъан модари бесавод ба ҷомеъа фарзанди бесавод ва корношояму бемор медиҳад, ки дар оянда дарди сари худи ў ва давлату ҷомеа мегардад.
Пас бояд ҳеҷ гоҳ монеъа барои хондани духтар нашавед. Таҳсили духтарон ҳатто ба зиндагӣ ва рўзгордории онҳо кумаку ёрӣ мебахшад.
Шумо рўзҳои ид ва рўзҳои туй аз хонаи заноне, ки таҳсил намудаанд, дидан намоед, оростани дастархони онҳо ва меҳмоннавозиашон аз занони нохонда ба куллӣ фарқ мекунад.
Имрўз дар рўзгори занони босаводу мардони босавод ҳеҷ гоҳ кашмакашу ҷангу ҷидол ва хушунату зӯроварӣ нест. Зӯроварию хушунат ва рашку ҳасади бемаврид дар рўзгоре, сар мезанад, ки асосаш аз бесаводии зану шаҳвар аст.
Аз ҳамин сабаб нақши зани донишманду таҳсилнамуда дар пойдорию хушбахтии оила басо калон аст. Дар оилае зан қадр карда мешавад, баракат аст. Бесабаб оиларо рукни ибтидоии ҷомеа нагуфтаанд. Оила маконест, ки кӯдак дар он ҷо тарбия гирифта ҳамчун инсон ташаккул меёбад.
Ҳазрати Расули акрам фармудаанд, ки баъд аз имон бузургтарин дороии мард дар зиндагӣ зани донишманду шоиста аст. Ҳамзамон дар ин маврид адиб ва мутафаккири рус В. Г Билинский хеле хуб гуфтааст: «Зан маҳбубаи шаҳвар не, балке рафиқу аниси ҳаётии мост ва мо бояд ӯро ҳурмату эҳтиром кунем». И.Кант мегуяд; «Зане, ки ғайр аз рўз кур кардан кору бори дигар надорад, дере нагузашта аз худаш безор мешавад».
Хушбахтона, имрўз занони тоҷик дар ҳамаи риштаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, низомӣ, ва илмию фарҳангӣ бемамоният дар баробари мардон фаъолият мекунанд.
Зеро Саъдии Широзӣ овардаанд. «Ҳунар чашмаи зоянда ва давлати поянда аст. Ҳунарманд ҳар ҷо равад қадр бинад ва дар садр нишинад, беҳунар ҳар ҷо равад зиллт бинад ва лўқма чинад.»
Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамеша барои ба дониш фаро гирифтани духтарон чорабиниҳои таблиғотӣ ва ташвиқотиро роҳандозӣ мекунад.
Қобили зикр ва мояи ифтихор аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли гузашта инҷониб озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мешавад. Соли гузашта дар ин озмун ҷавонон аз чумла хоҳарону модарони мо иштирок намуда, ҳамаро бо шеърдонию шерхониашон мафтун намуда, дар ҳайрат гузоштанд.
Банда аз ин ифтихор намуда, боварӣ ҳосил намудам, ки мо ворисони гузаштагони дорои фарҳанги пурғановатамонем. Агар кўшиш кунем мисли онҳо нобиға ва шуҳрати ҷаҳонӣ касб мекунем.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», ҳамаи чораҳои заруриро андешидааст. Намоиши китобро аз рўйи панҷ номинатсияи озмун тасис дода, китобҳоро дар шакли электронӣ ва асл пешкаши иштирокҷиёни озмун гузоштааст. Ва толори махсусро бо шахсони масъул барои маълумотгирӣ ва рақами телефон омода намудааст. Аз ҳамаи иштирокчиёни озмун ва муштариёни илму дониш даъват ба амал мебиёрам, ки “Биёед ба китобхона меравем!”.
Ман бо боварии комил мегўям, ки агар мо аз ин китобхона оқилона истифода кунем, дар солҳои наздик боз ба ҷаҳониён мисли Зебунисо, Маҳастии Хуҷандӣ, Гулрухсор ва Фарзона-ро тўҳфа хоҳем кард.
Дар ҳамин ҷо андешаҳои худро бо суханони пурмуҳтавои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба поён мерасонам: «Маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву накӯкориро мекорад, то оянда насли наврас чун ашхоси масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расанд.».
Ин буд чанд андешаи кўчаки банда оид ба донишу маърифат фаро гирифтани зан - модар!
Дар охир тамоми модарони оламро бар рўзи Иди модарон табрику муборакбод намуда, барои онҳо хушбахтию хушрўзгори, умри дароз ва комёбиҳои беназирро тамано мекунам.
Ҷалолиддин Нурзода,
Муовини директории Китобхонаи миллии Тоҷикистон.