Оғози давраи нави омӯзишии китобдорӣ дар Китобхонаи миллӣ

  10 - нафар  кормандони  китобхонаи  илмии  Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон  ва аз китобхонаи  Маркази  ҷумҳуриявии таълимӣ – методии ҳолатҳои  фавқулода ба як давраи  омўзишии 56 - соата тибқи  барномаи  таълимии  «Фаъолияти  китобдорӣ -  иттилоотӣ» ҷалб  шудаанд. Ин давраи омўзишӣ  дар  Китобхонаи  миллӣ оғоз  шуд ва қарор аст то аз 4 уми  ноябр то 18 соли равон  идома  кунад.

 Дар  ин давра  шунавандагон  бо КМТ, шуъбаи такмили  адабиёт, шуъбаи  коркарди  адабиёт, шуъбаи  илми – таҳқиқотӣ, шуъбаи  библиографияи  миллӣ, шуъбаи  хизматрасонии  библиографӣ, шуъбаи  адабиёти  хориҷӣ, шуъбаи  дасхатҳои  Шарқ ва  китобҳои  нодир, шуъбаи рисолаҳои илмӣ ва феҳристнигорӣ  ошно мешаванд.

 Омўзиши ин  барнома ба китобдорон  имкон  медиҳад, ки оид ба таърих, давраҳои  инкишоф, мазмуну  мундариҷаи  фонд,фаъолияти  шуъбаву  бахшҳо, сохтори  дастгоҳи маълумотдиҳӣ – библиографӣ,низоми худкори равндҳои  китобдорӣ – иттилоотӣ,  фаъолияти  илми – методӣ, нашрӣ ва тармими  ҳуҷатҳо тассавурот  пайдо намоянд.

 Солҳои охир ҷиҳати ҷалби ҷомеа ба китобу китобхонӣ ва беҳбуди кору фаъолияти  китобхонаҳои мамлакат тадбирҳои  мушаххас  андешида мешавад.

   Қабул  шудани қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи  фаъолияти  китобдорӣ»,  «Дар бораи матбуот ва воситаҳои ахбори  омма», «Дар бораи  нусхаи  ҳатмии ҳуҷатҳо», «Барномаи  рушди фаъолияти китобдорӣ дар китобдорӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикстон  барои солҳои  2015- 2020»роҳро  барои омўзишҳои фарогир боз кардаанд.

   Китобдори имрўза бояд ба ҳайси иттиллоотсоз, иттиллотрасон (интиқолдиҳандаи иттилоот), иттилоотшинос, маъмури бойгонии иттилоот, менҷери воридоту содироти иттилоот, барномарез ифои вазифа намояд.

Иҷрои ҳар як аз ин вазифаҳо аз китобдор дониши мукаммалу пайвастаи тахассусӣ, масъулияти баланди касбиро тақозо намуда, водор месозад, ки қабл аз ҳама истифодаи технологияи навро хуб донад.

 Меҳрангез Муҳаббатова

 
Барчаспҳо: