Зиндаву ҷовид монд...
Нашр шуд 2019-10-03 11:10
Қатли Махсум Олимӣ, ки 27 сол аз он рӯзи шум мегузарад, як рӯйдоди нангин дар таърихи истиқлоли кишвар буд. Солҳои ҷанги дохилӣ миллат беҳтарин фарзандонашро аз даст дод. Дар миёни ин рафтагони ормонӣ шахсиятҳое буданд, ки таҳқиқоташон арзиши воло дошту олимони дар сатҳи ҷаҳон эътирофшуда буданд. Ва Махсум Олимӣ ҳам аз ҳамин зумра қаламкашоне буд, ки бо вуҷуди ҷавонӣ шеъраш маъруфият ёфтаву аз ӯ чун инсони дилсӯз ба ояндаи Ватану миллат ёд мекарданд. Имрӯз ҳам, баъди ҳудиди ин сӣ соли рафтанаш чун хотирапораҳое аз дӯстону ҳамнишинонаш мехонем, як бори дигар бовар ҳосил мекунем, ки мо шахсияти донишманд ва як устоди каломи бадеъро аз даст дода будем. Ёдаш ба хайр!
Дар зер чанд пора аз хотираҳо пешкаши шумо мегардад.
Ханда бар марг
(Ба ёди Махсум Олимӣ)
Баъди қатлаш мурдаашро ёфтанд,
Одамон диданд, дар рӯ ханда дошт*.
Ёд оварданд, к-ӯ дар зиндагӣ,
Дар лабонаш хандаи зебанда дошт.
Ханда зад бар марги худ ё бар ҳаёт?
Як табассум ёдгор аз худ гузошт…
*Иддае мегӯянд, ҳангоме ки ҷисми беҷони шоирро пайдо карданд, дар рӯ ханда дошт ва эҳтимоли зиёд меравад, ки эшонро ҳангоми хандидан паррондаанд. Чун афроди зиёд аз хандарӯ ва зиндадил будани шоир зиёд мегӯянд.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон
Махсум Олимӣ табиат ва ғурури хос дошт
Махсум Олимиро ҳамроҳи шодравон Қувватбег Давлатов дар идораи рӯзномаи "Ҳақиқати Ленинобод" дида будам. Он ҷо ҳамроҳ бо Саидамин Ҷило ва Озод Аминзода сӯҳбат карда будем. Табиъат ва ғурури хоси кӯҳистонӣ доштанд. Он замон ҳамроҳам маҷмӯъае доштам ва тасодуф онро он кас диданд ва нафареро, ки дар вай васф карда будам, бо маслиҳати як нафари дигар то ки иҷозатнома нависад, барои чопаш. Он васфи бардуруғ писанди Махсум нашуд ва инро изҳор карданд ва аз ман пурсиданд, ки оё ин одам арзиши инро дорад?
- Албатта, не гуфтам ва онҷо он маҷмӯъаро даронда партофтам ва аз баҳри шоирӣ баромадам. Худоро барои он лаҳза шукр мекунам, ки маддоҳ нашудам ва дигар Махсум Олимиро во нахӯрдам, вале он соъат ва он лаҳза ҳамеша бароям боқӣ монд.
Худованд рӯҳашонро шод гардонад!
Абдурашид ФОЗИЛОВ, шоир
Шаҳиди Карбало
(Дар ёди шаҳиди гулгулкафан, адиби ҷавон ва умедбахш Махсум Олимӣ)
Чӣ донову чӣ зебо буд, Махсум.
Қарини ҷони шайдо буд, Махсум.
Ба маҳфилҳои шеъру базми шодӣ,
Чу моҳи нав ҳувайдо буд, Махсум.
Гуҳар мерехт аз табъи равонаш,
Ба ташна ҳамчу дарё буд, Махсум.
Лабонаш доимо ғарқи табассум,
Ба ҳар қалбе яқин ҷо буд, Махсум.
Зи ҳамсолони худ ӯ пеш мерафт,
Агарчи дар бари мо буд, Махсум.
Шаҳиди Карбало гардид, э вой,
Наҷибу хубу воло буд, Махсум.
Ба рӯи хуни худ афтод, афсӯс,
Агарчанде тавоно буд, Махсум.
Ба ҳар сина кунун дорад мақоме,
Ки бар дилҳо тасалло буд, Махсум.
Гирифта Шаҳриёраш хомаи ӯ,
Ба ин ширин таманно буд, Махсум.
Исмоил ЗАРИФӢ, шоир
Ту шоир астӣ
Аввалин бор бо Махсум Олимӣ соли 1990 дар конфронси адибони ҷавони вилояти Суғд, ки дар шаҳри Истаравшан баргузор шуд, ошно шуда будам. Ҳакамони гурӯҳи мо устод Саидалӣ Маъмур ва Махсум Олимӣ буданд... Вақте як шеъраке хондам... ба назарам чунин намуд, ки Махсум Олимӣ шеъри маро гӯиё нашунида гирифтанд... Бо хурӯш аз ҷо бархостанду хоҳиш карданд, ки боз як шеъри дигар хон! Ман, ки андаке ранҷида будам, гуфтам:
- Ман дигар ягон шеър надорам ва дигар шеър ҳам намехонам! Ва дар ҷоям нишастам...
Устод Махсум аз ҷой бархоста, бо як эҳсоси баланд “Табрик! Ту шоир астӣ! Густохтарин шоир!”- гуфтанду ман сахт дар хиҷолат ҳам мондам...
Абдуҷаббори СУРУШ, шоири тоҷик