Тоҷикистон, зиндаам бо бӯи ту...

Ҳам шоир аст, ҳам олим ва ҳам файласуф. Хеле пажуҳишҳои ҷолиби илмӣ аз таърихи гузашта ва фалсафаи ниёгон дорад. Ҳамсуҳбати дилнишин ва соҳибназарест.

Назри Яздонӣ 18 августи соли 1949 дар ноҳияи Сангвори  Вахё (ҳозира Тавилдара) таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.

Соли 1953 ба ноҳияи Сталинобод (Рудакии ҳозира) кучида омада, дар деҳаи Маҳмадшоҳ маскун шудааст. Таҳсили ибтидои ва миёнаро дар ҳамин ҷо - деҳаи Маҳмадшо, колхози Коммунизм, ноҳияи Рудакӣ ба анҷом расонидааст. Баъди хатми мактаби миёна, як сол дар корхонаи пахтаи Айнӣ бо ҳайси коргари оддӣ кор кардааст.

Соли 1967 ба Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Душанбе  факултети забонҳои хориҷӣ дохил шуда, соли 1971 онро хатм намудааст. Дар даврони донишҷўи аввалин шеъру мақолаҳои илмиаш ба чоп расиданд.

Баъди хатми Донишгоҳ ба Шуъбаи фалсафа, бахши таъсири фалсафа, Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор омад. Соли 1981 дар Алма-Ато дар мавзўи “Фалсафа Ибни Сино дар «Ишорот ва танбеҳот» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.

Соли 1981 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси мудири шуъбаи равобити адабӣ даъват шуда дар ин вазифа то соли 1991 фаъолият кард. Аз соли 1991 ба Кумитаи оид ба корҳои дин дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба сифати мудири шуъбаи назорат ва ҳамоҳангӣ то соли 1999 кор кард. То имрўз комилан ба кори илмиву эҷодӣ машғул аст. Аз забонҳои русӣ, инглисӣ, арабӣ, ўзбекӣ, урду, украинӣ тарҷума мекунад. Аввалин шоирест, ки аз забони инглисӣ мустақим ба тоҷикӣ тарҷумонӣ кардааст.

Осори зиёди публитсистӣ дорад. Муддати панҷ сол барномаи мустақили «Асолати миллӣ», Худшиносии миллӣ»-ро дар шабакаи аввали радиои давлатии Тоҷикистон бурдааст.

Ҳоло дар баробари эҷоди шеър тадқиқоти фалсафиву фарҳангӣ дар самтҳои ташаккул ва такомули маънавиёти тоҷик дар масири адолатгароён (Пешдодиён), маърифатпешагон, исломӣ, тамаддунҳо (исломӣ, насронӣ, ҳиндӣ) сурат мегирад.

Соли 2011 бо Ордени «Шараф» дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуд.

Соли 2014 бо унвони «Шоири халқии Тоҷикистон» мушарраф гардидаанд.

 

Аз Назри Яздонӣ ва дар бораи ӯ метавонед ин асарҳо ва мақолаҳоро дар Китобхонаи миллӣ бихонед:

 

Меҳрбон: Маҷмўаи ашъор. – Душанбе: Адиб, 1990. – 80 с.                            

Тоҷикистон беҳтар аз ҷон: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1999. – 80 с.   

Нурборон: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Нодир, 2000. – 202 с.

Дилнигора. – Душанбе: Деваштич, 2006. – 237 с.

Нурполо: Маҷмўаи ашъор / Муҳаррир З. Абдулло. – Душанбе: Адиб, 2009. – 264 с.

Ҳикмати озодагон. – Душанбе, 2009. – 276 с.

Таронаҳои ҳамдилӣ: Робитаҳои адабӣ // Адабиёт ва санъат. – 1985. – 27 июн.

Сухан; Санги Ватан: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 12 июл.

Номаи зарафшон: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1987. – 1 феврал.                  

Сарбози рўзгор: Ба зодрўзи Ҷорҷ  Байрон 200 сол пур шуд // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 22 январ.         

Сияҳнома: Шеър // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1989. – 3 феврал.

Ширинсухан, ширинбадан: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 23 март.

Хўшаи ангур: Шеърҳо // Садои Шарқ. – №12. – С.83-84.

Қатрае аз оби ноби Тоҷикистон; Ғарқи ҳавас; Ганҷи шойгон; Овора; Зарфи шишагӣ: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 1990. – 11 октябр.

Зиндаҷудо; Забони модарӣ: Шеърҳо // Чашмасор. – Душанбе: Адиб, 1990. – С. 66-67.

Хайр мактаб хайра мақдам зиндагӣ: Шеър // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1991. – 20 июн.

Осмон эй осмон; Вой ҷонам: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 1991. – 15 август.

Тоҷикистон,беҳтар аз ҷон; Оши ҳалол; Парешонӣ: Шеърҳо // Диёри мардумони сарбаланд. – Душанбе: Вазорати фарҳанг, 1997. – С.196-200.

Орёни бостонам Тоҷикистоно ҷавонам…: Шеърҳо // Садои мардум. –2001. – 16 июн.

Масъуди бе чуну чаро; Ёвон ҷонай, ки пистаи хандонай;  Шеърҳо // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2002. – 22 феврал.

Бузургон бузургонро мешиносанд.:  Сатрҳои ихлос ба ёди қаҳрамонони Тоҷикистон, Академик Бобоҷон Ғафуров // Садои мардум. – 2002. – 16 феврал.

Авесто, занд Авесто. Зинда Авесто: Эссеи фалсафӣ // Садои  Шарқ. – 2005. – № 10-12. –  С. 73-92.

Масъалаи нур дар осори Ибни Сино // Тезисҳои маърўзаҳои конфренсияи байналмилалии илмӣ (Абуалӣ Ибни Сино ва тамаддуни ҷаҳон). – Душанбе: Дониш, 2005. – С. 39-42. 

Офарин ба ҷонат…   Шоир Fоиб Сафарзода  // Адабиёт ва санъат. – 2010 . – 18 феврал.

Рўди сайҳун; Орифнома; Гуламро гилнишин кардӣ, чӣ кардӣ // Фирўза. – 2011. – №5. – С.14.

Ифтихор; Ганҷи азиз; Сайри гули бодом; Хусравонии Ҳисор; Наврўзи ҷаҳонӣ; Ҷилваи баҳор…: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 13 феврал.

Садои Ваҳдат: Шеър // Садои Шарқ. –  2015. – №6. – С. 3-13.

Найнавози сарбурида [Матн]: Шеър бахшида ба устоди зиндаёд Одина Ҳошим // Адабиёт ва санъат. –  2015. –  21 май.

Анҷумани XIV нависандагони Тоҷикистон : Фикру андешаҳои муаллиф аз анҷумани XIV нависандагони Тоҷикистон // Адабиёт ва санъат. –  2015. –  26 июн.

Шеъри ватаншиносӣ: Маълумоти мухтасар аз ашъори шоири шинохта Муҳтарам Ҳотам // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2016. – 7 апрел.

Яздонӣ, Н. Алифбои ватансозӣ: Доир ба ҳисси ватандўстӣ ваҳисси худогоҳии мардум // Ҷавонони Тоҷикистон. –  2017. –  25 май.

Дар бораи Назри Яздонӣ

Ҷодаи мо-роҳи қонунпешагон: Оиди эҷодиёти шоири шинохтаи тоҷик Назри Яздонӣ // Садои мардум. – 2007. – 8 декабр.

Раҳматуллоев, Назрулло: Оиди ҳаёт ва фаъолияти Шоири халқии Тоҷикистон // Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. – Душанбе: ЭОДДМТ. – 2008. – С. 254-255.

Ҳотам, М. Дардиёр: Роҷеъ ба баъзе паҳлуҳои эҷодиёти Шоир Назри Яздонӣ // Садои мардум. – 2014. – 18 август.

Унвон ва ҷоизаҳои давлатӣ муборак! : Бо унвони Фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, шоири маъруфи Ҷумҳурӣ Назрулло Раҳматуллоев, маъруф бо тахаллуси Назрӣ Яздонӣ сазовор дониста шуд // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 1 сентябр.

Суҳбат бо Назри Яздонӣ ин ҷост: Муҳаббат метавонад дар вуҷуди як инсони бемаърифат ҳам бошад

Таҳияи Бибикубрия Қурбонова
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ