Ҷовиду ҷаҳонӣ бод ин ҷашни Сада!
Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ў бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш пайдо кард. Маҳз ҷашни Сада барои эҳтиром гузоштан ба Хуршед ва оташу рӯшноӣ асос гузошт ва боиси он гардид, ки одамони қадим ба ин муқаддасот эътиқод пайдо намоянд ва онҳоро ситоиш созанд. Ҷашни Сада ба кулли ҳамдиёрон муборак бошад.
Дар зер аз ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ситоиши Сада меорем.
Рубоӣ
Имрӯз Ватан маҳзари эҳё бошад!
Эҳёи Сада мубораки мо бошад!
Ғамҳои куҳан бисӯз дар оташи ӯ,
То нури фурӯғи раҳи фардо бошад!
Дар оташи ҳар Сада ғами пор бисӯз!
Дар оташаш афрӯхтани хеш омӯз!
То гарм шавӣ ҳазор соли дигар,
Оташкадаро ту дар ниҳодат афрӯз!
Наврӯзу Сада ҷашни ниёкони мананд,
Оинаи фазлу хайру эҳсони мананд.
Гар миллати ман ҳазор солон зиндаст,
З-ин рӯст, ки инҳо сипари ҷони мананд.
Эй миллати ман, халқи нигаҳбони Сада!
Сар то қадамат оташи тобони Сада!
Бо партави нав бихез дар ҳафт иқлим,
Бо қомати шӯълавар ба ҷавлони Сада!
Хоҳам ҳамагонӣ бод ин ҷашни Сада,
Пайванди амонӣ бод ин ҷашни Сада,
Мақсуди Сада на сӯхтан, сохтан аст,
Ҷовиду ҷаҳонӣ бод ин ҷашни Сада!
Барф омаду гулхани ниёкон афрӯз!
Гулханда биёр, гулхани ҷон афрӯз!
Бо нусрати ҷон оташи ҷашни Садаро
То ҳафт самои Тоҷикистон афрӯз!
Ин оташи мо алайҳи торикиҳост,
Хуршеди фурӯзони шабони ялдост.,
Ин оташи мо оташи созанда бувад,
К-аз як шарари муҳаббати мо бархост.
Аз синаи санг шуд бурун оташи ман,
Аз бурсу заранг шуд бурун оташи ман,
Бар рағми шаби сиёҳу он мори сиёҳ
Аз пайкари нанг шуд бурун оташи ман.
Сармояи эзадист ин оташи мо,
Посух ба ҳама бадист ин оташи мо.
Эъҷоз бубин, бубин, ки сад аср гузашт,
Дар тиннати мо бизист ин оташи мо.
Бо оташи дил, ки дар танам бедор аст,
Чор унсури ман дар тани ман подор аст.
Гар ман наяму оташи меросии ман,
Дунё ҳама тору сарду нодаркор аст.
Қитъаҳо
Оини каюмарсӣ дар суннати тоҷикон,
Поянда ҳамебодо чун ҳиммати тоҷикон,
Оташкада маҳфуз аст! Ин нанг муборак бод ,
Аз баъди ҳазорон сол дар тинати тоҷикон.
***
Тоза кун ғамҳои моро оташи поки Сада,
То ба менӯ нурборон бод афлоки Сада.
Ҳар куҷо зулм асту зулмот аст, ҳар ҷо тирагист,
Нурафшон бод он ҷо дасти бебоки Сада.
***
Аё, Меҳан фурӯзон бод аловат!
Сафоафшон фурӯғи офтобат!
Ҳамеша нур бахшо, миллати ман,
Ҷаҳонро бо вуҷуди бениқобат!
***
Оташ намои мо, кафи дасти дуои мо!
Мероси монда аз фару нури ниёи мо!
Созанда бош то абад, сӯзанда ҳеҷ гоҳ,
Моро фурӯғ бахш ба рӯи Худои мо!
***
Рӯ ба оташ даст бар Хуршед будӣ, халқи ман!
Мазҳари нуру сафову ид будӣ, халқи ман!
Рӯйи Наврӯзу намои Меҳргон, ҳусни Сада,
Як башоратномаи Эзид будӣ, халқи ман!
***
Ба обонрӯзи ман дар моҳи баҳман,
Раҳо кардӣ маро аз зулмати тан!
Аҳуроӣ - фурӯғи эзадиям!
Фурӯзон шав аз ин пас дар мани ман!
Ҷашни Сада
Равшанӣ афрӯхт дар рӯи ҷаҳон ҷашни Сада,
Мерасад чун нури Ҳақ аз осмон ҷашни Сада.
Дар дари дарвозаи Наврӯзи хушпайку қадам,
Оташ афрӯзад ба каф чун армуғон ҷашни Сада.
То ки зулмоти ҷаҳонро афканад аз дӯши мо,
Мерасад бо нурҳое дар равон ҷашни Сада.
Аз сари нанг, аз сари санг, аз сари дасти Ҳушанг
Шӯълаафшон меравад то бекарон ҷашни Сада.
То дар ин оташ бисӯзад пайкари мори сияҳ,
Меравад чун озарахш аз умқи ҷон ҷашни Сада.
То шавад равшан ниҳоди одамин андар ҷаҳон
Мешавад афрӯхта з-ин остон ҷашни Сада.
Халқи тоҷик зодаи фарҳанг, рӯйи неки ӯ
Рӯйи Наврӯз асту рӯйи Меҳргон, ҷашни Сада.
Мисли садҳо асри пешин, чун ҳазорон соли пеш,
Боз ҳам моро зи зулматҳо раҳон, ҷашни Сада!
Ҳамчу пайғом асту нури ҷодаи мардонагӣ
Машъале дар рӯи дасти тоҷикон – ҷашни Сада!
Оташи созанда
Ҷашни Садаи Меҳан аз сад сада меояд,
Бунёди ҷаҳолатро оташ зада меояд.
Ин оташи зулматкуш аз умқи ниҳоди мост,
Ин машъалаи тобон симои садоди мост.
Ин миллати оташдил дар соати меъодаш,
Ин машъаларо афрӯхт аз оташи бунёдаш.
Яъне ки ҳазорон сол дар умқ ниҳон медошт,
Анвори муқаддасро дар маъбади ҷон медошт.
Чун аз сари нанг омад, чун санг ба санг омад,
Оҳанги Ҳушанг омад, зебову қашанг омад.
Бар рағми шабони сард ин меҳр фурӯзон бод!
Ин оташи созанда як умр ба ҷавлон бод!
Дар партави ин оташ асли ману мо пайдост,
Пайғоми сафои Ҳақ то авҷи само пайдост.
Афрӯхт ҷаҳонро боз ин оташи зулматсӯз.
Дар оташи ишқи пок, эй дӯст, ту ҷон афрӯз!
Ҷашни Сада эҳё шуд дар кишвари тоҷикон,
Бо шаъни ватандорӣ бо файзу фари шоён.
Ин маҳзари нору нур, ин ҳолаи сури мост,
Арғушти малоикҳо дар оташи нури мост.
Бо оташи оташҳо афрӯхтан омӯзем,
Кину ҳиялу ғамро андохтаву сӯзем.
Имрӯз биё аз нав тоҷи шараф афрӯзем,
Гулхан ба шаб афрӯзем, сози шааф афрӯзем.
Ин оташи аҷдодӣ бигзор фурӯзон бод,
Ин меҳр ба сад ишқу изҳор фурӯзон бод!
Бо рақси аҳуроӣ, бо шогуни зардуштӣ
Дар оташи зулматсӯз аз байн равад зиштӣ.
Дарвозаи Наврӯз аст ҷашни Садаи Меҳан,
Бигзор фурӯзон бод оташкадаи Меҳан!
Камол Насрулло
Баргирифта аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук