Даргузашти ҳамкори 55-солаи мо. Рӯҳаш шоду хонаи охираташ обод бод!

Кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз даргузашти бармаҳали сармутахассиси шуъбаи коркарди адабиёт Амонбекова Марзия Назархудоевна андӯҳгин буд, ба пайвандон, дӯстон ва бастагони марҳум изҳори ҳамдардӣ мекунанд. Аз даргоҳи Худованди меҳрубон барои марҳум хонаи ободи охират ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил хоҳонанд.

Амонбекова Марзия Назархудоевна 6 июли соли 1963 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1980 мактаби миёнаро хатм намуда, ҳамон сол ба факултаи китобдор - библиографи Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, соли 1987 онро хатм намудааст. Аз соли 1981 ба ҳайси комутатор (АТС) –и шаҳри Душанбе ба кор даромадаст.

Шурӯъ аз соли 1982 то соли 1985 дар Китобхонаи  ҷумҳуриявии ба номи А. Фирдавсӣ кор кардааст ва аз соли 1986 муддате корманди идораи сӯхторхомӯшкунии шаҳри Норак будааст.

Солҳои 1989 - 1993 дар омӯзишгоҳи № 59 шаҳри Турсунзода ба ҳайси мудири китобхона кор кардааст.

Аз соли 2010 то ҳамин шабу рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  фаъолият мекард.  

Марзия Амонбекова дар ёду хотири ҳамкоронаш чун шахси дилсӯзу меҳрубон, инсони шоистаи иззату икром ва дӯсту ҳамкори қадршинос боқӣ мемонад.

Хонаи охираташ обод бод!