Тафреҳ: Як ғазали дилчасп аз Хоҷа Ҳофиз

Биёву киштии мо дар шати шароб андоз,
Хурӯши валвала дар ҷони шайху шоб андоз.

Маро ба киштии бода дарафкан, ай соқӣ,
Ки гуфтаанд: накӯӣ куну дар об андоз.

Зи кӯи майкада баргаштаам зи роҳи хато,
Маро дигар зи карам дар раҳи савоб андоз.

Биёр з-он майи гулранги мушкбӯ ҷоме,
Шарори рашку ҳасад дар дили гулоб андоз.

Агарчи масту харобам, ту низ лутфе кун,
Назар бар ин дили саргаштаи хароб андоз!

Ба нимишаб агарат офтоб мебояд,
Зи рӯи духтари гулчеҳри раз ниқоб андоз!

Маҳил, ки рӯзи вафотам ба хок биспоранд,
Маро ба майкада  бар, дар хуми шароб андоз!

Зи ҷаври чарх чу Ҳофиз, ба ҷон расид дилат,
Ба сӯйи деви миҳан новаки шиҳоб андоз!

Барчаспҳо: