Наврўз чароғи гул ба гулзор овард...
Нашр шуд 2019-03-15 15:33
Наврўз яке аз қадимтарин, муқаддастарин ва пойдортарин ҷашнҳои ҷаҳонӣ мебошад, ки рамзи покиву озодагӣ, шодию сурур, ҳамрозӣ ва ҳамдилӣ, пирӯзии равшанӣ бар торикӣ, нур бар зулмот, зебоӣ бар зиштӣ, маърифат бар ҷаҳолат, хубӣ бар бадӣ буда, беҳтарин ва зеботарин ҷашни ориёитаборон ва ҳоло тамоми мардуми сайёра мебошад. Ҷашни Наврўз дар ҳар минтақа, навоҳӣ, деҳа, кӯча ва ҳатто хонавода бо тарзи махсуси хеш пешвоз гирифта мешавад, мусалламан суннатҳои Наврўзӣ дар ҳама ҷо риоя карда мешаванд.
Наврўз - рўзи нав, оғози соли нав, ҳаёти нав, либоси нав, фикру андешаҳои нав, ваҳдату ҳамдилӣ мебошад. Соли баргузории ин ҷашни бузург, дақиқан муайян нашудааст, вале айён аст, ки умри садсолаҳо дорад. Наврӯз акнун танҳо ҷашни ориёитаборон нест, балки ҷашни ҳамагонист, ҷаҳонист.
Наврўз расиду шоду хуррам гаштем,
Аз рафтани дай ҷумла беғам гаштем.
Дидему шунидем сад меҳнату ғам,
Охир ба гули баҳор ҳамдам гаштем.
Маълум аст, ки 23 феврали соли 2010 бо ташаббуси якҷояги Тоҷикистон, Эрон Афғонистон, Озорбойҷон дар 64-умин иҷлосияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Рўзи байналмилалии наврўз» қатъномаи ин созмони бонуфуз бо аксарияти овозҳо қабул гардида, Наврўз ба феҳристи ёдгории фарҳанги ҷаҳонӣ дохил шуд.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар ҳар кишвару маҳал ҷашни Наврўз ба тириқе сурат мегирад, ки бо анвои ойин ва расму русуми қадимаву ҳозираи ин ё он қавму қобила ва нажод ҳамоҳангу созгор меояд. Вале дар маҷмўъ рукну арзишҳои асосии Наврўз – рамзи давру бозгашти табиат, давраи умед ба беҳбудӣ, рамзи эҳё, покизагӣ ва зебоӣ дар минтақаҳои гуногун нигоҳ дошта шудаанд.
Акнун, ки замони эҳёи он ҳама некўпадидаҳои рўзгори ниёгон аст, пеш аз ҳама суннатҳои зиндагизои Наврўз эҳё мешаванд. Ва агар асрҳои аср Наврўз рамзи истиқлолияти маънавии халқамон буд. Истиқлолияти давлатиамон онро на танҳо баргардонду чун тоҷи маънавӣ бар сар монд, балки ҷаҳонӣ карду бо ҳама рамзу сарваташ ва нозу неъматаш дастрасу ҳамдами аҳли башар гардонд.
Инак Наврўз дар остонаи хонаи мо - Тоҷикистони азизамон, ки Ватани Наврўз аст, қарор гирифтааст. Хушҳолем, ки Худованд моро ба Наврӯзи дигар расонд.
Наврўз чароғи гул ба гулзор овард,
В-аз ғунчаи шабехун ба сари хор овард.
Ҳар шодии афсурда, ки дар гулшан дид,
Бозаш ба карашма ба сари хор овард.
Фирўза Маҳмадҷонова,
мутахассиси маркази такмили ихтисос