Китобхонаи миллӣ ба Наврӯз омода мешавад

Шумори дарахтони сояафкан ва ороишӣ дар Китобхонаи миллӣ ба беш аз 750 адад расид. Ин омор пайваста дар ҳоли афзоиш аст, чун маъракаи кабудизоркунӣ ҳамоно идома дорад. Ҳоло бо фарор расидани баҳру наздик омадани Наврӯз барои зебову хушнамуд гардонидани саҳни Китобхона ва ҳотаи он гулҳои рангоранг шинонда мешаванд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қайд гардид,ки барои беҳтар намудани ҳолати экологӣ ва обод намудани гирду атрофии корхонаҳо, шинонидани дарахтони сояафкан тадбирҳо андешида шаванд. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Китобхонаи миллии Тоҷикистон тибқи нақшаи қаблан тарҳрезишуда барои боз ҳам ободу сабз кардани атрофи Китобхона иқдом кард.

Бо талоши Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода аз хоҷагиҳо ва муассисаҳои ниҳолпарварӣ беш аз 750 адад ниҳолҳои ороишиву сояафкан оварда, ба тариқи ҳашар шинонда шуд. Аз ҷумла, 66 бех туя-самаранҷи белгиягӣ, 580 бех дарахтони сўзанбарг, 50 бех мажавелник, 56 бех сарв ва зиёда аз 7000 дона гули садбарг шинонида шуд.

Аз заминҳо зиёда аз 20 мошин санг ва партовҳои гуногуни сохтумонӣ бароварда шуданд. 

Имрӯз саҳни бино ва ҳотаи он тағйир ёфтааст ва дарахтони нав ба ҳусни он ҳусни тоза зам кардаанд.

Як суннати наврӯзӣ ҳамин тозагист, чун баҳор ин худ тозакор аст ва дӯст дорад, ки ба хонаи тоза, маҳалли пок қадам ранҷа дорад.

Наврӯз сабзиву шукуфоист, аз ин рӯ одамон ба истиқболи он гул мешинонанд, то рӯйи Наврӯз гуливу диданӣ ва сабзу тар бошад. Наврӯзи сабз истиқболи сабз мехоҳад. Сабза рамзи баҳор аст, гул нишони баҳору Наврӯз аст.

Юлчибой Мўсоев, муовини сардори
Маркази такмили ихтисоси
Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Барчаспҳо: