Муаррифӣ: Истилоҳшиносӣ ва истилоҳнигории тоҷикӣ

Ин китоб соли 2019 чоп шудааст. Муаллиф доктори илми филология Мирзо Ҳасани Султон аст. Дар ин раҳнамо таърих, махсусият ва вазъи имрўзаи истилоҳоти тоҷикӣ ба ваҷҳи мухтасар таҳқиқ шуда, зимнан дар 14 банд усулномаи истилоҳнигории тоҷикӣ муқаррар гардидааст.

Раҳнамо барои истифодаи мутахассисони забон ва истилоҳот, кормандони соҳаҳои мухталифи илм, устодону донишҷўёни мактабҳои олии мамлакат ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Дар муқаддимаи китоб, ки “Истилоҳоти тоҷикӣ” номида шудааст, муаллиф менависад:Таркиби луғавии ҳар кадом забон дар баробари калимаҳо ё вожагони маъмулу мустаъмали забони адабӣ, ҳачунин аз истилоҳот (маҷмўи калимаву ибораҳое, ки мафҳумҳои илмиро ифода мекунанд) ва номвожагон (маҷмўи калимаву ибораҳое, ки номҳои ҷуғрофӣ, нуҷумӣ, наботот, ҳайвонот, маъдану филизот ва ғайраро ифода менамоянд) иборат мебошад.

Калимаҳо унсури асосиву аввалияи ҳар як забон буда, аз нигоҳи забоншиносӣ муҳимтарин аҷзои ифодаи забонӣ ба ҳисоб мераванд.

Аммо истилоҳ ба андешаи муҳақиқон калимаи хос, саҳеҳтараш калимаи дорои вазифаи хос аст. Вай калима ё ибораест, ки тобиши махсуси маъноии илмӣ дошта, дар ҳавзаи амалкарди як илми мушаххас мафҳуми муайянеро ба шакли муҷазу дақиқ ифода мекунад. Бояд таъкид кард, ки ҳангоми маънои истилоҳӣ пайдо кардани калима ва ё вожа ҳамаи маъниҳои дигари он қатъи назар мегардад.

Хар чиз ки ба таъйину таҳқиқи мафҳуми истилоҳ, таҳаввули такомули он дар забон алоқаманд аст, илми забоншиносиро ба соҳаҳои дигари илму маърифат, ба таърихи моддиву маънавии инсоният пайванд медиҳад.

Агар ба таъйини фалсафии мафҳуми истилоҳ назар афканем, хоҳем дид, ки аз ин нуқтаи назар мафҳуми истилоҳ ду ҷиҳат дорад:

Якум, асоси таъйину ифодаи фалсафии мафҳуми истилоҳро аломати моддияти он ташкил медиҳад, яъне ба воситаи истилоҳ дар шакли моддӣ натиҷаи тафаккур ифода меёбад.

Ин китобро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Дилноза Ғаниева

Барчаспҳо: