Хизматрасонӣ ба бачагон дар системаи марказонидашуда чӣ гуна бояд бошад?

Марказонидани маҷмўи китобхонаҳои бачагона ба баландшвии дараҷаи кории ҳар як китобхона оид ба тарбия ва маълумотнокии  насли наврас мадад расонида, имкониятҳои истифодабарии фонди китобиро васеъ мекунад, дар беҳтаргардонии роҳбарии хониш шароити мусоид фароҳам меоварад, системаи хизмати маълумотдиҳӣ-библиографӣ ва ахборотдиҳиро мукаммал гардонда, дар истифодабарии китобхона ба бачагон шароитҳои гуногун пайдо мекунад,  китобро ба ҷои истиқомати  бачагон наздик намуда, мутобиқнамоии корро бо китобхонаҳои мактабӣ мустаҳкам  менамояд.

Азнавсозии  кори  китобхонаҳои бачагона мувофиқи «Низомнома  дар бораи  марказонидани китобхонаҳои  давлатии оммавӣ» аз рўи  принсипи марказонидан бо роҳи ташкил намудани системаи  марказонидашудаи мустақили китобхонаҳои бачагона ва муттаҳиднамоии китобхонаҳои  давлатии бачагона  бо китобхонаҳо  барои калонсолон ба амал бароварда мешавад.

Марказонидани китобхонаҳое, ки ба бачагон хизмат мерасонанд, дар шаҳрҳо бо ду роҳ ташкил карда мешавад. Интихоби роҳи  мусоиди муттаҳиднамоӣ ба типи шаҳр ва тараққиёти шабакаи китобхонаҳои бачагона алоқаманд аст.

Ин як пора иқтибос аз китоби “Система марказонидашудаи китобхонаҳо” буд, ки соли 1980 чоп шудааст. Аз чопи китоб, чуноне дида мешавад, беш аз 40 сол гузаштааст, вале бобҳое дорад, ки имрӯз ҳам муҳиманд.

Китобро дар Китобхонаи миллӣ метавонед мутолиа намоед.

Фирӯза Маҳмадҷонова.

Барчаспҳо: