Антуан де Сант нависанда ва халабони аҳли Фаронса буд. Шахсе буд, ки баъди маргаш ба як қаҳрамони мардумӣ дар Фаронса табдил ёфт. Вай 20 июни соли 1900 дар шаҳри Лиони Фаронса дида ба олам кушода, 31 июли соли 1944 фавтидааст. Яке аз фаъолтарин ширкаткунандагон дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон буд ва чун халабон барои ҳифзи Фаронса аз таҷовузи фашистон ҷангид. 31 июли соли 1941 вай ба фурудгоҳи Борго воқеъ дар ҷазираи Корсика (яке аз ҷазираҳои кишвари Фаронса, чаҳорумин ҷазираи бузурд дар баҳри Миёназамин ва зодгоҳи Наполеон Банопарт мебошад) рафт ва дигар барнагашт.
Марги ӯ то соли 1998 мармуз буд ва ҳама гумон мекарданд, ки вай дар кадом садамаи ҳавопаймоӣ дар Алп ҷон бохтааст. Вале соли 1998 як моҳигир дар соҳили наздикии баҳри Марсел дстбанди ӯро пайдо кард. Соли 2000 дар умқи 70 метр шикастапораҳои тайёрае пайдо шуд, ки гумон мерафт мансуб ба де Сант бошад. Вале ҳукумати Фаронса фавран ҳар гуна ҷусуҷӯро дар ин макон мамнӯъ эълон кард. Соли 2003 ба кофтуков расман иҷозат шуд ва маълум гардид, ки ин шикастапораи ҳавопаймо мансуб ба де Сант будааст.
Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Антуан де –Сант баъдтар бармегардем. Ҳоло “Ниёиш” ном навиштаи ӯро дар тарҷумаи Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона ба мутолиаи Шумо, азизони хонанда пешниҳод мекунем.
Ниёиш
Маро ҳунари реза –реза қадам задан омўз. Худоё, Худовандо, аз ту на мўъҷизаҳо мехоҳаму на ҷоизаҳои пурсароб, фақат мехоҳам, ки ҳар рўзамро қудрати бақо бахшӣ. Маро илми реза – реза қадам задан омўз. Маро ҳушманду огоҳ соз, то дар амвоҷи рангомези рўзони маъмулӣ , дар истгоҳи таҷрибаҳову тозакориҳое , ки диламро илҳому ангеза медиҳанд, дарвақт таваққуф намоям. Маро идроки зарифе ҳадя кун, ки аслҳоро аз фаръҳо тафовут бахшам. Аз ту нерўи худдориву андозашиносӣ мехоҳам, ки дар вусъати зиндагиям паропар назанаму налағҷам, балки барномаи рўзҳоямро оқилона тақсим намоям, қуллаҳову дурдастҳоро бо нигаҳ бипаймоям ва лоақл гоҳ -гоҳе фурсате дарёбам барои чошнӣ бардоштан аз шаҳди ҳунар ва офариниш. Мадад кун, ки ҳамин ҷову ҳамин ҳоло ҳамин дақиқаҳоро муҳимтартарин лаҳазоти умрам бипазирам.
Маро аз ин бовари сода, ки зиндагӣ ҳамеша бояд нағз бошад, раҳо бикун. Бароям тавони дарки ин ҳақиқатро деҳ, ки гираҳҳову бохтҳову афтоданҳову печ заданҳо ҷузъи табии ҳаётанд, ки моро пеш мекашанду қудрати талошу сабзиш ато мекунанд.
Ба ёдам биёвар, ки дил ҳамеша бо ақл меҷангад. Дар лаҳзаи муҳим нафареро бифрист, ки бе ҳеҷ риё мардона ҳақиқатро рў ба рўи ман мегўяд ва аз рўи муҳаббат мегўяд.
Ман медонам, ки бисёр чигилҳо бидуни чорасозӣ ҳам худ ба худ боз мешаванд, фақат маро илми сабр биёмўз.
Ту медонӣ, ки мо чӣ қадр сахт ба дўстиву дўст мўҳтоҷем. Маро ба ин атои латифу нозанинат шоиста нигаҳ дор. Бароям сабки дилошноӣ биёмўз, ки дар ҳама мавқеъҳову ҳолатҳо бо сухан ё бо сукут гармии ҷонамро ба одамҳо нисор кунам. Маро инсоне соз, ки оҳи афтодагону дармондагонро мешунавад.
Маро аз бими он ки дар зиндагӣ кадом як кореро анҷом надодаам, ҳимоят бикун. Маро на он бидеҳ, ки мехоҳам, балки он бидеҳ, ки мебояд.
Маро илми реза – реза қадам задан омўз.
Бознашр аз китоби “Найсон”-и Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона.
Рӯнависии Меҳрангез Муҳаббатова