Хатми дуввимин давраи омӯзишии Таснифоти даҳгонаи универсиалӣ

Имрўз сивучор нафар кормандони Китобхонаи миллӣ, ки ахиран давраи омўзиши Таснифоти даҳгонаи универсиалӣ”-ро  хатм карда буданд, соҳиби сертификатҳо шуданд.

Дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ боз як давраи омўзиши донишҳои Таснифоти даҳгонаи унверсиалӣ ба анҷом расид. Тўли се моҳ кормандон оиди фанни ТДУ маълумот оиди муайянкунандаҳо ва шуъбаҳои таснифоти даҳгонаи универсалӣ пайдо карданд.

Аз он ҷумла шуъбаи 0-умумӣ,  1-фалсафа, равоншиносӣ,  2-Дин, илоҳиёт (типология) 3- Фанҳои ҷамъиятшиносӣ, 5- Математика (риёзиёт, динҳои табиатшиносӣ) 6- Илмҳои амалӣ, тиб, техника 7- Санъат, санъати тасвирӣ, суратгирӣ, мусиқӣ, бозиҳои варзишӣ, 8- Забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, адабиёти бадеӣ, 9-География, таърих. Шуъбаи 4- забоншиносӣ соли 1961  барҳам дода шуда, ба шуъбаи 8-филилогия ҳамроҳ карда шуд.

Дар ҷамъбасти давраи омўзишӣ бо иштироки директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода ба шунавандагон СЕРТИФИКАТИ тахассусӣ супорида шуд.

 Маврид ба ёдоварист, ки сеюмин давраи омӯзишии Таснифоти даҳгонаи унверсиалӣ дар Китобхона дар ояндаи наздик ташкил хоҳад шуд.

Ҷамшед Қурбонов,
с
армутахассиси Маркази
такмили ихтисос
.
Суратгир Хусрави Милод

Барчаспҳо: