Робияи Холмирзо меҳмони маҳфили «Дар суҳбати адиб»
Нашр шуд 2017-02-10 18:32
Баъди зуҳри имрӯз, 10-уми феврал бо ҳузури густардаи кормандони Китобхонаи миллӣ, хонандагон ва зумрае аз адибон ва мунаққидони шинохта маҳфили адабии “Дар суҳбати адиб” бо ширкати шоираи хушзавқ Робияи Холмирзо баргузор шуд.
Маҳфил бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуд ва ба Соли ҷавонон бахшида шуда буд.
Салима Раҷабова, муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар сухани муқаддамотии худ дар бораи Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 нақл кард ва гуфт: “Имрўз ҷавонон нерўи созандаву пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд. Дар ҳамин даврае ки мо қарор дорем, бояд хеле ҷиддӣ ва мулоҳизакор бошем. Ҷавононро месазад, пайваста пайи илмомўзӣ гарданду зиракии сиёсии хешро аз даст надиҳанд. Ҷавонон бояд баҳри рушду суботи кишвари хеш пайваста талош намуда, барои ободиву озодии ин кишвари хеш саъй намоянд. Зеро ояндаи ин кишвар маҳз дар дасти ҷавонон аст”.
Робияи Холмирзо дар оғоз дар бораи худ ва аввалин шеърҳояш ҳикоят кард. Шеърҳои тозаи худро хонд, бо хонандагони ашъораш дар маҳфил вориди муколама шуд.
Шоир ва муҳаққиқи барҷаста Аскар Ҳаким ва мунаққиди варзида Мубашшири Акбарзод ашъори шоираро аз нигоҳи сабки баён, шеърият таҳлил карданд.
Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Гулов Сангин, ки аз ҳамсабақони шоира будааст, хотироташро аз замони донишҷӯӣ нақл кард ва дар бораи шеърҳои аввалини шоира ва маъруфияташ миёни донишҷӯён ҳикоят намуд.
Шоираи Раҳимҷон, ки низ дар маҳфил ҳузур дошт, дар бораи Робияи Холмирзо гуфт:
“Ростӣ, дар тайи чанд соли ахир аввалин маҳфили адабиеро мебинам, ки мардум инқадар сарҷамъанду бодиққат гўш доранд ва дар баробари ин шеъру тарона мехонанд. Шеърҳои Робияро сарояндагони машҳури мо оҳанг бастаанд. Бубинед, ҳамон суруди машҳури Манижаи Давлат, ки бо якҷоягӣ бо Ҳабиб Ҳакимов “Зи чашмони ту метарсам”, сароидаанд, моли ҳамин шоираи хушгуфтори мост. Аз сурудани ин суруд солиёни зиёде гузаштааст, вале ҳамоно аз даҳони мардум ин суруд пайваста садо медиҳад. Яъне, матни худи суруд хеле олӣ аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки шеърҳои эҷоднамудани Робияи мо мазмуни хеле баланду олӣ доранд”.
Дар хотима мухлисони ашъори шоира аз ашъори ӯ шеърҳо қироат карданд.
Ёдовар мешавем, ки Робияи Холмирзо дар деҳаи Баҳористони ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ ба дунё омадааст. Мактаби № 3-и зодгоҳ ва риштаи рўзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Муалифи ду китоб: “Атри алам” (соли 2003) ва “Вақте ки ангурҳо ранг меоранд” (соли 2007) мебошад.
Баъди хатми донишгоҳ дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” кор кардааст. Ҳоло сардабири маҷаллаи адабӣ-бадеии Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонону наврасон “Истиқбол” мебошад.
Фарзонаи МИРЗО