Китобхонаҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол: Феҳристи адабиёт
Нашр шуд 2020-12-10 08:32
Соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои рушду нумўи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаи китобдорӣ шароитҳои заруриро муҳайё сохт. Қабл аз ҳама, ба тасвиб расидани силсилаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ доир ба соҳаи китобдорӣ ва бунёди навъҳои гуногуни китобхонаҳо дар ҷумҳурӣ барои роҳандозии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ва устувор гардидани фаъолияти китобдорӣ мусоидат намуд. Дар даврони истиқлол китобхонаҳо баҳри татбиқи рисолаи касбии хеш – ҷамъоварӣ, коркарду феҳристнигорӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва тарғибу ташвиқи захираи китобӣ саҳми муносиб гузоштанд.
Роҷеъ ба дастовардҳои китобхонаҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол, аз қабили, шаклгирию рушдёбии шабакаи китобхонаҳо, таҳқиқи назариву услуб, созмондиҳию идораи фаъолияти китобхонаҳо, истифодаи васоити нави иттилоотӣ коммуникатсионӣ дар кори китобхонаҳо, хизматрасонии китобдорӣ ба аҳолӣ ва дигар масоили марбут ба фаъолияти китобдорӣ, маводи зиёди чопиву электронӣ интишор ёфтанд.
Ҷамъовариву батанзимдарорӣ ва муаррифию тарғиби маводи интишорёфта – ҳадафи асосии феҳристи мазкур маҳсуб меёбад.
Феҳрист аз пешгуфтор, 7 қисм, 12 зерқисм, кўмакфеҳристҳои алифбоии асарҳо ва ашхос иборат буд, 1382 номгўи адабиёти чопию электронии ба забонҳои тоҷикӣ ва русии дар солҳои 1991 – 2016 интишорёфтаро фаро гирифтааст. Дар феҳрист унвони ҳамаи асарҳо ба забони асл тибқи стандарти маъмул тасвир шуда, мавриди таҳқиқи (de vusi) мураттиб қарор гирифтаанд. Навиштаҷоти библиографӣ ба асарҳои такроран чопшуда тибқи замони нашрашон зери як асар бо нишон додани ҳамаи манбаъҳои интишорӣ пешниҳод шудааст. Асарҳое, ки тавассути сарлавҳаҳо дарки мазмуни нашрашон душвор аст, бо тавсифҳои маълумотӣ таъмин гаштаанд. Тақризҳои марбут ба китобҳо зери ҳамон китобҳо ҷой дода шудаанд. Мавод дар қисмҳо ва зерқисмҳои феҳрист тибқи замони чопи асарҳо ва дар дохили онҳо бо тартиби алифбо ҷобаҷо гузошта шудааст.
Феҳристи мазкур бори нахуст дар асоси захираи Китобхонаи милли Тоҷикистон, нашрияҳои библиографии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории китоб (ISBN) Хонаи китоби Тоҷикистон ва веб – сайтҳои Интернет тартиб дода шудааст. Албатта дар нашри мазкур на ҳама маводи интишорёфта ворид шудаанд. Иллати асосии номнавис нашудани тамоми маводи ба мавзўъ ихтисосдошта, қабл аз ҳама, дар он аст, ки на ҳамаи маҳсулоти чопии дар қаламрави ҷумҳурӣ нашршуда аз ҷониби муассисаҳои интишоротӣ тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба ҳайси нусхаҳои ҳатмӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Хонаи китоби Тоҷикистон ворид мешаванд.
Феҳрист барои бештару хубтар ошноӣ пайдо кардани муҳаққиқону мутахассисони соҳа ва донишҷўёну омўзгорон бо адабиёти марбут ба фаъолияти китобхонаҳо, кўмак хоҳад расонд.
Ин китобро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Мавзуна Назарова