Муаррифӣ: Шариф Комилзода. Китобномаи шарҳиҳолӣ

Китобномаи мазкур осорномаи номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Ҷонишини аввали Директори Муассисаи давлатии Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Комилзода ва адабиёт роҷеъ ба фаъолияти илмию эҷодии ўро дар бар мегирад. Китобнома аз мақолаи муқаддимавӣ, ду қисм ва кумакфеҳристҳо иборат мебошад.

Мақолаи муқаддимавӣ роҷеъ ба паҳлуҳои мухталифи фаъолияти  илмию эҷодӣ, омўзгорӣ, роҳбарӣ ва натиҷаи умдатарин таҳқиқотҳои  ба анҷом расонидаи Шариф Комилзода маълумоти мушаххас медиҳад.

Дар қисми якуми китобнома асарҳои илмӣ, илмӣ-методӣ, таълимӣ, библиографӣ, маводи таҳриркардаю тартибдода, тақризу  мусоҳибаҳо ворид шудаанд.

Қисми дуюми китобнома адабиёти ба ҳаёту  фаъолияти Шариф Комилзода бахшидаро дар бар мегирад.

Китобнома 831 номгўйи маводи чопии солҳои 1979-2018 нашршударо фаро гирифтааст. Дар он беш аз 300 маводи электронии дар сомонаҳои интернетӣ интишорёфта ворид нашудаанд.

Унвони ҳамаи асарҳои ба забони асл тибқи стандарти маъмул  тасвир шудааст. Мундариҷаи асарҳои  бузургҳаҷм  ба намоиш гузошта шудаанд. Асарҳое, ки тавассути сарлавҳаҳо дарки  мазмуни нашрашон душвор аст, бо тавсифҳои маълумотӣ таъмин гаштаанд.

Мавод дар қисмҳои китобнома тибқи замони чопи асарҳо ба забонҳои тоҷикию русӣ бо тартиби алифбо ҷо ба ҷо гузошта шудааст. Тақризҳои ба китобҳо марбута зери ҳамон китобҳо ҷой дода шудаанд.

Барои осон намудани пажўҳиш дар поёни китобнома кумакфеҳристҳои алифбоии асарҳо, мавзўъҳо ва ашхос пешниҳод шудаанд.

Китобнома дар асоси нашри қаблӣ, захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва нашрияҳои библиографии Хонаи китоби Тоҷикистон тартиб дода шудааст.

Нашри мазкур симои илмию эҷодии Шариф Комилзодаро то андозае равшан намуда, ба донишҷўёну омўзгорон, муҳаққиқону мутахассисони соҳа кумак хоҳад расонд.

Таҳияи Фирўза Маҳмадҷонова             

Барчаспҳо: