Дар Китобхонаи миллӣ дуюмин рӯзи нишасти сарварони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви СҲИ ба кор оғоз кард

 

Лаҳзае пеш дар Китобхонаи миллӣ чорумин нишасти раисони китобхонаҳои миллии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) оғоз шуд. Ин дуюмин рӯзи ҳамоиш аст, ки қарор аст баъд аз зуҳр бо имзои ячанд санадҳои ҳамкорӣ ба кори худ поён диҳад.

Дар нишасти субҳгоҳӣ масъалаи роҳандозиисомонаи китобхонаҳои миллии кишварҳои узви СҲИ ва мубоҳисот оид ба таркиби он мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад.

Ҳамчунин имрӯз миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Туркия, Китобхонаи миллии Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум ба имзо мерасад. Ин аввалин бора аст китобхонаҳои ёдшуда да заминаҳои гуногун ҳамкориҳо ба роҳ мемонанд.

Дар нимаи дуюми рӯз бахши фарҳангии СҲИ ду китоби тозачопи худ “Як байти парниён” ва “Бозгашти Хоҷа Насриддин” (муаллиф Темур Зулфиқоров)-ро муаррифӣ мекунад.

Дар поёни ҷаласа ширкаткунандагон замон ва макони баргузории ҷаласаи панҷуми раисони китобхонаҳои миллии кишварҳои узвро муайян мекунанд.

Ҳамчунин тибқи барнома гузориши видеоии намояндаи доимии ЮНЕСКО дар Теҳрон хонум Лароше дар назар аст.

 

Барчаспҳо: