Саҳифаи “Мӯъмин Қаноат” дар сомонаи Китобхонаи миллӣ фаъол шуд

Сомонаи Китобхонаи миллӣ саҳифаи вижаи “Мӯъмин Қаноат”-ро ба ифтихори зодрӯзи адиби маъруф ба анҷом расонд ва ҳоло он дар фазои маҷозӣ дар гардиш аст. Ин саҳифа иборат аз сарсухан, тарҷумаи ҳол, муруре ба сори адиби номвар, мақолаву шеърҳо дар ситоиши адиб, наворҳои видеоӣ аз шоир ва пайравону шогирдон, адибон ва мухлисон, қироати ашъори шоир аз дигарон ва албатта, кулли осори шоири маҳбубро дар шакли электронӣ дар дастрасии хонадагон қарор дод.

Ин саҳифа барои кулли касоне, ки осори адибро пажӯҳиш мекунанд, барои ҳамаи хонандагон, донишҷӯён пешкаш мешавад. Ҳар касе вориди ин саҳифа мешавад, ҳатман барои худ чизе барои мутолиа пайдо мекунад.

Саҳифаро шуморо бо пахши ин пайанд метавонед боз кунед ва мутолиа намоед:

 Зимнан аз хонандагон хоҳиш мекунем  ҳар камбуде дар он диданд, ба арзамон расонанд, то бартараф намоем.

Барчаспҳо: