Миллат боз ҳам бояд якдил бошад, то душманон натавонанд ноамниро ба нафъи худ истифода кунанд
Нашр шуд 2018-07-31 18:22
Имрӯзҳо ҳодисаи дар қаламрави ноҳияи Данғара рухдода мағзҳои бедори миллатро ором намегузорад. Тоҷикистони орому босуботро дар ин рӯзҳо як боди ноамнӣ қариб буд ба гирдоб печад. Қотиле чанд, ки акнун мансубият ва ҳуввияташон маълум шудааст, бо кор гирифтан аз амалҳои тарҳрезишудаи террористӣ ҳамла ба ҷони сайёҳони хориҷӣ аз кишварҳои Амрикову Аврупо карданд, то обрӯи байналмилалии кишвари маҳбуби моро резанд, талошҳои сулҳпарваронаи Пешвои миллатро пеши чашми ҷаҳониён хира созанд. Бехабар аз он ки Тоҷикистон мардони бедору нерӯи басиҷ ва пуртаҷриба дорад, ки дар замони кӯтоҳ ҳар гуна талоши бенизом кардани ҷомеро хунсо ва омилонашро боздошт мекунанд.
Ба ақли инсонӣ рост намеояд, ки чанд тани аз дину оин бехабар дар рӯзи равшан даст ба қатли афроде мезананд, ки ба орзуи тамошои Тоҷикистон офтобманзар омадаанд, то аз табиати нотакрори он ва мардумони меҳмоннавозаш бо худ хотироти хуш баранд. Дар соле, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Соли рушди сайёҳӣ эълон шудааст, роҳандозӣ кардани чунин амалиётҳои хасмона душмание ба миллат ва кишвари маҳбуб беш нест.
Ҳоло ки ин сатрҳоро менависем, мебинем, ки ҳуввияти ин террористон маълум шудааст. Мо акнун медонем, ки ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ боз ба як тавтиа даст задааст ва ин амали ноҷавонмардона аллакай ҷони ҷанд нафарро гирифт. Агар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сари вақт даст ба амалиёт намезаданд, кӣ медонад ин хуношомон боз даст ба кадом кирдорҳо намезаданд.
Дар аввал гумони ҳама бар ин буд, ки дар ҳақиқат ин кори ДОИШ аст, чун расман эълон кард, ки сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистоонро маҳз бо дастури ин созмони террористӣ куштаанд. Вале мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мӯйро аз хамир ҷудо карданд ва маълум шуд, ки кори дасти ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки сарварону фаъолонаш ҳоло дар хориҷи кишвар ба сар мебаранд. Гузашта аз ин афроди даст дошта дар ин амали террористӣ таҳсилкардагони Эрон буда, дар он кишвар омӯзиш ҳам дида буданд.
Тоҷикистон чун қурбонии терроризм ин амали ноҷавонмардонаро дар ҳар нуқтаи олам, ки рух диҳад, маҳкум менамояд. Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин соатҳои ин рӯйдод бо ирсоли арзи тасаллият ба Президенти ИМА Доналд Трамп, подшоҳи Шоҳигарии Нидерландия Виллем-Александр ва Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ален Барсе аз фоҷеа изҳори таассуф карда, ҳамзамон хабар доданд, ки “ҷиҳати муайян кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин амали золимона хадамоти дахлдори кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд”.
Тафтишот пурра ба анҷом нарасидааст, мо ҳоло аз аввали он расман огоҳ шудаем ва шояд ҷузъиёти бештаре фош мешавад. Гурӯҳи террористӣ ҳадаф дошт бо ин васила вазъи Тоҷикистонро барои гардишгариву сайёҳӣ ноамн ҷилва диҳанд. Кишвари азизи мо бо сарварии Пешвои миллат ният дошту дорад, ки имкониятҳои сайёҳии худро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад. Мо ҷиддан мехоҳем дарҳои худро ба рӯи меҳмонони хориҷӣ боз намоем ва соҳаи сайёҳиву ҷаҳонгардиро ривоҷу равнақ диҳем.
Умедворем душманони дохиливу хориҷӣ ба ниятҳои нопоки худ намерасанд ва барном аҳои созандаи Ҳукумати мо амалӣ мешаванд.
Маъмурият ва кормандони Китобхонаи миллӣ ин амали ноҷавонмардонаи террористиро шадидан маҳкум намуда, аз мардуми шарифи кишвар мехоҳанд дар атрофи Пешвои муаззами миллат бетар аз пештар мустаҳкамтар гирд оянд ва нагузоранд, ки ин суботу амният халалдор гардад.
Абдусалом Мирализода,
Директори Китобхонаи
миллии Тоҷикистон