Посухи устод Садриддин Айнӣ ба як номаи Абдусалом Деҳотӣ
Номаи Абдусалом Деҳотӣ як силсила суолотеро дар бар мегирифт, ки посухаш на танҳо барои он рӯз, балки барои имрӯзиён басо муҳим аст ва дорои аҳамаияти бузурги илмист. Номаҳои устод Айнӣ, ки куллан омӯзандаанд, мутаассифона то ҳол пурра чоп нашудаанд. Посухе, ки дар зер мехонед, ба номаи Абдусалом Деҳотӣ аз таърихи аст, ки рӯзи 9-уми июл дар сомонаи мо пурра чоп шуд. Матни асл ва суолҳоро аз ин ҷо метавонед бихонед: Номаҳои Абдусалом Деҳотӣ ба Садриддин Айнӣ (Бахши сеюм)
Рафиқ Деҳотӣ!
Мактуби 17 июль фиристодаатон расид. Инак, ба ҷавобҳои пурсишҳоятон медароям:
1) Рўзи баҳрому ранги баҳромӣ1 … Рўзи баҳром маълуми шумост2, ранги баҳромӣ – ранги сурх аст. Чунки як маънии баҳром ва баҳроман гули Усфур ном гули сурхранг ва як маънии дигараш ёқут аст. Дар ин сурат ранги баҳромӣ ранги сурх мешавад:
2) Калимаи мўҳра – аз он чизҳое, ки дар луғатҳо менависанд, зиёдтар маънӣ дорад ва дар забони зиндаи имрўза ҳаст. Лекин, азбаски, бо тартиб кор фармуда мешавад, диққати забондононро он қадар ба худ ҷалб намекунад; чунончи, мўҳраи пушт – сарбанди қабурғаҳои одам ва дигар ҳайвоноти мўҳраи пуштдор аст, ки аз буни гардан то поини миён дароз кашида, қабурғаҳоро ба ҳам васл медиҳад. Ё он ки мўҳраи каланд, мўҳраи теша ва монанди онҳо, ки дар забони зинда дар шакли «мўра» кор фармуда мешавад. Инчунин донаҳои тахтаи шатранҷ, шашка ва нард ҳам мўҳраанд, тахтабозиро мўҳраронӣ ва мўҳрабозӣ ҳам мегўянд, маҷозан (ҳатто дар забони зинда ҳам) «мўҳрабозӣ»- ро ба маънои ҳилагарӣ ҳам кор мефармоянд. Дар маънии донаи нард ва тахта будани мўҳра Туғрал мегўяд:
«Мўҳраи нарди бисоти шеъри мавзуни маро
Ҳар касе бо қадри дониш донаронӣ мекунад»
ва дар ҷавоби ҳамин байти Туғрал Ҳайрат мегўяд:
«Кишту моте чанд дидам, з-он, ки худ фармудаӣ:
Ҳар касе бо қадри дониш донаронӣ мекунад».
Дар саҳҳофии қадимии Бухоро монанди печати дастадарози русӣ як асбоб буд, ки дар тарафи нўкаш ақиқи суфта ё ягон санги шаффофи дигар мешинонанд, ҳамин асбобро ҳам мўҳра мегуфтанд, бо вай коғазҳои дағал ё паххукро суфта мекарданд ва ин гуна коғазро коғази мўҳразада ва агар коғаз аз корхона ҳамин тавр шаффоф биёяд, вайро коғази мўҳрадор мегуфтанд.
Акнун омадем ба маънии байте, ки гуфта шудааст:
«Шоҳ бо хасми хеш бозӣ кард,
Мўҳра пинҳону мўҳрабозӣ кард».
Дар ин байт мўҳра ба маънои донаи тахта ва нард, мўҳрабозӣ ҳам ба маънои тахтабозӣ ва ҳам ба маънои ҳилагарӣ кор фармуда шудааст. Хулосаи маънии байт «шоҳ хасми худро фиреб дод» гуфтан аст1.
«Мўҳраи мор» пўсти мор аст. Мор одатан соле як бор пўст мепартояд. Дар вақти пўстпартоӣ худаш бо пўсти нави худ аз даруни пўсти кўҳнааш баромада меравад ва пўст ҳамчунон ба шакли мори зинда ҷо ба ҷо мемонад. Мўҳраи мор як чизи қиматбаҳост, одамон вайро дар биёбон кофта мегарданд. Дар ин байт:
«Шоҳ ҷустанду ғор медиданд,
Мўҳра дар мағзи мор медиданд»2
шоир шоҳро аз ҷиҳати пурқиматиаш ба мўҳраи мор ва ғорро ба мор монанд кардааст ва тааҷҷубкунон гўё гуфтааст, ки «ҷўяндагони мўҳраи мор вайро аз рўи мор меҷустанд, аммо ҷўяндагони ин мўҳра (шоҳ) ўро дар мағзи мор (дар даруни ғор) медиданд. Шоир дар ин ҷо зимнан душвории ҷустани шоҳро нисбат ба ҷустани мўҳраи мор низ ифода кардааст. Чунин агар мўҳраи морро аз пушти мор (аз тарафи рўи вай) ҷўянд, ин мўҳраро – шоҳро бояд аз мағзи мор ҷуст. Дар ин сурат аҷаб нест, ки ҷуяндагонро мор заҳр зада кушад;
3) Анҷуми чархро мизоҷшинос.
Табъҳоро ба ҳам гирифта қиёс,
Бар табоеъ тамом ёфта даст,
Роҳи райҳонӣ оварида ба даст3.
Дар ин байт мақсад аз мизоҷшинос қувваи офариниш аст. Назар ба ақидаи хукамои пешин ситорагон ҳам дар офариниш, дар некию бадии чизи офаридашуда, дар хушрўӣ ва бадрўии ў таъсир доранд. Мақсад аз табъҳо ва табоеъ табиати басит (назар ба ақидаи ҳукамои пешин) аст, ки борат аз: 1) об; 2) бод, 3) оташ ва 4) хок аст. Гўё ҳамаи чизҳо аз ҳамин чор унсур – аз табоеи басит ба сабаби бо ҳам имтизоҷ ёфтани онҳо (яъне, омезиши кимиёие, ки ҳамаи онҳо шакли зоҳирии худро барҳам медиҳанд ва мисли як чизи саввўми ғайри он чизҳои аввалӣ мешаванд) пайдо шудаанд. Имтизоҷ ҳар қадар хубтар шавад, чизҳои халқшуда ҳам ҳамон қадар хубтар, зеботар ва донотар мешаванд. Чизи аввалӣ, ки аз имтизоҷи ин табоеъ халқ шудааст, растанӣ аст; дуввўм, ҷондорҳо; саввўм, аз миёни ҷондорҳо – ҷондорҳои ҳушъёртар, зеботар ва дар охир – дар имтизоҷи бисъёр мўътадил ва хуб одам аст (дар ин бора шумо порчаеро, ки аз «Донишнома» ба маҷмўаи Абўалӣ Сино гирифтем4, хонед ва агар вай камӣ кунад, қисми табииёти «Донишнома»-ро хонед);
Роҳ (бо «ҳе»-и ҳуттии арабӣ) шароб аст. Дар ин маврид Ҳайрат мегуяд:
«Фурсати бўса, дило, хоҳӣ аз он лаъл, гузор,
Рўҳпарвар лаби ў то ду кадаҳ роҳ занад»
Барои хушии дили дўстон ва ёдоварии Ҳайрати марҳум ин байтро ҳам менависам, ки дар он ғазал ҳаст:
«Ёрро нест ба иғвои ту аз ман хабаре,
Эй рақиб, эй зи Худо бехабар, арвоҳ занад!»
Акнун омадем ба маънии байт: мизоҷшиноси ситорагон (чи ҷои маҳлуқоти замин), яъне қувваи офариниш, ё ки табиат (ба маънии природа) таъбҳоро (хоку боду обу оташро) ба ҳам қиёс карда, яъне аз ҳар кадом ба миқдоре, ки лозим аст, имтизоҷ дода – табеоъро тамом ба даст дароварда, яъне хосиятҳо ва хислатҳои онҳоро дар вақти имтизоҷ пурра азхуд карда, роҳи райҳонӣ ба вуҷуд овардааст, яъне монанди ў як шароби райҳонӣ халқ кардааст, ки мояи ақл, дониш ва зебоӣ аст:
4) Сипоя (сепоя), Дар ин хусус маъние, ки луғати форсӣ – русӣ додаст, дуруст аст. Оташдони сипоя (сепоя )-ро то дирўз дар Самарқанд ҳам челонгарон месохтанд ва шутуракиёни кўчманчӣ ва корвонгард гирифта мебурданд. Чунки бо вай дар даштҳо ош пухтан осон аст. Хурдтараки ин асбоб ҳам ҳаст, ки вайро ҳам сепоя мегўянд ва бар рўи оташ монда, бар рўи вай чойник мегузоранд. Дар Бухоро бисъёр буд ва ман дар Самарқанд барои худам созонда гирифта будам.
Аммо инҳо як қисм маънии ин калима ҳастанд, чароғпояи қадимии чароғи сиёҳгузориро ҳам сепоя (кўтоҳ карда шудааш «сипоя») меноманд. Чароғпоя ду хел аст: яке он ки ман дар «Ятим» тасвир кардаам. Дигараш дар зер ба ҷои тахтаи паҳн се пой дошт, ки дар замини ноҳамвор ҳам рост меистод ва бар рўяш чароғи сиёҳ мегузоштанд. Ҳар чанд дар асл «сепоя» номи ҳамии қисм чароғпоя бошад ҳам, зерпаҳнашро ҳам «сепоя» мегуфтанд. Шакли маданитари ин асбобро ман пештар дар залҳои шаҳрҳои аврупоисохт ҳам дидаам, ки бар болои вай лампаҳои калон ва баъзан гулдонҳои калонро мегузоштанд. Аммо шарҳ додани байт мавқуф ба донистани боло ва поёни он байт аст (азбаски саҳифа ё мавридашро нишон надодед, ман бо варакзанӣ ёфта натавонистам)1. Мувофиқи омади сухан ду навъ шарҳ додан мумкин аст (кадомаш бар рафти сухан мувофиқ ояд): 1) шоҳ то дар шаб сипоя намезад, яъне чароғ намегиронид, аз сояи худ метарсид; 2) то шаб сипояи худро намезад, чароғ намегиронид, яъне то моҳ намебаромад ё ки офтоб намебаромад, шоҳ метарсид (дар шарҳи якўм сипоя чароғпояи оддӣ буда, фоил шоҳ аст ва маънии «шаб» - «дар шаб» мешавад, ки зарф меафтад; дар шаҳри дуввўм мақсад аз сипоя маҷозан моҳ ё офтоб буда, фоил шаб меафтад ва шоҳ соҳиби сифати «тарсон» мешавад)2 ;
5) Ҳарду дар дўш пуштаҳо баста,
Мешуданд аз гаронӣ оҳиста 3.
«Пушта» ғайр аз маъниҳои маълумаш ба маънои як тўб чизе, ки ба пушт гирифта кашонанд, ҳам меояд. Ин калимаро тоҷикони кўҳӣ ба шакли «пуштора» ба кор мебаранд. Ман дар «Оби ҳаёт»1 дар вақти аз водӣ ба сари кўҳ хок ва тухм кашондани Сангин ҳамин шаклро кор фармудаам ( пуштора – пўшт – ора, яъне ба пушт гирифта оварда шуданӣ гуфтан аст). Дар Бухоро ва саҳроҳои вай ба шакли пушта кор мефармоянд. Масалан, мегўянд: «фалонӣ ҳар рўз аз саҳро як пушта ҳезум оварда ба шаҳр фурўхта, бо ҳамин зиндагонӣ мекунад», «ман аз ёбон имрўз 50 пушта хор задам». Ба ҷои «ду-се банд» алаф даравида биёр», мегўянд : «як пушта алаф даравида биёр». Ба гумонам бо ҳамин маънии байт равшан шуд;
6) Саҳм, чунон ки дар луғати форсию русӣ дидаед, ба маънои тарс ҳам меояд. Саъдӣ мегўяд:
«Саҳмгин обе, ки мурғобӣ дар ў эмин набудӣ
Камтарин мавҷ осиёсанг аз канораш даррабудӣ»
(Саҳмгин – пурбим, хавфангез). «Саҳм задан» 2 монанди «тарс хўрдан» ба маънои «саҳмидан» мешавад, ки «тарсидан» гуфтан аст;
7) Полуда – хўрданиест, ки аз шакар ва нишастаи гандум (крахмал) ё ин ки орди бринҷ мепазанд, гоҳо мағзи кўфта ҳам ба рўяш мепошанд. Навъи бисъёре дорад, ки ҳар кадомаш номи ҷудогона дорад: фиринӣ, моқут, ях дар биҳишт аз ҷумлаи полудааст (ҳамаи ин хўрданиҳо дар Бухоро бо номҳояшон зинда буданд). «Кисель» - и русӣ, ки дар ошхонаҳои аврупоӣ дар охири обед медиҳанд, аз ҷумлаи полудааст. «Саҳн» ғайр аз маъниҳои маълумаш ба маънии табақи паҳн ҳам меояд. Дар ин бора Бусҳоқи Атъима мегўяд:
«Даме дар тоси маввоҷи катоиф мехўрам ғўта,
Замоне мекунам дар саҳни ҳалвои асал ҷавлон»
дар ҷои дигар мегўяд:
«Аз баҳри саҳни ҳалво дар ҳар симоъ шўре,
В-аз баҳри пуштбиръён дар ҳар тараф набарде»
Дар ҷои дигар мегўяд:
«Ба пешам, чун хуросонӣ, гар орӣ саҳни буғроро
Ба бўи қальяаш бахшам Самарқанду Бухороро».
(Буғро – як хел таом). Боз дар ҷои дигар мегўяд:
«Сих бар бўрак задам, дарҳол бо саҳн ўфтод,
Барги гул сартезии хори мағелон барнатофт».
(Бўрак – як навъ таом). Боз дар ҷои дигар:
«Саҳни моқут ба ҳар мағз тафаъул мекард,
Аввалин қуръа, ки афтод, ба бодом афтод».
(Моқут – як навъ полуда, ки бар рўяш заъфар ё мағзи кўфта мепошанд).
Чун маънии полуда ва саҳн, ҳам «саҳни полуда» маълум гардид, маънии байт3 равшан мешавад: «ширинӣ ё асали анҷири вай ва мағзи бодомаш, дар ҷоми ў саҳни полуда кардааст, яъне ўро монанди саҳни полуда гардонда аст (боғро) ;
8) Ҳафт султон1 дар ин ҷо ба маънии зоҳириаш ҳафт – подшоҳ набуда, балки ба маънои киноягиаш – ҳафт сайёра (сабъаи сайёра) аст. Дар мисраи дуввўм «ҳафт» аз «хислат» ҷудо навишта мешавад. Мақсад аз ин «ҳафт» ҳамон «ҳафт султон» аст, ки дар мисраи аввал гузаштааст. «Ҳафт султон – ҳафт сайёра (яъне ҳафт духтар), ҳарчанд сайёра – ситора бошанд ҳам, аз моҳ хислат бурдаанд, яъне дар хубӣ аз моҳ гузаштаанд». (Албатта, ин гуна маънидод хеле дур, ҳатто хандаовар аст. Аммо гоҳо аз Низомӣ дур нест. Аммо «ҳафт хислати моҳ»-ро ман на дар адабиёт дидаам ва на дар афсонаҳо шунидаам);
9) Тўз – чанд маънӣ дорад. Дар ин ҷо ба маънои пўсти як хел дарахт аст, ки вайро барои ширадориаш ба ҷои пай дар камон ва зингарӣ кор мефармоянд. «Мукл» шилми дарахт аст, мукла – як дона шилм, ҳам тамоми косаи чашм бо сиёҳӣ, сафедӣ ва обҳояш. Дар ин ҷо шоир канда гирифта шудани чашмро ба харошида шудани тўз (пўсти паймонанд) ташбеҳ кардааст ва гуфтааст, ки «ҳарчанд сафедии тўз харошида шуда буд, пиҳ (равған), ки дар биноӣ ва қувваи чашм роли калонро бозӣ мекунад, дар муқла – дар косаи чашм ё ин ки дар шилми тўз (ин ҳам бо киноя ҳамон чашм мешавад) боқӣ буд»2 (ин ҳам ташбеҳ ва истиораи низомиёна аст);
10) Ҷаридаи маҳд – маҳд гаҳвора аст. Аммо ҳарчанд луғатчиён баён накардааанд, дар адабиёти классик ба маънои тахти подшоҳӣ ҳам бисьёр кор фармуда мешавад. Як маънии ҷарида дафтар аст. Пас маънии таркибӣ дар ин ҷо «қонунномаи тахт» мешавад3;
11) Забонӣ – муаккали дўзах аст, яъне малоикаест, ки ба дўзах ҳукмшудагонро ба он ҷо медарорад ва посбонӣ мекунад, шоир дар ин байт маҷлиси подшоҳро ба биҳишт, зиндонашро ба дўзах ва мирғазаберо, ки вазирро аз маҷлиси подшоҳ гирифта ба зиндон бурдааст, ба забонии дўзах монанд кардааст4 (шарҳи забонӣ ва забония дар «Ғиёс» ҳам ҳаст). Забонии зишт, албатта бадтарин забонӣ – мириғазаб мешавад (одатан маддоҳон забонии дўзахро бисъёр бадафт ва бадхашм тасвир мекарданд;
12) Албатта, байти оид ба таърих ин тарз бояд бошад:
«Аз паси понсаду навад се қирон.
Гуфтам ин номаро чу номварон»5
Қирон дар асл ба ҳам расидани ду чиз буд; ба истилоҳи аҳли нуҷуми хурофотӣ ба ҳам расидани ду ситора аст, ки агар ин ҳол ба вақти валодати касе рост ояд, ба ў нек ё бад таъсир мекунад. Ҳамин аст, ки Абўмуслим, амир Темўр ва якчанд одамони таърихии машҳурро соҳибкирон мегўянд, ки гўё онҳо дар вақти қирони (ба ҳам расидани) Зуҳал ва Муштарӣ зоида шудаанд. Шоир таърихи ҳиҷриро (ҳодисаи бисьёр бузург шумурда) қирон гуфтааст. Номварон – соҳибномон, машҳурон. Шоир ба тарзи фахрия гуфтани ин достонро мисли кори одамони машҳур шумурдааст.
Илова. Барои ин, ки байни «пуштора» ва «пушта» иштибоҳ нашавад, эзоҳи поёниро лозим медонам: «Пуштора»-ро тоҷикони кўҳӣ ба ҳар чизе, ки ба пушт кашонда шавад, кор мефармоянд, он чиз хоҳ ҳезум бошад, хоҳ алаф, хоҳ санг, хоҳ хок. Аммо «пушта» назар ба корфармоии мардуми Бухоро ва атрофи он маъниҳои зеринро дорад: 1) теппаи пастаки рўйҳамвор (пушта ба ин маънӣ аз пуштиодамӣ гирифта шудааст); 2) гўристон (азбаски гўристон одатан бар рўи теппаҳои пастаки рўйҳамвор ҷой мегирад, ба вай ин номро додаанд. Дар Бухоро чанд гўристон аст, ки номашро бо таркиби «пушта» сохтаанд: Пуштаи биҳиштиён, Пуштаи турки ҷандӣ (дар «Дохунда ҳаст), Пуштаи Хоҷа Исҳоқи калободӣ ва дигарҳо. Инчунин як гузар ҳаст, ки бинобар дар пушти гўристон воқеъ шуданаш «Таги пушта» меномад);
3) Чунонки дар боло гуфта шуд, тўдае аз алаф, ҳезум (майда, на тароша ), хас, хошок, хор барин чизҳо, ки ба як бор бардоштан ба пушт кашонда шавад (дар Бухоро одатан тароша, санг ва хок барин чизҳоеро ҳарчанд ба пушт кашонанд ҳам, «пушта» намегўянд) пушта мегўян.
Рафиқ Деҳотӣ! Ин пурсишҳои шумо ва ҷавобҳои ман боз як бори дигар ҳаминро нишон доданд, ки барои омўхтани забон ва тадқиқи классикҳо танҳо луғатҳо (китобҳои луғат) кифоя намекунанд, балки барои ин кор (ба замми китобҳои луғат) аввал забони оммаи халқро (на як шаҳр, ё район, балки бештарини ҷойҳоеро, ки дар он ҷоҳо мардумоне, ки забони онҳоро меомўзед, менишинанд), дуввўм, ҳамаи классикҳоро (ҳеҷ набошад бештаринашро) омўхтан ва аз худ кардан даркор аст. Агар танҳо ба китобҳои луғат нигоҳ карда монад, хароб мешавад. Зеро китобҳои луғати тоҷикӣ ҳамаи (ҳатто нимаи) он чизҳоеро, ки дар забони зинда ва классик ҳаст дар бар нагирифтаанд; баъд бисъёр чизҳое, ки дар китобҳои луғат ҳастанд, мурдаанд ё ин ки маъниҳояшонро дигар кардаанд.
Забони классикҳоро, ки барои омўхтани як классик ҳамаи ё бештарини онҳоро донистан даркор аст, чӣ навъ бояд ёд гирифт? Барои муваффақиятнок шудани ин кор дар вақти хондани классикҳо на танҳо ба фаҳмидани онҳо қаноат кардан кифоя аст, балки ҷумлаҳои ҷудогона ва луғатҳои ҷудогонаи онҳоро (ба қадри имкон бо забони зинда татбиқ карда) омўхтан даркор аст. Бисъёр одамҳо ҳастанд, ки классиканд, ҳатто аз ёд ҳам хонда медиҳанд. Аммо вақте ки кор ба сари як луғати ҷудогона омад, дармемонанд. Ана, пеши роҳи ҳамин корро гирифтан даркор аст.
Албатта, омўхтани забони зинда аз омўхтани забони классик ба дараҷот душвор аст. Барои ин чӣ кор кардан даркор аст?
Барои ин кор бо мардумҳои районҳои гуногун мусоҳиба кардан ва ба районҳо сайр кардан даркор аст. Лекин ин сайру гашт бояд бо усули экспедицияҳои «забоншиносон» нашавад. Одатан, онҳо дар районҳо мегарданд, як луғати тозаро, ки шуниданд, аз гўяндаи он такрор мепурсанд ва ба дафтарчаи худ (ғалат аст, ё рост) қайд мекунанду меоянд. Дар натиҷа «забоншинос» мешаванд. Ин корро таҷриба тамоман рад мекунад. Бояд дар даруни мардуми гуногун гардед, ҳарчи шунавед, дар хотираи худ нигоҳ доред ва кўшиш кунед, ки ин кор ба шумо одат шавад. Агар ягон чизро навиштан хоҳед, ё ин ки ба навиштан маҷбур шавед, ки кўшиш кунед, ки ҳамсўҳбатҳои шумо ин корро ҳис накунанд (лекин аз ғайри навиштан, ба ёд гирифтан одат кардан беҳтар аст, ки гўш ва димоғ зудтар малака пайдо мекунанд ва кори ояндаи шумо осон мешавад).
Ҳар гоҳ забономўз ба ин кор (ба ёд гирифтани аз ғайри навиштан) одат кард, гўши ў монанди машинаи худнавис мешавад, чизҳои ёдгирифтанашон лозимро бе аҳамият додани шумо ба худ нақш мебандонад.
Ин кори якўм аст. Кори дуввўм татбиқ кардани талаффуз ва луғатҳои ҷудогонаи районҳои гуногун аст ба якдигарашон ва кори саввўм тадбиқ кардани хулосаи ин тадқиқот аст бо классикҳо. Албатта, ҳамаи инҳо якбора намешаванд, агар ин усул пеш гирифта шавад, дар рафти кор худ ба худ натиҷа ба даст медарояд.
Ман ҳамаи инҳоро бо таҷрибаи худ мегўям: дар хурдсолӣ, вақте ки аввал ба ҳаваси шеършунавӣ ва шеърхонӣ ва баъд аз он ба ҳаваси шеъргўӣ афтодам, дар «шеъри худ» класикҳоро тақлид мекардам, луғатҳои онҳо кор фармударо донам-надонам ман ҳам кор мефармудам. Як вақт хабардор шудам (албатта, бо танбеҳи пешқадамон), ки луғатҳоро нодуруст кор фармудаам. Баъд аз он ба омўхтани луғатҳои ҷудогонаи классикҳо кўшиш кардам (аз рўи китобҳои лўғат ва пурсиш аз донишмандон). Аммо ҳоло ҳам ман луғатҳои онҳоро асос гирифта шеър мегуфтам. Лекин шеъри маро ҳар кас, ки мешунид, механдид, охир худам ҳам хандидам, зеро дар онҳо луғатҳои нест дар ҷаҳонро кор фармуда будам. Баъд аз ин шикорхўрӣ ба омўхтани забони зинда кўшиш кардам ва ба ин кор ҳарисона даромада дар миёнаи забони зинда ва классик муқоиса кардан гирифтам. Дар ду-се сол гўши ман машинаи худнавис шуд. Дигар ба диққати ҷудогона эҳтиёҷ намонд ва ҳар чизе, ки мешунидам, худ ба худ дар хотирам нақш мебаст.
Барои мисол воқеаи «забонӣ»-ро ба шумо ҳикоя кунам. Ман ин суханҳоро дар хурдсолиам дар маъракаи маддоҳӣ шунидаам. Маддоҳзабониҳои дўзахро тасвир карда мардумро бо вай метарсонид. Ростӣ, дар ҳамон вақт шакли забониҳои дўзахба назари ман ба шакли мириғазабони амир ҷилва карда буд (тамоман ба ҳақиқат мувофиқ аст, ки Низомӣ мириғазаби подшоҳро «забонии зишт» номидааст).
Дигар ба ин сухан то вақте ки саволи шумо омад, вонахўрдаам. Вақте ки шакли калимаро дидам, фаврӣ шунидаи панҷоҳ сол пеш аз инам ба ёд омаду шарҳ додам. Баъд аз эзоҳ ба хотирам гузашт, ки луғатро бинам, на ин ки «Ғиёс» ҳамин калимаи хурофотиро аз даст дода бошад. Кушодам, ки на як бор, балки ду бор гуфтааст: як бор ба шакли «забония», дуввўм, ба шакли «забонӣ». Сабаб ҳамин аст, ки баъд аз эзоҳ дар даруни қавс (…дар «Ғиёс» ҳам ҳаст) гуфтам.
Боз ба таҷрибаи худ гузарам: вақте ки ман ба омўхтани забони омма ва муқоисаи он бо забони классик даромадам, аз кор фармудани баъзе луғатҳое, ки дар забони омма худи онҳо ё ягон шакл ва ё решаи онҳо нестанд, ба қадри имкон худдорӣ кардам (албатта, гоҳо маҷбур шудам, ки кор фармоям).
Масалан, ман офаринро ба маънои таҳсин аз халқ шунидам ва дар классик дидам ва кор фармудам, аммо офаринро ба маънои «халқкунанда» кор нафармудам. Лекин рўзе дар хонаи қозӣ Шарифҷон махдум будам (чил сол пеш аз ин). Ошпаз ош мепухт, якбора меҳмонони бисьёре даромада омаданд. Ошпаз ҳамаи ошро, ки се табақ буд, кашида дод ва ҳатто барои худащ тагдегӣ ҳам намонд. Ошпаз кўкнорӣ буд, ин ҳодиса ба ў сахт алам кард ва пушт ба девор дода бо вазъияти димоғсўзӣ нишаст.
Дар ҳамин вақт маҳрами қозӣ давон омада ба ошпаз :
- Боз як табақ ош кашида диҳед! – гуфт.
-Ҳар чӣ буд, кашида додам, акнун ошофаринам-мӣ? – гуфт ошпаз дарғазаб шуда.
Гўши ман ин калимаро маҳкам ба худ гирифт. Ў (ошпаз) ин суханро тамоман дар ҷои худаш – дар аз нестӣ ба ҳастӣ овардан кор фармуда буд. Аҷаб ин ки ошпаз аз Ғиҷдувон – аз райони мо буд, бо вуҷуди ин ман ин суханро то он вақт нашунида будам. Ў тамоман бесавод буд, бинобар ин гумон намерафт, ки ин суханро аз классик ёд гирифта бошад. Пас маълум шуд, ки «офарин» ба маънои халқкунанда (аз масдари офариниш) дар забони зинда будааст. Баъд аз он ман ҳам нотарсона ин суханро ба ҳамин маънӣ кор фармудан гирифтам (дар ин воқеа тахминан чил сол шуд).
Ман қисми поинии мактубро бо вуҷуди камии вақт ва хуб набудани сиҳатам бисьёр зиёд кардам. Агар ба шумо ё ба ягон нависанда ва шоири ҷавони дигар инҳо кам ҳам бошад, фоида диҳанд, меҳнати ман барзиёд намешавад. Шумо метавонед, ки қисми поинии ин мактубро дар маҷлиси нависандагон, махсус ба нависандагони ҷавон хонда диҳед.
Ба ҳама салом, бо саломи рафиқона АЙНӢ.
24/VII-40, Самарқанд.
ПОВАРАҚ:
1 Низомӣ дар порчаи «Нишастани Баҳром рўзи сешанбе дар гунбази сурх ва афсона гуфтани духтари подшоҳи иқлими чорўм» менависад:
Рўзе аз рўзҳои даймоҳӣ,
Чун шаби тирамоҳ ба кўтоҳӣ…
Рўзи баҳрому ранги баҳромӣ,
Шоҳ бо ҳар ду карда ҳамномӣ…
Манн маънии «ранги баҳромӣ»-ро пурсида будам.
2 «Рўзи бистўми ҳар моҳи соли шамсӣ» будани «рўзи баҳром»-ро аз луғатҳо дониста навишта будам.
Ин байт аз порчаи «Ҷанги Баҳром бо хоқони Чин» аст. Дурустии маънидоди устодро байти бевосита пас аз он байт омада ҳам тасдиқ мекунад:
Оташе хост хасм, дудаш дод,
Хоби харгўш доду зудаш дод.
(Хоби харгўш додан – дар ғафлат монондан).
3 Ин байт аз порчаи «Вафоти Баҳром» аст, ки ҳангоми шикор аз дунболи харгўр асп давонда ба ғоре даромада, бедарак рафтани ўро тасвир мекунад.
4 Ин байтҳо дар порчаи мазкури «Нишастани Баҳром дар гунбази сурх…» дар таърфи духтари подшоҳи рус оварда шудаанд.
5 Ишорат аст ба китобчаи «Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино», ки дар баҳори соли 1940 устод тартиб дода буд ва дар интихоби намунаи асарҳои Абуалӣ ибни Сино нависандаи ин сатрҳо ҳам иштирок дошт.
6 Аз порчаи «Нишастани Баҳром рўзи чоршанбе дар гумбази кабуд…» (ҳикояи Моҳон). Асли байт ин аст:
То назад шоҳи шаб сипоя хеш.
Буд тарсон дилаш зи сояи хеш.
7 Аз рўи матни порча дар ин ҷо сухан дар бораи «қаҳрамони ҳикоя Моҳон меравад, лекин ба сабаби маълум набудани мазмуни боло ва поении байт устод Айнӣ
8 Ин байт ҳам аз ҳикояти Моҳон аст.
9 «Оби ҳаёт» манзумаест, ки дар соли 1939 аз тарафи Мирзо Турсунзода, марҳум Ҳабиб Юсуфӣ ва нависандаи ин сатрҳо бо сардории устод Айнӣ навишта шуда буд.
10 Ин ибора дар ҳикояти Моҳон дар байти зер омадааст:
Роҳ бардошт, медавидчу дил,
Саҳм зад з-он ҳавои заҳролуд,
11 Худи байт ин аст:
Шаҳди анҷиру мағзи бодомаш,
Саҳни полуда карда дар ҷомаш.
12 Ин таъбир дар байти зер омадааст:
Ҳафт султон даромад аз як роҳ,
Ҳафт хислат тамом бурда зи моҳ.
13 Ин мазмун дар байти зерини ҳикояти Хай рва Шар омадааст:
Гар тарошида шуд сапедии тўз,
Пиҳ дар муқла монда буд ҳанўз.
14 Оид аст ба ин байтҳои ҳикояти Хайр ва Шар:
Дод духтар ба маҳраме пайғом,
То бигўяд ба шохи некўном,
Ки шунидам, ки дар ҷаридаи маҳд,
Подшаҳро дуруст бошад аҳд.
15 Худи он байт ин аст :
Пас бифармуд то забонии зишт
Сўи дўзах давонадаш зи биҳишт.
16 Байти таърих дар чанд нусхаи дигар ин тавр буд:
Аз паси понсаду навад се фирон (ёфарон)
Гуфтам ин номаро чу номадорон.
Бинобар ин ман шубҳа карда пурсида будам.
Бознашр аз маҷаллаи «Шарқи Сурх», №4, 1958
Таҳияи Фирӯза Маҳмадҷонова,
мутахассиси Маркази такмили ихтисос
НОМАҲИ ДЕҲОТӢ БА УСТОД АЙНИРО АЗ ИН ҶО МЕТАВОНЕД ПУРРА БИХОНЕД:
Номаҳои Абдусалом Деҳотӣ ба Садриддин Айнӣ
Номаҳои Абдусалом Деҳотӣ ба Садриддин Айнӣ. Бахши дуюм
Номаҳои Абдусалом Деҳотӣ ба Садриддин Айнӣ (Бахши сеюм)
Номаҳои Абдусалом Деҳотӣ ба Садриддин Айнӣ (Охираш)
Бузургонро бузургон зинда медоранд...Устод Лоҳутӣ дар бораи устод Айнӣ