Хорро гулзор кардӣ, зинда бош!

Имрӯз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Рӯзест, ки бори дигар сокинони кишвар аз корномаҳои ин марди огоҳу шариф ва ин сиёсатмадори борикбину донишманд ёд мекунанд.

Инсоне, ки миёни дуду одаш тарҳи сулҳу оштӣ кашид ва муваффақ шуд. Самараи ҳамин талошҳо буд, ки кишвар аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Миллат аз хафви беватанӣ раҳо ёфт.

Мо аз ин рӯз бо шеърҳои шоиронамон ёд мекунем. Ашъоре, ки саршор аз муҳаббат будаву дар солҳои гуногун аз ҷониби шоирони машҳурамон суруда шудаанд.

Лоиқ

Аҳди мардона

Имоми ду тарафро мекунам табрик,
Ки тоҷик мешавад назди бо тоҷик!

Таззод инҷо, таззоди вақт ҳам ин ҷост,
Ки бо тоҷик тоҷик мешавад наздик.

Имоми дутарафро мефишорам даст,
Ки пай бурдан бар ин нуктаи борик,

Ки  андар оштӣ оши ҳалоли халқ,
Ки андар оштӣ дарҷ аст рӯзи нек.

Чу донистанд, к-андар паҳнаи гетӣ
Ки будасту кӣ дод ин ҷангро таҳрик,

Бародарвор роҳи нурро ҷустанд,
Ки фардоро раҳонанд аз шаби торик.

Кунун оғози сулҳ асту рафоҳи халқ
Бувад ояндаи пурнурамон наздик!

Ба ин азми қавию аҳди мардона
Имоми дутарафро мекунам табрик.

Имоми дутарафро мекунам табрик
Ки тоҷик мешавад наздик бо тоҷик!

Ашӯр Сафар

Ҷома

Ҷомаи сулҳ ба тан омадаӣ,
Ба даҳан қанди сухан омадаӣ.

Ба замин не, ба ҳаво не, ба куҷо?
Сарсари дидаи ман омадаӣ.

Ин қадар ҷома туро зеб диҳад,
Ба рухат акси рухат себ диҳад.

Ба нигоҳам қадамат гулбез аст,
Дар бағал боғу чаман омадаӣ.

Ҷомаи тоза муборак бошад,
Ҳусни шероза муборак бошад.

Раҳи пурнур дар он метобад,
Зи раҳи нурфикан омадаӣ.

Ба ҳамин ҷома дигар банд миён,
Ҷомаро дор нигоҳу мадарон.

Сари ҳар риштаву кӯкаш бахт аст,
Бахт дар бар ба Ватан омадаӣ.

Ҷомаи сулҳ панаҳҷо бар мо,
Қимат аз сарвати дунё бар мо.

Шарафат бод, ки ҳиммат карда,
Зӯр ба ҳиллаву фан омадаӣ.

Тирамаҳ ранги баҳорон бигрифт,
Зиндагӣ аз сари нав ҷон бигрифт.

Оби ҷӯ соф шуд аз  хуноба,
Марҳами реши баданд омадаӣ.

Ҷомаи сулҳ ба тан омадаӣ,
Ба даҳан қанди сухан омадаӣ.

Ба замин не, ба ҳаво не, ба куҷо?
Сарсари дидаи ман омадаӣ.

Гулназар Келдӣ

Нозиш

Хорро гулзор кардӣ, зинда бош!
Муштро хирвор кардӣ, зинда бош!

Хобро бедор кардӣ, зинда бош!
Бо ту менозад Ватан, бо ту Ватан.

Ту хазонро навбаҳор омӯхтӣ,
Мустамандиро виқор омӯхтӣ.

Нобарориро барор омӯхтӣ,
Бо ту менозад Ватан, ту бо Ватан.

Чун гираҳ раҳро кушодӣ сӯ ба сӯ,
Об гаштиву бирафтӣ ҷӯ ба ҷӯ.

Муждаи сабзиш расондӣ кӯ ба кӯ,
Бо ту менозад Ватан, ту бо Ватан.

Буда эъҷози ту эъҷози Ватан,
Авҷи парвози ту парвози Ватан

Мавҷи овози ту – овози Ватан
Бо ту менозад Ватан, ту бо Ватан.

Тоҷикистон сарбаланд асту ту низ,
Кишвари оламписанд асту ту низ.

Зери гардун бегазанд асту ту низ,
Бо ту менозад Ватан, ту бо Ватан.

Камол Насрулло

Табрикот дар рӯзи муборакашон

Эй ки ҳусни рӯзгорӣ, зинда бош!
Файзу эҳсони баҳорӣ, зинда бош!

Зодрӯзат зодрӯзи бахти мост,
Эй ки моро зинда дорӣ, зинда бош!

Зодрӯзат зодрӯзи миллат аст,
Эй ки эҳёи диёрӣ, зинда бош!

То шаби моро мунаввартар кунӣ,
Шаб ҳама шаб зиндадорӣ, зинда бош!

Ҳамчунон оби зулоли меҳанат,
Ташнаро миннат гузорӣ зинда бош!

Ҳамчу оби обшорони баланд
Поку бе гарду ғуборӣ, зинда бош!

Дӯстат доранд мардум, чунки ту,
Халқи худро дӯст дорӣ, зинда бош!

Эй фидоят ҳастии мо, баҳри мо,
Ҳастиятро месупорӣ, зинда бош!

Ҳамчу рамзи ишқи волои Ватан,
Ҳамчу рамзи дӯстдорӣ, зинда бош!

Эй ки андар саҳнаи саҳни ҷаҳон,
Бо фару бо эътиборӣ, зинда бош!

Аз ҳама фархундаву фарзонагон,
Як нишони ёдгорӣ зинда бош!

То ки тоҷи тоҷиконро аз фано,
Боз ҳам эмин бидорӣ, зинда бош!

Ато Мирхоҷаи Нерӯ

Ҳавое, ки мапарварад ҷон, ҳамин аст,
Ҳиҷозе, зи эъҷози Раҳмон ҳамин аст.

Чу Одам фитодан ба дунёи ваҳшӣ,

Дар он зистан ҳамчу Инсон ҳамин аст.

Чу Нӯҳи набӣ сохтан киштӣ аз хеш,

Гузаштан зи дарёи тӯфон ҳамин аст.

Чу Мусо асо ёфтан аз садоқат.

Буридан бад –он оби Уммон ҳамин аст.

Чу Исо барои гуноҳи ҳама халқ

Намудан сари хеш қурбон, ҳамин аст.

Бироҳим гаштан, шудан андар оташ,

Зи гулхан кашидан гулистон, ҳамин аст.

Ба кунҳи Муҳаммад расидан ба таҳқиқ,

Расидан ба маънии имон ҳамин аст.

Тараҳҳум ба махлуқи Яздон, тараҳҳум

Ки Инҷилу Тавроту Қуръон ҳамин аст!

Алорағми Тоғут чун Бӯҳанифа

Нишастан дар ишкели зиндон ҳамин аст.

Ҷаҳон сер кардан зи номуси мардӣ,

Ба андарзи мӯри Сулаймон, ҳамин аст.

Ба мардум чу Хизри паямбар ҳама умр,

Намудан раҳи оби ҳайвон ҳамин аст.

Наолудани номи поки Алиро

Ба рағми бади номусалмон ҳамин аст.

Қасам бар забардастии Рӯдакиам,

Ки қудсияти Оли Сомон ҳамин аст!

Қасам бар дили поки Мавлои Румӣ,

Ки мақсуди таълими ирфон ҳамин аст.

Қасам бар фари Носири Хусрави пок,

Ки ҷонро супурдан ба ҷонон ҳамин аст.

Қасам бар муноҷоти Саъдии Шероз,

Ки буйи “Гулистон” –у “Бустон” ҳамин аст.

Қасам бар каромати девони Ҳофиз,

Ҳама рози шабзиндадорон ҳамин аст.

Қасам бар дилафрӯзии ақли Айнӣ,

Таманнои марди сухандон ҳамин аст.

Набигрифтани миннати душману дӯст,

Ба худ такя кардан чу риндон, ҳамин аст.

Чу Асҳоби Каҳф андаруни мағоке,

Нахуфтан аз ошӯби даврон, ҳамин аст.

Пушаймон шудан аз накардан ҳама умр,

Нагаштан зи кардан пушаймон, ҳамин аст.

Ба монанди Данко дил аз сина кандан,

Раҳи халқ кардан фурӯзон, ҳамин аст.

Фурӯ рафтан андар хати “Шоҳнома”,

Аз он сохтан Тоҷикистон ҳамин аст!                     

Озарахш

Шодбод

Соғар биёвар, соқиё, соғар биёвар, соқиё,

Хуршеди шодӣ кард рӯ бар маҳфили аҳли зиё,

 

Шоҳе зи шоҳӣ ёд кард, хешогаҳӣ эҷод кард,

Тоҷи каёнӣ зад ба сар аз партави тоҷи киё.

 

Болида ба аҷдоди худ, нозида аз авлоди худ

Орӣ зи ину он бишуд бо ору фарри ориё.

 

То хешро пайдо намуд, таърихро эҳё намуд

Яъне нигоҳи тоза кард, сӯйи худ аз сӯйи ниё.

 

Инҷо сухан аз одамист аз ҳамдиливу ҳамдамист,

Инҷо биёӣ, хуш биё, ҳамдил биё, ҳамдам биё!

 

Ин ҷост руҳи Рӯдакӣ, ҳамроҳи ёрони закӣ,

Бо рӯди сози тоҷикӣ, аз чашмасози мӯмиё.

 

Инҷост мулки қаҳрамон, аз шоирону олимон,

Инҷо ба сӯйи ростӣ, роҳест бе рӯву риё.

 

Даврони мардони ҳунар, дар Тоҷикистони ҳунар,

Гардон чу чархи осиё, дар сарзамини Осиё.

 

Ин ҷо Имоми миллате, гӯяд зи номи миллате,

Шукри зиёи кибриё в-аз анбиёву авлиё.