Зодрӯзӣ устод Айнӣ. Манзилати фарзонафарзанди тоҷик дар Ҳиндустон

Дар Ҳиндустон ду шахсияти бузурги Тоҷикистон - асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ ва муаррих, шарқшинос, аллома Бобоҷон Ғафуровро бештар мешиносанд ва қадр мекунанд. Б. Ғафуров бо хидматҳояш дар шинохти таъриху тамаддуни халқи ҳинду ва устод С. Айнӣ бо осори гаронбаҳои адабӣ дар дилу дидаи ҳиндуҳо маъво гирифтаанд. Бавижа, дар тарҷумаву муаррифии устод Айнӣ нақши адиб, олим ва тарҷумони сермаҳсули адабиёти ҳинд дар асри XX Раҳул Санкритяян шоистаи таҳсин аст.

Раҳул Санкритяян асарҳои адибони тоҷик, аз ҷумла қисмати аъзами роману повестҳои устод Сад-риддин Айниро, аз забони тоҷикӣ ба ҳиндӣ тарҷума кардааст, мухтасаран бо рўзгору осори ў ошно хоҳем шуд.

Соли 1961 садсолагии шоир ва файласуф Равиндранатҳ Тҳакур ва соли 1977 садсолагии Муҳаммад Иқбол дар Тоҷикистон бошукўҳ ҷашн гирифта шуда буданд. Ба ин муносибат, дар Душанбе беҳтарин асарҳои бузургони ёдшуда, ба шакли тарҷума ва асл ба табъ расиданд. Аз ҷумла, романҳои «Завол» ва «Гора» - и Тҳакур, маҷмўаи шеърҳои Иқбол «Садои Машриқ». Аҳли адаби тоҷик бо ин ибтикороти хеш пайванди фарҳангиии адабии ду халқи таърихан қаринро мустаҳкамтар намуданд.

Дар навбати худ эҷодкорону мутарҷимони Ҳиндустон, ки ба асарҳои устод С. Айнӣ дер боз шиносоӣ доштанд, онҳоро бо майлу рағбати зиёд ба халқи ҳинду муаррифӣ намуданд.

- Дар кори ба хонандагони ҳинду шинос намудани нависандаи маъруфи тоҷик, пеш аз ҳама, заҳмати Раҳул Санкритяян бисёр бузург аст. Ў ба Иттиҳоди Шўравӣ сафар карда буд. Дар ҷараёни ҳамин сафарҳо ва кор кардан дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои СССР ба омўзиши адабиёти тоҷик диққати ҷиддӣ додааст. Аз гуфтаҳои худи Санкритяян маълум мешавад, ки ў солҳои дар Ленинград кору фаъолият доштанаш бо устод Айнӣ мукотиба дошт. Пеш аз он, ки бевосита ба тарҷума ва нашри асарҳои устод машғул шавад, аз ў маслиҳатҳо пурсидааст, - мегўяд профессор Ҳабибулло Раҷабов.

Соли 1948 Санкритяян бори нахуст якбора ду асари устод Айнӣ - романи «Дохунда» ва повести «Одина» - ро аз тоҷикӣ ба ҳиндӣ тарҷума ва нашр мекунад. Ў ба повести «Одина» ба унвони «Аз тарафи тарҷумон» сарсухане навишта, дар он доир ба ҳаёт ва эҷодиёти устод Айнӣ муфассал маълумот медиҳад.

Тарҷумон баробари ба охир расондани тарҷумаи повести мазкур ба устод мактубе фиристода, хоҳиш намудааст, ки дар бораи худ чанд сухан бигўяд. Устод Айнӣ аз шаҳри Самарқанд 23 апрели соли 1947 ба мактуби Санкритяян ҷавоб гардонда, дар он доир ба муҳимтарин лаҳзаҳои ҳаёт ва ҷараёни рўзгору эҷоди худ маълумот медиҳад. Ин мактуб бо забони ҳиндӣ пурра дар сарсухани повести «Одина» оварда шудааст.

Бино ба гуфтаи Ҳабибулло Раҷабов, Санкритяян ба тарҷумаи романи «Дохунда» низ сарсухан ва охирсухан навишта, пурра чеҳра ва осори устод Айниро ба хонандагони ҳинду шинос кардааст. Аз ҷумла, менависад: «Дохунда» ва «Ғуломон» барин романҳои ў на танҳо асарҳои бадеианд, балки ҳар кадоме аҳамияти бузурги таърихӣ доранд. Барои бо Осиёи Миёна шинос шудан, китобҳои бисёре мавҷуданд, лекин бешак асарҳои Садриддин Айнӣ дар ин росто хизмати калонеро ба ҷо меоранд».

Дар романи «Дохунда» ноширони китоб ҳам чанд сухан илова намуда, аҳамияти зиёди асарҳои Айниро бори дигар гўшрас мекунанд. Аз ҷумла: «Хонандагон ба воситаи адабиёти ба забони англисӣ интишоршуда шояд дар бораи Иттиҳоди Шўравӣ бисёр чизҳоро дониста гиранд, аммо рушди ин мамлакатро хонанда ҳамон вақт дуруст фаҳмида метавонад, ки агар ба дигаргуниҳои ҷиддии дар Осиёи Марказӣ ба амал омада ошно бошад. «Дохунда» беҳтарину маъруфтарин асари нависандаи Осиё Садриддин Айнӣ мебошад. Муаллиф дар 450 саҳифа ҳаёти мардумони Осиёи Марказиро реалистона тасвир карда, аз зулмат ба рушноӣ гузаштани онро нишон додааст».

Романи ёдшуда то соли 1984 чор маротиба дар Ҳиндустон нашр шудааст. Дар нашри чорум охирсухан ва чанд нуктае, ки ноширони китоб дар нашри якум илова карда буданд, дида намешавад.

Соли 1952 Раҳул Санкритяян асари машҳури устод Айнӣ «Марги судхўр» - ро тарҷума намуда, дар шаҳри Пакна аз чоп баровард. Тарҷумон ба ин асар ҳам пешгуфтор навишта, дар он сабабҳои ба асарҳои Садриддин Айнӣ мароқи зиёд доштани халқи ҳиндуро шарҳ додааст.

Тарҷумон, инчунин, дар бораи анъанаи Садриддин Айниро давом додани шогирдони ў – Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода ва Раҳим Ҷалил низ андеша баён карда, дар пешравии наср ва ҳунари насрнависии нависандагони муосири тоҷик саҳми назаррас дош-тани устодро зикр мекунад.

Асарҳои устод Айнӣ дар Ҳиндустон зуд хонандагону мухлисони зиёде пайдо намуданд. Онҳо боз хоҳиш мекарданд, ки бо асарҳои дигари устод Айнӣ низ ошно шаванд. Ин буд, ки соли 1953 Санкритяян боз як романи устод - «Ғуломон» - ро ба забони ҳиндӣ тарҷума намуд, нашр кард. Пас, соли 1955 повести «Одина» ва романи «Дохунда» дар шаҳри Оллоҳобод бори дуюм пешкаши хонандагон гардид. Соли 1956 бошад, повести «Ятим» - и устод Айнӣ аз чоп баромад. Тарҷумаи ин асарро ҳам Санкритяян ба сомон расондааст.

Ҳамин тариқ, қариб ҳамаи асарҳои маъруфи устод Айнӣ бо кўшиши олим, адиб ва тарҷумони ҳинду тарҷума шуда, борҳо ба табъ расидаанд. Заҳматҳои ҳамин шахсияти барҷаста буд, ки дар сар то сари Ҳиндустони бостонию таърихӣ номи нависандаи тоҷик маъруфу маълум гардид.

Ёдовар мешавем, ки устод Айнӣ дар Осиёи Марказӣ аз нахустин пажўҳандагони осори Мирзо Абдулқодири Бедил – бузургтарин шоири муштараки халқҳои ҳинду тоҷик буд ва дар ин мавзўъ рисолаи илмӣ ҳам навиштааст. Ва ҳамин нахустиқдоми устод Айнӣ пойдевори муносибатҳои навини дўстонаи ин ду қавми тамаддунофарро гузошта буд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,

«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 12.07.2018 №: 137

Дар бораи устоди фарзона Садриддин Айнӣ дар сомонаи Китобхонаи миллӣ ин матолиб қобили мутолиа аст:

Саду чиҳил соли Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ

Садриддин Айнӣ дуррест, ки ҳар бор ҷилои нав медиҳад

70 – соли чопи як китоби устод Садриддин Айнӣ

Сарсухани устод Садриддин Айнӣ ба шоҳасари мардумии “Чор дарвеш”

Лаҳзаҳое бо ёди устод Айнӣ

«Ҷойгоҳи устод Садрддин Айнӣ дар фарҳанги тоҷикии давраи Истиқлол»

Олими маъруф ва пажуҳишгари нотакрор

ИБРОҲИМ УСМОНОВ: "Ёддоштҳо" - ро дуруст наомӯхтаем

Барчаспҳо: